Равандҳои таърихӣ ва сиёсӣ шаҳодат бар он медиҳанд, ки шахсиятҳо дар тақдири миллатҳо нақши асосӣ ва калидиро бозӣ мекунанд, зеро аз тасмиму ташаббуси роҳбарон ва пешвоён дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз ба ҳувияту ояндаи халқҳову давлатҳо вобастагии зич дорад. Чуноне, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвари мо ба таври возеҳу равшан дида мешуд, набудани лидери воқеии сиёсӣ ва мардумӣ новобаста аз доштани таърихи чандҳазорсола метавонад давлатеро аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда кунад.
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз набуди лидери тавонманди миллӣ душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик истифода намуда, бо дасти афроди беҳувият ва нотавонбинони хурофотӣ бо ташкили тазоҳуроти оммавӣ ва ба вуҷуд овардани бетартибиҳову беназмӣ кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки дар натиҷа таассубу иртиҷоият боло рафта, ҳисси бадбини байни мардум авҷ гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар он давраи мураккабу печида ниёз ба шахсе буд, ки иродаи матин, рӯҳияи миллӣ ва ватанпарастиву миллатдӯстӣ дошта бошад ва аз худ гузаштагӣ нишон дода тавонад. Бидуни шак, чунин шахсият танҳо ва танҳо дар он замони душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз мушкилот ва мураккабии вазъ наҳаросида, сарнавишти миллату давлатро аз сарнавишти худ боло гузошта, ҷон бар каф барои ба эътидол овардани вазъ ва раҳонидани кишвар аз ҳолати нобудӣ масъулияти кишвардориро ба зимма гирифта, ваъда дод, ки дигарбора ба сарзмини хуршедӣ сулҳ меоварад. Воқеан, ӯ ба аҳди худ вафо кард. Ба мардум сулҳ овард, гурезагонро баргардонд ва сохторҳои фалаҷгардидаи давлатиро ба по хезонд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки давлатдории миллиро бунёд сохт.
Президенти муҳтарами мо дар ҳақиқат шахсияти миллӣ мебошад, зеро агар ба ҳаёт ва фаъолияти ин абармарди сиёсӣ назар андозем мебинем, ки воқеан, сиёсати мутавозин ва дурбинонаро пеш гирифта, кишвари ҷангзадаро дар як муддати кӯтоҳ то ба сатҳи рушди устувор оварда расонид. Иҷозат надод то миллату давлати тоҷик афзори арзони бозиҳои геополитикӣ гарданд. Барои мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ талош кардаву мекунад ва ҳамеша ситоиш аз фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ намуда истодааст. Дар ин миён фарҳанги тоҷик ҷаҳонӣ гардида, намоишҳои фарҳангӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд. Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фарҳангӣ оламиён шинохтанд. Бо ташаббуси ин абармарди хирадсолори миллат, миллигардонӣ дар давлат оғоз гардид, аз номгузорӣ ва обод кардани кӯчаҳову деҳаҳо то шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо сирф номи миллиро, ба мисли Кушониён, Леваканд, Суғд, Лахш ва ғайра гирифтанд. Ҳамчунин, қонунҳои миллиро, ба монанди Қонуни “Танзим ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва ғайра. Хизмати дигари Пешвои миллат дар он аст, ки номи фарзандони бузурги миллати тоҷикро қариб, ки ба фаромӯш рафта буданд ва бештари мардум дар барои онҳо ҷуз ном чизи дигар намедонистанд, зинда кард ва ба ҷаҳониён низ шиносонид, бо баргузор кардани симпозиумҳо ва конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо.
Тазаккур бояд дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти муҳим, соҳибнуфуз ва сулҳпарвар мешиносанд. Аз ҷумла, Марзуқ Алӣ ал Ғаним, раиси Уммаи Давлати Кувайт чунин гуфтааст: “Дар давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд. Мардуми дунё бояд аз Шумо – тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон – Пешвои миллатро омӯзанд”. Дигар сиёсатмадорону донишмандони ҷаҳонӣ низ нисбати шахсияти олӣ ва сулҳҷӯёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд.
Аз ҳамин лиҳоз, рӯзи Президент ҳамчун рӯзи муҳимме дониста мешавад. Баргузор кардани чорабиниҳо дар ин рӯз, хусусан барои ҷавонон манфиатовар мебошад, чунки аз корнамоиҳои Пешвои миллат ёдоварӣ карда, сифати ҷавонмардиву ҷасорат, ростқавливу меҳандӯстиро меомӯзанд. Зеро зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳдидҳои замони муосир, ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои фарҳангӣ – идеологӣ барномаи муфид барои ҷавонон аст.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон