Рӯзи 28 марти соли 2023 дар Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯйнамоии китоби тозанашри “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” (ҷилдҳои чаҳорум ва панҷум) баргузор гардид. Дар ҳамоиш ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони илму адаби кишвар ва муаллифони китоб ширкат варзиданд.
Дар маросими рӯйнамоӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ба ҳайси яке аз муаллифони китоби мазкур суханронӣ намуда, дар бораи нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон, муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён, мактаби давлатдории Пешвои миллат, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва дастовардҳои бузурги кишварамон дар давраи Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ибрози назар намуд. Ӯ қайд кард, ки раванди ташаккулёбии мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикони дунё мактаби навест, ки дар сарҷамъ намудани тоҷикон, эҳё ва барқарор намудани аркони давлатдорӣ, рушду пешрафти кишварамон нақши муҳим дорад.
Аз ин рӯ, дар Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи илмиву пажӯҳишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” роҳандозӣ шудааст, ки ҳайати лоиҳа то ба имрӯз панҷ ҷилди китоби мазкурро таълиф ва нашр намуданд. Дар маҷмуъ, панҷ ҷилди китоб аз 21 боб, 147 зербоб ва аз 2360 саҳифа иборат буда, дар он фаъолияти гуногунҷанбаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаҳои гуногуни даврони Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд. Дар китоб беш аз 659 сарчашма ва адабиёти илмӣ ва осори Пешвои муаззами милллат истифода гардидаанд, ки дорои арзиши баланди илмиву маърифатӣ мебошанд. Китоби мазкур барои сиёсатшиносон, муаррихон, иқтисодчиён, ҷомеашиносон, донишҷӯён ва умуман, доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Ҳозирин дар рафти рӯйнамоӣ дар бораи ҷилдҳои чаҳорум ва панҷуми китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” маълумоти зарурӣ гирифта, бо мазмуну муҳтавои он шинос шуданд. Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон