Масъалаи таъмини амнияти зеҳнӣ дар шароити муосир мавзӯи муҳим ва замонавӣ маҳсуб шуда, метавон гуфт, ки дар ҷумҳурии мо чандон таҳқиқ нашудааст. Мавриди зикр аст, ки масъалаи фирори «мағзҳо» чун ҷузъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мадди назари коршиносону муҳаққиқон дур монда, дар ин самт мо аслан тавассути таҳқиқотҳое, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Абдураҳмон Қурбонов ба анҷом расонда шудаанд, иттилоъ пайдо мекунем. Бояд гуфт, ки аз ҷониби муҳаққиқи номбурда доир ба масъалаи аз ҷумҳурӣ рафтани неруҳои ақлонӣ ё ба истилоҳ “фирори мағзҳо” силсилаи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо, инчунин соли 2016 рисолае бо номи “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ” нашр гардидааст. Дар ин хусус академик Мусо Диноршоев навиштаанд: «Бо итминони комил метавон гуфт, ки муаллиф дар ин асари худ масъалаи хеле мубрам – масъалаи «фирори мағзҳо»-ро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор додааст, ки барои илми тоҷик бесобиқа маҳсуб мешуд. Ба он хотир, ки: аввалан, худи мафҳуми «амнияти зеҳнӣ» то ин дам дар адабиёти илмии тоҷик, на дар шакли тоҷикӣ ва на дар шакли русияш (интеллектуальная безопасность) истифода нашудааст. Тавассути ҳамин кори тадқиқотӣ ин мафҳум ба адабиёти илмии тоҷик ворид гардид. Дувум, доир ба масъалаи «фирори мағзҳо» аввалин таҳлилҳо дар шакли мақола ва мусоҳибаҳо дар васоити ахбори омма ва баъдан дар шакли натиҷаи як тадқиқоти мукаммалу арзишманд бо унвони «Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ» аз ҷониби Абдураҳмон Қурбонов нашр гардиданд. Ин маънои онро дорад, ки аз ин пеш дар ҷумҳурӣ касе доир ба ин масъала пажӯҳиш анҷом надодааст ва дар ин самт маводе нашр нагардидааст.» (Ниг. 60-соли пурбор. –Душанбе, 2019, с. 13) Бинобар ин, мавзӯи суҳбати имрӯзаи мо – иштирокчиёни мизи гирд, қарор гирифтани масъалаи «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ» бори дигар собит месозад, ки он хеле муҳим буда, баррасии он аз ҷониби мутахассион муфид хоҳад буд.
Бояд зикр намуд, ки раванди муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ дар ҷаҳони муосир падидаи нав набуда, таърихи кӯҳан дорад. Омӯзиш ва таҳлили сабабҳо ва омилҳое, ки боиси шаклгирӣ ва зуҳури ин раванд мегарданд, барои муҳаққиқону коршиносон як масъалаи мубрами рӯз аст. Тибқи хулосаҳои таҳлилгарону коршиносон муҳоҷирати “зеҳнҳо” метавонад сабабҳои гуногун дошта бошад, лекин, бояд тазаккур дод, ки дар мадди аввал, он кишварҳое аз ин раванд зарар мебинанд, ки ҷомеаи онҳоро бесуботии иқтисод ва сиёсат фаро гирифта, илм дар ҳолати рукуд қарор дошта бошад. Набудани шароити мусоиди кор ва маоши арзанда олимону мутахассисонро маҷбур месозад, ки ҷою макони мувофиқтарро интихоб намоянд. Мутахассисони варзидаро бошад, кишварҳои рушдёфта харидорӣ карда, бо шароити хуби корӣ ва маоши мувофиқ таъмин менамоянд. Масалан, имрӯз мутахассисони соҳаи технологияи ядроии Россияро кишварҳои Эрон, Хиндустон, Покистон ва ғ. бо маблағҳои калон харидорӣ мекунанд. Теъдоди зиёди табибони тоҷик бошад, дар кишварҳои арабӣ ва Россия фаъолият менамоянд. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.
Аз таҳлили мушкилоти умумии зуҳуроти муҳоҷират худдорӣ намуда, он сабабу омилҳоеро мавриди таҳқиқ қарор медиҳем, ки маҳз онҳо боиси муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ мегарданд. Тадқиқоти дар ин самт гузаронида собит месозад, ки ба муҳоҷирати мутахассисони соҳибкасб омилҳои гуногун таъсир мерасонанд ва ин омилҳо дар ҳар як кишвар хусусияти ба худ хос доранд. Таҳқиқоти муштараке, ки аз ҷониби мутахассисони Фонди миллии таҳқиқотҳои иқтисодӣ ва Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти муҳоҷирати байналмилалии назди Донишгоҳи Ҷорҷтаун гузаронида шуд, нишон медиҳад, ки дар давраи аз соли 1990 то 2000-ум “фирори мағзҳо” дар ҷаҳон аз қонунияти махсус пайгирӣ мекард. Аз ҷумла, аз рафтани мутахассисони соҳибкасб, дар мадди аввал, кишварҳои дар сатҳи пасти тараққиёт қарордошта ва аз минтақаҳои саноатӣ дур ҷойгиршуда зарар мебинанд. Ба ин гурӯҳ, ҳамчунин мустамликаҳои собиқ низ дохил мешаванд, зеро истеъдодҳои онҳо бештар метрополияҳои собиқро барои зиндагӣ ва фаъолият интихоб мекунанд. Фаъол гардидани раванди муҳоҷират бошад, ба фаро расидани нооромиҳои сиёсӣ ва болоравии миллатгароӣ дар ватани истеъдодҳо низ вобастагӣ дорад.
Таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ (WORLD Bank), ки дар доираи он маълумот оид ба ҷаҳон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, собит намуд, ки ба ҳисоби миёна 10% шаҳрвандони таҳсилоти олидори кишварҳои ақибмонда ба хориҷа мераванд. Мавриди ёдоварист, ки истифодаи мафҳуми “фирори мағзҳо” дар маънии пурраи он барои панҷ кишвар (Ҷумҳурии Доминикан, Салвадор, Мексика, Гватемала ва Ямайка) қобили қабул аст, ки зиёда аз се ду ҳиссаи шаҳрвандони соҳибмаълумоти онҳо ба хориҷа (аксаран, ба ИМА) мераванд. Соли 2006 бошад, Фонди Байналмилалии Асъор натиҷаҳои ҳамин гуна таҳқиқотро оид ба 90 кишвари ҷаҳон ба нашр расонд, ки тибқи хулосаҳои он, кишваре, ки имрӯз аз рафтани “мағзҳо” аз ҳама бештар зарар мебинад, Эрон мебошад.
Ҳамин гуна тамоюлҳо дар баъзе кишварҳои пешрафта низ ба чашм мерасад. Аз натоиҷи тадқиқоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (Organisation for Economic Cooperation and Development) маълум мегардад, ки Британияи Кабир дар 50 соли охир бузургтарин марҳилаи “фирори мағзҳо”-ро сипарӣ менамояд. Маълумоти ин тадқиқотҳо собит намуд, ки имрӯз қариб 3 миллион шахсони дар Британияи Кабир ба дунё омада, берун аз ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ки зиёда аз 1 миллионашро кадрҳои баландихтисос- муаллимон, духтурон ва муҳандисон ташкил медиҳанд. Зиёда аз 10% хатмкунандагони макотиби олӣ ин кишварро тарк менамоянд. Танҳо дар соли 2006 аз мамлакат 207 ҳазор шаҳрванд ба хориҷа рафтааст. Муаллифони таҳқиқот қайд менамоянд, ки дар ҳеҷ кадоме аз 29 давлати узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз даст додани чунин теъдоди қувваи корӣ ва кадрҳои соҳибтахассус мушоҳида намешавад. Муҳоҷирони британӣ, аслан барои фаъолияти минбаъда кишварҳои Австралия, Америка, Канада ва Зеландияи Навро интихоб менамоянд. Сабабҳои асосие, ки шаҳрвандони Британияро барои муҳоҷират водор месозад, ин нархи гарони манзил, андозҳои аз ҳад зиёд ва иқлими номусоиди ин кишвар мебошад. Вале ҷойҳои аз ҳисоби рафтани мутахассисони ихтисосдор холишударо тӯдаи муҳоҷирони аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ омада ишғол мекунанд.
Тадқиқоти дар ин самт баанҷомрасида, инчунин “таъсири домино” доштани ин равандро ошкор намуданд. Чунончи, табибон аз Британияи Кабир ба Америка, ки он ҷо маош баланд аст, мераванд. Ҷойи онҳоро табибони аз Африка омада иваз мекунанд ва ба ҷойи африкоиҳо бошад, табибон аз Куба ба Африка меоянд ва ҷойҳои холишударо пурра менамоянд.
Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), имрӯз тақрибан 300 ҳазор мутахассисони африкоӣ дар кишварҳои Европа ва Америкаи Шимолӣ кор мекунанд. Мувофиқи арзёбиҳои ин созмон, ҳар як сеюмин олими дар кишварҳои “ақибмонда” таҳсилнамуда, дар охир дар кишвари “сарватманд” қарор мегирад. Тибқи хулосаи ин созмон, ҳар як даҳум дорандаи дипломи таҳсилоти олӣ, тақрибан 30-50% олимону муҳандисон, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба дунё омадаанд, айни ҳол дар кишварҳои рушдёфта зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки миёни муҳаққиқону коршиносон оид ба оқибатҳои муҳоҷирати олимону мутахассисон андешаҳои дигар низ вуҷуд доранд. Масалан, ҷонибдорони муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ ба ҷои мафҳуми “фирори мағзҳо” номҳои нисбатан беғаразона ва барояшон мувофиқ, аз қабили “мубодилаи мағзҳо”, “зудҳаракатии мағзҳо”–ро истифода намуда, таъкид месозанд, ки ин раванд на танҳо ҷиҳатҳои “манфӣ”, балки “мусбат” низ дорад. Чунончи, тибқи натоиҷи таҳлилҳои Институти таҳқиқи сиёсати ҷамъиятӣ (Institute for Public Policy Research), “фирори мағзҳо” оқибатҳои фоидаовар низ дорад. Зеро, теъдоди муайяни “мағзҳо” ҳангоми ба ватан баргаштан донишу малакаю таҷрибаи муайянро бо худ меоранд. Масалан, қисмати муҳими ширкатҳои нави технологиро дар Тайван шаҳрвандоне, ки аз Америка баргаштаанд, таъсис додаанд.
Воқеан, “мағзҳо” имкон доранд, ки қисман ба ватан кӯмакҳои молиявӣ расонанд. Чунин кӯмак метавонад дар шакли ирсоли маблағҳо ба хешону наздикон амалӣ карда шавад. Барои баъзе кишварҳои рӯ ба тараққӣ бошад, маблағҳои зиёди ирсолнамудаи мутахассисон, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият менамоянд, боиси пурра гардидани буҷет ва иқтидори молиявии онҳо мегардад (масалан, ҷумҳуриҳои узви ИДМ-Украина, Молдова, Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғ.).
Муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар қатори дигар кишварҳои олам, барои Тоҷикистон низ ба яке аз масоили муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳсос мегардад.
Аз рӯи мушоҳидаҳо чунин хулосае бармеояд, ки аз ҷумҳурии мо низ дар даҳсолаҳои охир олимону мутахассисони зиёде ба хориҷи кишвар рафтаанд. Имрӯз нарасидани олимон ва мутахассисони баландихтисос дар аксари муассисаҳои илмӣ, макотиби олӣ ва корхонаю ташкилотҳо эҳсос карда мешавад. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ теъдоди муайяни рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя карда мешаванд, вале дар кафедраю озмоишгоҳҳо ҷойҳои кории холӣ пурра намешаванд, зеро гузаштани мутахассисон аз соҳаи илм ба соҳаҳои дигари фаъолият, аз қабили тиҷорат, фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра, дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷа қатъ нагардида, ҳанӯз ҳам идома дорад.
Хулоса, вобаста ба масъалаҳои зикршуда, вақти он расидааст, ки барои таҳкими неруи зеҳнии ҷумҳурӣ ва пешгирӣ намудани муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ аз кишвар аз ҷониби мақомоти расмии Тоҷикистон баъзе тадбирҳои судманд андешида шаванд. Аз ҷумла, имрӯз масъалаи ба манзил таъмин намудани олимону мутахассисони ҷавон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст. Зеро бо маоше, ки айни ҳол кормандони муассисаҳои илмӣ мегиранд, онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд соҳиби манзили шахсӣ шаванд. Ин як омили муҳиме мебошад, ки мутахассисони ҷавон, хусусан кормандони соҳаи илмро водор месозад, ки тарки Ватан намоянд.
Бояд зикр кард, ки тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои кормандони соҳаи фарҳанг, радио ва телевизион, мақомоти қудратӣ ва ғайра хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Хуб мешуд, ки чунин иқдом барои кормандони соҳаи илм амалӣ шуда, онҳо низ соҳиби манзил мешуданд ва ин боиси дилгармии олимони ҷавон гардида, то андозае ба пешгирӣ намудани муҳоҷирати берунӣ ва дохилии зеҳнҳо мусоидат мекард.
Фарзона Худойдодова –
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон