Рӯзи 24-уми июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйнамоии китобҳои муштараки “Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” ва “ Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкориҳои босамар” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон намояндагон аз вазорату идораҳо, пажуҳишгоҳу марказҳои илмиву тадқиқотӣ, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори ватанӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз бо Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансу ва дигар муассисаҳои илмиву тадқиқотии ин кишвари бузург робитаҳои зичи ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, чанд тарҳи илмиву пажуҳиширо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни чинии худ анҷом додааст, ки яке аз онҳо китоби арзишманди “Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” буда, аз тарафи муҳаққиқони варзидаи тоҷик ва чинӣ таълиф гардидааст. То ба ҳол дар бораи таърихи муносибату ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз тарафи донишмандони ин ду кишвари ҳамсоя чунин асари арзишманд эҷод нагардида буд. Ин китоб ба забонҳои чинӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Умед дорем, ки минбаъд низ робитаҳои илмиву тадқиқотии ҳар ду муассисаи пажуҳишӣ минбаъд низ мустаҳкам ва самарабахш мегарданд.
Сипас вобаста ба рӯйнамои китоби “Тоҷикистон–Чин: 30 соли ҳамкориҳои босамар” директори Марказ суханронӣ намуда қайд намуд, ки аз лиҳози мундариҷа ва мазмун китоби мазкур аз муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангиии кишвари мо бо Чин дар давраи Истиқлолро дар бар мегирад. Бинобар ин, вобаста ба фарогири мавод ва таҳқиқи ташаккул ва рушди робитаҳои тиҷоративу фарҳангии байни халқҳои тоҷику чинӣ, аввалан китоби мазкур як таҳқиқоти комил, бо далелҳои боэътимод асоснокшуда, арзиши баланди илмиро доро мебошад.
Аз ин рӯ, дар китоби мазкур на танҳо дастоварду муваффақиятҳои як соҳаи махсуси тақдирсоз, ки тули асрҳои гуногуни ҳамкорӣ ин ду мардуми фарҳангӣ ба онҳо дастёб гаштанд, ифода мегардад, балки инъикоскунандаи тамоми самтҳои фаъолият, робитаҳои тарафайни судманди ду кишвар мебошад, ки ин гуна тамоилгирӣ зимни таҳия китоб низ аз арзишманд будани китоб гувоҳӣ медиҳад.
Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳо иброз намуданд ва чопи китобҳои номбурдаро падидаи намоёне дар ҷодаи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд номиданд.
Дар охири ҷамъомад ба иштирокчиёни ҳамоиш китоби “Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” ва “ Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкориҳои босамар” тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон