Раванди ҷаҳонишавӣ нишон дод, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ бо тафаккури ифротӣ, ҳамчун як хатари бузурги минтақавию ҷаҳонӣ аҳли ҷомеаро нигарон карда, амнияту суботро дар аксар кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ зери суол қарор доданд. Ҳодисаҳои бавуқуъпайваста харобиҳои зиёдеро ба бор оварданд, ки ба ҳамагон маълум аст. Кишварҳои абарқудрати ҷаҳону минтақа аз ин ҳодисаҳо ба манфиати худ хеле суистифода карданд ва дастаҳои парокандаи ҷангҷӯи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ–террористие, ки дар кишварҳои Ховари Миёна, Сурия тороҷ гардида буданд сарҷамъ намуда, ба Афғонистон сафарбар намуданд.

Таҳлилгарони сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи дорои аҳаммияти махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки кишварҳои абарқудрат минтақаро бо табъи манфиатҳои худ тарроҳҳию нақшабандӣ намуда истодаанд. Аз таҳлилу назари коршиносон дар ин самт аз ҳодисаҳои солҳои охир хулосабарорӣ мегардад, ки дар аксари мавридҳо дар пасманзари тарҳу барномаҳо саҳму маблағгузории онҳо масъалаи ниҳоӣ пайдо намудани нуфуз дар Осиёи Марказӣ, дастрасӣ ба шинохти пурраи ҷуғрофӣ ва сарватҳои зеризаминии он равона гардидааст.

Тавре аз маълумот бармеояд, яке аз ҳодисаҳои пурдаҳшати моҳи августи соли 2021 тағйири ҳокимият дар Афғонистон ба ҳисоб меравад. Ба вуқуъ пайвастани ин ҳодиса ба тамоми дунё ва минтақа як бонги хатареро ба амал овард, ки ба амнияту суботи Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна бе таъсир намемонад. Ҳамин тавр, марҳалаи нави «набард барои таъсир дар Осиёи Марказӣ» оғоз шуда, фазои геополитикии атрофи минтақа боз ҳам тезутундтар гардид.

Эҳтимолияти вазидани ин боди сардро коршиносе ё тарроҳе пешгӯйӣ карда наметавонад, ки дар кадом вақт ва дар дохили кадом кишвар сахттар мевазад. Аз ҳаводиси охири Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳамагон маълум гардид, ки чӣ гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ байни омма бо таблиғи мушкилоти иҷтимоӣ нуфуз пайдо карда, ба табадулоти давлатӣ даст зада, чӣ қадар куштору харобиҳоро ба бор оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 ба кулли мардуми Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки «Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991–1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем». Аз ин лиҳоз, хотирнишон намуданд, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Инчунин, таъкид гардид, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимаи Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати манфиатҷӯёни хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома ёфта истодааст.

Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ бо тафаккури ифротиро ба кишвари мо равона намуда, маблағгузорӣ карданд ва боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта гардида буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Ин хатари бузурги ифротгароии динӣ ба тафаккури мардум асароти мазҳабиву ҷудоиандозиро ҷой менамояд ва сабабгори чандин низоъҳои минбаъдаи дохилию минтақавӣ мегардад. Намуна ва натиҷаи онро мо дар мисоли имрӯзаи Ҷумҳурии Қазоқистон дида истодаем.

Тибқи иттилоъи шабакаи телевизионии «Хабар 24» ва маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон шумораи боздоштшудагон дар ин ҳамоишу бетартибиҳо ба бештар аз 10 ҳазор нафар расид ва 26 нафар ҷинояткорони дастдошта маҳв гардида, 18 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Аз рӯйи маълумотҳои баъдин дар рафти тазоҳурот дар Қазоқистон 18 нафар кормандони мақомоти қудратӣ кушта ва 748 нафар захмӣ шуданд, ҷасади ду нафар кормандони мақомоти қудратии кушташударо сар аз тан ҷудо пайдо карданд. Маълумоти ташхиси мавҷудияти захмҳоро дар ҷасадҳо далели амали террористӣ ва экстремистии гурӯҳҳои ҷиноятпеша арзёбӣ намуданд.

Бо даъвати Президенти ин кишвар неруҳои низомии Созишномаи аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмӣ (СААД) ба ин кишвар сафарбар гардиданд, ки тибқи низомномаи ҳарбӣ ҳоло тамоми биноҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор гирифта шуданд.

Дар амали исёнҳои яроқнок, ба мисли террористону ифротгароёни Қазоқистон, акнун як масъалаи тезутунди дигар дар дохил шакл гирифтану рух додани табадулоти давлатиро ба миён овард, ки дар дурнамо метавонад таъсири манфии худро тавассути васоити ахбори омма ва фазои маҷозӣ ба давлатҳои минтақа паҳн намояд ва табиист, ки вокунишҳои гуногунро ба шаклҳои дигар ба миён оварад. Ташкили табаддулоти яроқнок аз ҷониби манфиатдорон дар Қазоқистон маҳз яке аз мақсади ниҳоии ба вуҷуд овардани низоъ дар пояи мушкилоти иҷтимоӣ бо истифодаи афкори умуми ифротӣ мебошад. Яъне бо истифодаи чунин усулҳо метавонанд ба афкори умум ва тафаккури эътиқодии мардум таъсир расонида, ҳадафҳои худро амалӣ гардонанд.

Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шинохти ин падидаи гурӯҳҳои ифротгароӣ таҷрибаи талхи таърихӣ дорад. Пешвои миллат пайваста таъқид менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори он аст, ки дар кишварҳои ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ намояд. Дар баробари ин, таъкид карда шуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мақомоти дахлдори мо масъулияти бештари иҷрои вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар робита ба вазъи шиддатгирифтаи ҳодисаҳои рухдода дар минтақа гузошта шудааст.

Таҳлилҳои сиёсӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо Афғонистон ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад. Дар асоси ҷоннок намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ин масъала метавонад мардуми кишвар аз моҳияту хатар доштани ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротии террористӣ огаҳии комил пайдо намоянд.

Дар маҷмӯъ, кӯшишҳои давлат, мақомоти қудратӣ ва аҳли ҷомеа натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Яъне дарк намудани моҳияту хатари ин созмону гурӯҳҳо ба мардум, қишри ҷавонон, яке аз вазифаҳои бениҳоят муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосӣ вазъи пешомадаро дуруст ба омма фаҳмонидан аст, ки хатари ҷойдошта ва таъсирасонии гурӯҳҳои ифротии хурофотпараст чӣ оқибатҳоро дар пай доранд. Пайдо кардани маълумот дар бораи хатари гурӯҳҳои ифротӣ, мавқеи ҳар як шаҳрвандро дар муқобили ин зуҳуроти хатарзо омода менамояд.

Дар шароити имрӯза таҳдиди ҳарбӣ, ташкили гирдиҳамоиҳои яроқнок, халалдор кардани вазъи сиёсӣ ва ба амал овардани бесуботи шаклу намудҳои гуногунро касб кардаанд. Барои ҳамин роҳу усулҳои тактикии ҳимояи сарҳаду амнияти давлат бояд мутобиқ ба талаботҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ташкил карда шаванд. Ташкилу баргузории вохӯриҳо, рушди ҳамкорӣ дар «масъалаи низомӣ, мубориза бо тундгароиву терроризм, таъсиси намояндагии низомӣ»-ро дар минтақа тақвият бахшидан зарур аст.

          Чунончи маълум аст, ИМА ва кишварҳои узви НАТО баъди тарк намудани Афғонистон моҳи августи соли 2021 таҷҳизоти зиёди низомии худро ба Артиши Афғонистон тақдим карда буданд, вале ин артиши 300 ҳазор нафараро, ки тӯли 20 сол омӯзонда шуда буд, ҳеҷ гуна амалиёт карда натавониста, беягон муқовимат давлатро аз даст додаанд.

Инчунин пас аз хориҷ шудани неруҳои низомии ИМА ва НАТО аз Афғонистон, фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ–террористӣ ва гардишдиҳандагони маводи мухаддир аз олами ҷиноӣ имконияти нав ва қудрат пайдо карданд, ки ба Тоҷикистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди бештареро роҳандозӣ намоянд.

Дар баробари ҳамаи ин таъсири ҳамлаҳои иттилоотии бардурӯғ, вокунишҳои гурӯҳҳои мухолифи давлат, бо истифода аз сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилотҳои террористӣ экстремистӣ ва ҳамаслаконашон хизмат мекунанд, барои бадномсозии давлату миллати худ аз хориҷи кишвар равона гардидаанд. Вобаста ба ин коршиносону сиёсатмадорон, аҳли илм, зиёиёни кишварро зарур аст ба ин вокунишҳо аҳамияти бештар диҳанд.

Дар айни замон аз ҳама муҳим ва нигаронкунанда, мавқеъгирии намояндагони ҳамсоякишварҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ мебошад, ки чӣ гуна мавқеъгирӣ нишон медиҳанд. Аз раванди музокироту мавқеъгириҳои гуногун пешбинӣ мегардад, ки баъзе давлатҳо дар муқобили тарҳҳои шаклгирифта, ки ҳодисаҳои рӯзҳои охир ба вуқуъ пайвастанд, иқдомҳои ҷиддитари иттилоотӣ ва сиёсиро пеш гирифтанд. Ҳамаи ин ҳолат маънои огаҳ намуданро дорад, ки фазои сиёсӣ ва амниятии минтақа дар ҳолати тезутундтар қарор дорад.

Дар хулоса таъқид мегардад, ки таҳдидҳои хатарноки таъсиргузори экстремистию террористӣ ҳамчун боди сард аз ҷониби Афғонистон ба Осиёи Марказӣ бо пайомадҳои манфӣ дар шаклҳои гуногун ҳамоно вазидан дорад. Аз ин рӯ мо бояд барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ аз чунин сардиҳо бояд ҳамеша омода бошем.

 

Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед