Тавре Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, санаи 17 майи соли 2022 ҷонибдорони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади ғаразнок ва халалдор гардонидани вазъи сиёсию ҷамъиятии вилояти Бадахшон шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Қулмаро дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Рӯшон, ки дар назди хатти сарҳади давлатӣ воқеъ гардидааст, ғайриқонунӣ бастанд.

Тибқи маълумоти мақомот амали ғайриқонунии содиркардагони ҷиноят бо дастгирии дигар гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ сурат гирифтааст. Онҳо ҷониби ташкилотҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ таъмин гардида, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ, ҷонибдорони зархариди хориҷиро низ ҷалб намудаанд.

Амалҳои мазкури содиркарда барқасдона ба муқобили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бораи ихтиёран супоридани силоҳу лавозимоти ҳарбӣ итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.

Тафтишоти пешакӣ дар таркиби амалҳои содиркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар ноҳияи Рӯшон маълумоте пайдо кардаанд, ки онҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардида, дар маҷмӯъ, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой дорад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, риояи волоияти қонун тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарор намудани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Қулма дар роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.

Дар вазъияти ниҳоят мураккаби байналмилалӣ ва минтақавии имрӯза, ки бешубҳа, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро мерасонад, ташкилу баргузории тазоҳуроте, ки дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯшон ва дигар ноҳияҳои он рух дода истодаанд, вазъиятро боз ҳам мураккаб менамояд. Аз чунин раванди баамаломада душманони дохилию хориҷӣ ва дигар гурӯҳҳои манфиатхоҳ фаъол гардида, бо дахолати худ вазъиятро ҳарчи бештар тезутунд мегардонанд. Дар маҷмӯъ, чунин рафтору муносибати кӯтоҳандешона аз он шаҳодат медиҳад, ки як қисми ҷомеаи кишварамон аз ҳодисаҳои мудҳишу оқибатҳои майдонишинӣ, даъвоҳои манфиатхоҳии солҳои 1991–1996 дарси ибрат нагирифтанд.

Дар ин вазъияти ҳассоси глобалӣ ҳар як фарди ватандӯст дар чунин лаҳзаҳои мушкилу тақдирсоз манфиати имрӯзаву ояндаи тақдири Ватану миллаташро аз манфиатҳои шахсӣ гурӯҳию ҳизбии манфиатҷӯ боло бояд гузорад.

Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи зиндагӣ гармию сардиҳо бозиҳои сиёсии зиёдеро дидаам. Бо дарназардошти ин аз ҳамватанони азизи худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус мардуми шаҳри Хоруғ, Рӯшон даъвати холисона ва дӯстона менамоям, ки хиради волои миллии тамаддуни таърихидоштаи аҷдодони худро пос дошта, сабру тамкинро истифода карда, бо роҳи созишу гуфтугую гузаштҳо ба сулҳу амният даст ёбед, на бо усули ташкил намудани эътироз, гузоштани шартҳои гуногуни низоъангез барои амалӣ гардонидани ҳадафи дигар манфиатҷӯёна. Бояд мою Шумо Ватани худро бо заҳмати ҳалолу самаранок, бо истифодаи панду ҳидоятҳои бузургони гузашта, обод зебо гардонем. Наход, ки бо дасисаи ситезагарон ба эҳсосот роҳ дода, диёрамонро бо дасти худамон вайрон карда, ба вазъияти буҳрони гирифтор намоем.

Таҷрибаи давлатдорӣ дар масири таърих ҳолатҳоеро ёд дорад, ки давлатҳое муваффақу пешрафта шудаанд, ки Ваҳдати миллӣ ва амнияту суботи кишвари худро аз ҳама манфиатҳои ғаразнок боло гузошта, осоиштагии мардуми худро таъмин карда тавонистанд.

Вазъи буҳроние, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки хиради инсонӣ, адолату хайрхоҳиро истифода карда, ба ҳамдигар гузашт намуда, беш аз беш муттаҳид шуда, аз амнияту Ваҳдати миллии кишвар ҳамчун арзишҳои гаронтарини миллӣ дифоъ намоем.

Ҳамватанони Бадахшонии ман, азизони дилу дида, Шуморо даъват менамоям, ки ба хотири якпорчагии марзу бум ва поси хотири ҷавонмардони таърихии ин диёр баҳри таъмини амнияту суботи Тоҷикистони азиз, нигоҳдошти якпорчагии он, аз ҳама гуна кинаю адоват гузарем ва гирди ҳам омада, баҳри ободию пешрафти Ватани азизамон камари ҳиммат бандем.

САИДХОҶА АКБАРОВ,
сармутахасиси Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед