Имрӯз, 22 июни соли 2022, дар оғози конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар Маркази тадқиқоти стратегеии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “25 соли Ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо”  маҷмӯаи “Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз  ҷониби муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода рӯйнамоӣ гардид. Дар китоби мазкур суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ гирдоварӣ шудаанд.

Маҷмӯа аз ҷониби як гурӯҳ кормандони  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз усули таҳлили мундариҷавии  суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1992–2021) дар мавзуи сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ  дар ҳаҷми 320 саҳифа  мураттаб гардидааст.

Маҷмӯаи мазкур барои сиёсатшиносон, муаррихон, ҷомеашиносон ва доираи васеи хонандагон, ки ба ин мавзуи сулҳу ваҳдат ва суботу амният алоқамандӣ доранд, пешбинӣ шудааст.

Ҳозирин дар рафти рӯйнамоӣ дар бораи ин маҷмӯаи арзишманд маълумоти зарурӣ гирифта, бо мазмуну муҳтавои он шинос шуданд.

Барои маълумоти бештар ва муфассал шумо метавонед шакли электоронии ин маҷмӯаро аз суроғаи зерин зеркашӣ намоед:

Чоп кунед