Раванди муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ дар ҷаҳони муосир падидаи нав набуда, таърихи куҳан дорад. Омӯзиш ва таҳлили сабабҳо ва омилҳое, ки боиси шаклгирӣ ва зуҳури ин раванд мегарданд, барои муҳаққиқону коршиносон як масъалаи мубрами рӯз аст. Тибқи хулосаҳои таҳлилгарону коршиносон муҳоҷирати “зеҳнҳо” метавонад сабабҳои гуногун дошта бошад, лекин, бояд тазаккур дод, ки дар мадди аввал, он кишварҳое аз ин раванд зарар мебинанд, ки ҷомеаи онҳоро бесуботии иқтисод ва сиёсат фаро гирифта, илм дар ҳолати рукуд қарор дошта бошад. Набудани шароити мусоиди кор ва маоши арзанда олимону мутахассисонро маҷбур месозад, ки ҷою макони мувофиқтарро интихоб намоянд. Мутахассисони варзидаро бошад, кишварҳои рушдёфта харидорӣ карда, бо шароити хуби корӣ ва маоши мувофиқ таъмин менамоянд. Масалан, имрӯз мутахассисони соҳаи технологияи ядроии Россияро кишварҳои Эрон, Хиндустон, Покистон ва ғ. бо маблағҳои калон харидорӣ мекунанд. Теъдоди зиёди табибони тоҷик бошад, дар кишварҳои арабӣ ва Россия фаъолият менамоянд. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.
Аз таҳлили мушкилоти умумии зуҳуроти муҳоҷират худдорӣ намуда, он сабабу омилҳоеро мавриди таҳқиқ қарор медиҳем, ки маҳз онҳо боиси муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ мегарданд. Тадқиқоти дар ин самт гузаронида собит месозад, ки ба муҳоҷирати мутахассисони соҳибкасб омилҳои гуногун таъсир мерасонанд ва ин омилҳо дар ҳар як кишвар хусусияти ба худ хос доранд. Таҳқиқоти муштараке, ки аз ҷониби мутахассисони Фонди миллии таҳқиқотҳои иқтисодӣ ва Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти муҳоҷирати байналмилалии назди Донишгоҳи Ҷорҷтаун гузаронида шуд, нишон медиҳад, ки дар давраи аз соли 1990 то 2000-ум “фирори мағзҳо” дар ҷаҳон аз қонунияти махсус пайгирӣ мекард. Аз ҷумла, аз рафтани мутахассисони соҳибкасб, дар мадди аввал, кишварҳои дар сатҳи пасти тараққиёт қарордошта ва аз минтақаҳои саноатӣ дур ҷойгиршуда зарар мебинанд. Ба ин гурӯҳ, ҳамчунин мустамликаҳои собиқ низ дохил мешаванд, зеро истеъдодҳои онҳо бештар метрополияҳои собиқро барои зиндагӣ ва фаъолият интихоб мекунанд. Фаъол гардидани раванди муҳоҷират бошад, ба фаро расидани нооромиҳои сиёсӣ ва болоравии миллатгароӣ дар ватани истеъдодҳо низ вобастагӣ дорад.
Таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ (WORLD Bank), ки дар доираи он маълумот оид ба ҷаҳон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, собит намуд, ки ба ҳисоби миёна 10% шаҳрвандони таҳсилоти олидори кишварҳои ақибмонда ба хориҷа мераванд. Мавриди ёдоварист, ки истифодаи мафҳуми “фирори мағзҳо” дар маънии пурраи он барои панҷ кишвар (Ҷумҳурии Доминикан, Салвадор, Мексика, Гватемала ва Ямайка) қобили қабул аст, ки зиёда аз се ду ҳиссаи шаҳрвандони соҳибмаълумоти онҳо ба хориҷа (аксаран, ба ИМА) мераванд. Соли 2006 бошад, Фонди Байналмилалии Асъор натиҷаҳои ҳамин гуна таҳқиқотро оид ба 90 кишвари ҷаҳон ба нашр расонд, ки тибқи хулосаҳои он, кишваре, ки имрӯз аз рафтани “мағзҳо” аз ҳама бештар зарар мебинад, Эрон мебошад.
Ҳамин гуна тамоюлҳо дар баъзе кишварҳои пешрафта низ ба чашм мерасад. Аз натоиҷи тадқиқоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (Organisation for Economic Cooperation and Development) маълум мегардад, ки Британияи Кабир дар 50 соли охир бузургтарин марҳилаи “фирори мағзҳо”-ро сипарӣ менамояд. Маълумоти ин тадқиқотҳо собит намуд, ки имрӯз қариб 3 миллион шахсони дар Британияи Кабир ба дунё омада, берун аз ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ки зиёда аз 1 миллионашро кадрҳои баландихтисос- муаллимон, духтурон ва муҳандисон ташкил медиҳанд. Зиёда аз 10% хатмкунандагони макотиби олӣ ин кишварро тарк менамоянд. Танҳо дар соли 2006 аз мамлакат 207 ҳазор шаҳрванд ба хориҷа рафтааст. Муаллифони таҳқиқот қайд менамоянд, ки дар ҳеҷ кадоме аз 29 давлати узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз даст додани чунин теъдоди қувваи корӣ ва кадрҳои соҳибтахассус мушоҳида намешавад. Муҳоҷирони британӣ, аслан барои фаъолияти минбаъда кишварҳои Австралия, ИМА, Канада ва Зеландияи Навро интихоб менамоянд. Сабабҳои асосие, ки шаҳрвандони Британияро барои муҳоҷират водор месозад, ин нархи гарони манзил, андозҳои аз ҳад зиёд ва иқлими номусоиди ин кишвар мебошад. Вале ҷойҳои аз ҳисоби рафтани мутахассисони ихтисосдор холишударо тӯдаи муҳоҷирони аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ омада ишғол мекунанд.
Тадқиқоти дар ин самт баанҷомрасида, инчунин “таъсири домино” доштани ин равандро ошкор намуданд. Чунончи, табибон аз Британияи Кабир ба ИМА, ки он ҷо маош баланд аст, мераванд. Ҷойи онҳоро табибони аз Африка омада иваз мекунанд ва ба ҷойи африкоиҳо бошад, табибон аз Куба ба Африка меоянд ва ҷойҳои холишударо пурра менамоянд.
Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), имрӯз тақрибан 300 ҳазор мутахассисони африкоӣ дар кишварҳои Европа ва Америкаи Шимолӣ кор мекунанд. Мувофиқи арзёбиҳои ин созмон, ҳар як сеюмин олими дар кишварҳои “ақибмонда” таҳсилнамуда, дар охир дар кишвари “сарватманд” қарор мегирад. Тибқи хулосаи ин созмон, ҳар як даҳум дорандаи дипломи таҳсилоти олӣ, тақрибан 30-50% олимону муҳандисон, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба дунё омадаанд, айни ҳол дар кишварҳои рушдёфта зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.
Натиҷаҳои тадқиқоти Бюрои миллии таҳқиқотҳои иқтисодии ИМА (National Bureau of Economic Research) собит намудааст, ки “фирори мағзҳо” имрӯз аз кишварҳои ақибмонда, на танҳо аз сабаби кам будани маош, балки аз он сабаб низ рух медиҳад, ки мутахассисон барои ба кишварҳои бой рафтан маблағи зарурӣ доранд. Тавре ки бюрои мазкур арзёбӣ менамояд, кишварҳои ақибмонда барои тарбияи як мутахассиси донишгоҳ тақрибан 50 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ менамоянд, ки ҳангоми рафтани он маблағи мазкур низ аз даст меравад. Дар маҷмӯъ, афзудани шумораи муҳоҷирони дорои тахассуси баланд дар даҳсолаҳои охир ва хусусияти ҷаҳонӣ гирифтани раванди мазкур барои ояндаи теъдоди муайяни кишварҳо чун таҳдиди ҷиддӣ дар самти иқтисод, фарҳанг ва амният арзёбӣ мешавад.
Бояд зикр намуд, ки миёни муҳаққиқону коршиносон оид ба оқибатҳои муҳоҷирати олимону мутахассисон андешаҳои дигар низ вуҷуд доранд. Масалан, ҷонибдорони муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ ба ҷои мафҳуми “фирори мағзҳо” номҳои нисбатан беғаразона ва барояшон мувофиқ, аз қабили “мубодилаи мағзҳо”, “зудҳаракатии мағзҳо”-ро истифода намуда, таъкид месозанд, ки ин раванд на танҳо ҷиҳатҳои “манфӣ”, балки “мусбат” низ дорад. Чунончи, тибқи натоиҷи таҳлилҳои Институти таҳқиқи сиёсати ҷамъиятӣ (Institute for Public Policy Research), “фирори мағзҳо” оқибатҳои фоидаовар низ дорад. Зеро, теъдоди муайяни “мағзҳо” ҳангоми ба ватан баргаштан донишу малакаю таҷрибаи муайянро бо худ меоранд. Масалан, қисмати муҳими ширкатҳои нави технологиро дар Тайван шаҳрвандоне, ки аз ИМА баргаштаанд, таъсис додаанд.
Бояд тазаккур дод, ки соли 1998 дар заминаи ҳамин тамоюлҳо мафҳуми нав – “гардиши зеҳнҳо” (Brain Circulation) тавлид ёфт. Зери мафҳуми “гардиши зеҳнҳо” ҷойивазкунии мунтазам бо мақсади таҳсил ва фаъолияти минбаъда дар хориҷа, баъди он бозгашт ба ватан ва беҳтар намудани мавқеи касбӣ аз ҳисоби афзалиятҳое, ки ҳангоми будубош дар хориҷа ҳосил шуда буд, фаҳмида мешавад. Ҷонибдорони консепсияи “гардиши зеҳнҳо” бар он назаранд, ки чунин шакли муҳоҷират дар оянда, хусусан, ҳангоме ки тафовути иқтисодии кишварҳо кам мегардад, рушд хоҳад кард. Масалан, ҳамин гуна муҳоҷирати даврагӣ миёни шаҳрвандони Малайзия, ки дар Австралия таҳсил намудаанд, мушоҳида мешавад. Инчунин, муассисони миқдори зиёди интернет-ширкатҳои бузурги чинӣ шаҳрвандони ин кишвар, ки дар ИМА таҳсил намудаанд, маҳсуб мешаванд. Муҳаққиқони Донишгоҳи Калифорния ба хулосае омаданд, ки барои рушди босуръати технологияи иттилоотии Ҳиндустон дар солҳои 1990-ум маҳз мутахассисоне, ки солҳои 1970-1990 аз ИМА ба ватан баргашта буданд, мусоидат намуданд. Аз 20 ширкати бузурги Ҳиндустон оид ба таъмини барномаҳо 10-тои он ба “ҳиндуҳои америкоӣ” тааллуқ дошта, 4 ширкати дигари он корхонаҳои муштарак маҳсуб мешуданд. Дар маҷмӯъ, бозгашти “мағзҳо” ба ватан боиси он гардид, ки ширкатҳои технологияҳои иттилоотии Ҳиндустон қариб 7,5 % ММД кишварро таъмин намуда, барои таъсиси зиёда аз 2 млн ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуданд.
Воқеан, “мағзҳо” имкон доранд, ки қисман ба ватан кӯмакҳои молиявӣ расонанд. Чунин кӯмак метавонад дар шакли ирсоли маблағҳо ба хешону наздикон амалӣ карда шавад. Барои баъзе кишварҳои рӯ ба тараққӣ бошад, маблағҳои зиёди ирсолнамудаи мутахассисон, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият менамоянд, боиси пурра гардидани буҷет ва иқтидори молиявии онҳо мегардад (масалан, ҷумҳуриҳои узви ИДМ-Украина, Молдова, Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғ.).
Муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар қатори дигар кишварҳои олам, барои Тоҷикистон низ ба яке аз масоили муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳсос мегардад.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи муҳоҷирати «зеҳнҳо» чун ҷузъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мадди назари коршиносону муҳаққиқон дур монда, дар ин самт ба истиснои тадқиқотҳои Абдураҳмон Қурбонов то ҳол ягон тадқиқоти мукаммали илмӣ ба анҷом нарасидааст. Бояд гуфт, ки аз ҷониби муҳаққиқи номбурда доир ба масъалаи аз ҷумҳурӣ рафтани неруҳои ақлонӣ ё ба истилоҳ “фирори мағзҳо” силсилаи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо, инчунин рисолае бо номи “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ” соли 2016 нашр гардидааст. Аслан, муаммоҳо ва мушкилиҳо дар он зуҳур меёбанд, ки дар мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теъдоди умумии муҳоҷирон, хусусан олимону мутахассисон, маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.
Аз рӯи мушоҳидаҳо чунин хулосае бармеояд, ки аз ҷумҳурии мо низ дар даҳсолаҳои охир олимону мутахассисони зиёде ба хориҷи кишвар рафтаанд. Имрӯз нарасидани олимон ва мутахассисони баландихтисос дар аксари муассисаҳои илмӣ, макотиби олӣ ва корхонаю ташкилотҳо эҳсос карда мешавад. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ теъдоди муайяни рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя карда мешаванд, вале дар кафедраю озмоишгоҳҳо ҷойҳои кории холӣ пурра намешаванд, зеро гузаштани мутахассисон аз соҳаи илм ба соҳаҳои дигари фаъолият, аз қабили тиҷорат, фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра, дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷа қатъ нагардида, ҳанӯз ҳам идома дорад.
Хулоса, вобаста ба масъалаҳои зикршуда, вақти он расидааст, ки барои таҳкими неруи зеҳнии ҷумҳурӣ ва пешгирӣ намудани муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ аз кишвар аз ҷониби мақомоти расмии Тоҷикистон баъзе тадбирҳои судманд андешида шаванд. Аз ҷумла, имрӯз масъалаи ба манзил таъмин намудани олимону мутахассисони ҷавон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст. Зеро бо маоше, ки айни ҳол кормандони муассисаҳои илмӣ мегиранд, онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд соҳиби манзили шахсӣ шаванд. Ин як омили муҳиме мебошад, ки мутахассисони ҷавон, хусусан кормандони соҳаи илмро водор месозад, ки тарки Ватан намоянд.
Бояд зикр кард, ки тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои кормандони соҳаи фарҳанг, радио ва телевизион, мақомоти қудратӣ ва ғайра хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Вале дар тамоми давраи истиқлолият барои кормандони соҳаи илм, аз ҷумла Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии вазорату идораҳои дахлдор ва муасисаҳои таҳсилоти олӣ ягон хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода нашудааст. Хуб мешуд, ки аз ҷониби Ҳукумат чунин иқдом амалӣ шуда, кормандони соҳаи илм низ соҳиби манзил мешуданд ва ин боиси дилгармии олимони ҷавон гардида, то андозае ба пешгирӣ намудани муҳоҷирати берунӣ ва дохилии зеҳнҳо мусоидат мекард.
Омили муҳими дигар, ки барои пешгирӣ кардани тарки соҳаи меҳнати фикрӣ кардани ҷавонон мусоидат хоҳад кард, ин баррасӣ ва чораҷӯӣ намудан ҷиҳати баланд бардоштани маош ва шароити мусоиди корӣ мебошад, ки дар ояндаи наздик бояд ҳаллу фасли худро ёбад. Дар сурати наандешидани чораҳои саривақтӣ ва судманд, муҳоҷирати зеҳнҳо аз кишвари мо идома ёфта, боиси коҳиш ёфтани захираҳои зеҳнии ҷумҳурӣ хоҳад гашт.
Худойдодова Фарзона,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоии
МТС назди Президенти ҶТ