Таърихи навтарини давлати тоҷиконро усулан ба ду давра ҷудо намудан мумкин аст: давраи то соли 1997 ва давраи баъд аз соли 1997. Тавре мо медонем, кишвари мо то соли 1997, амалан пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи асосии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худашон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги  шаҳрвандӣ  ва  ба  Ватан  баргардондани  фирориён  ба  шумор  мерафт.

Бо мақсади иҷрои ин ниятҳои нек, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун  пешвои воқеии миллат  намунаи  аз худ гузаштанҳоро нишон  дода, ҳамаи  ҷонибҳои ба сулҳ  манфиатдорро гирди ҳам овард ва дар ниҳоят Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризояти  миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри  Маскав ба имзо расид. Мардуми кишварамон дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид   гардида, ҳаёти  осоишта  ва  созандагиро  оғоз  намуданд.

Минбаъд  давраи  барқарор  созии  мамлакат  шурӯъ  гардид. Аз  рӯйи маълумоти оморӣ, соли 1997 сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат 83 дарсадро ташкил медод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ин дар назди худ мақсад гузоштанд, ки ба рушди  мамлакат  ва паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ муваффақ шаванд. Бо ҳамин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатии  паст намудани сатҳи камбизоатиро қабул намуд. Натиҷаи барномаи мазкур ин аст, ки сатҳи  камбизоатӣ  тибқи  маълумоти  расмӣ, соли 2016  ба 32 %  ва соли 2019 ба 29 дарсад  коҳиш  ёфт.

Дар  шароите, ки давлат қарор дошт, ноил гардидан ба чунин нишондод дастоварди беназир аст ва ҷойи ифтихор аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи осоиштагиву сулҳу ваҳдат, муттаҳидии миллатамон мебошад ва  таҷрибаи  сулҳу  ваҳдати  ҷумҳурии   моро  имрӯз дар кишварҳои олам меомӯзанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сарвари ҷумҳури ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои  пешрафтаву  аз  бисёр  ҷиҳат  тараққикарда   мубаддал   мегардад.

Яке аз он самтҳо раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти каммуникатсионию  иртиботӣ  буд, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил буд. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат имрӯз тавассути нақбҳои  Истиқлол, Шаршар, Шаҳристон, Хатлон, роҳҳои Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Қулма, Душанбе–Турсунзода, Душанбе–Бохтар кишвари азизамон бо давлатҳои ҳамсарҳад пайваст гардид. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти  гидроэнергетикӣ  бунёд  шуда, дар  соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатӣ таъмин гардид.  Самти  дигари  пешгирифтаи  Пешвои миллат   амнияти озуқаворӣ мебошад. Амнияти озуқаворӣ ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешрафти соҳаи кишоварзиро пешбинӣ менамояд. Масалан, дар соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор  гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати   коркарди  ашёи хом нақши арзишманд  гузошт.

Дар  дигар  бахшҳо низ ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда истодаем. Тайи 15 соли охир  афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна на камтар аз 7 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин низ  ташабуси  хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат  мебошад. Имрўз  Истиқлолияти  кишвари моро беш  аз 165 давлати дунё ба расмият шинохтаанд  ва бо 160 кишвари  ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ роҳандозӣ шуда онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд  тақвият ва пайгирона густариш меёбад.  Ҳукумати  ҶТ дар самти қабули рамзҳои  давлатдорӣ, аз  қабили  Парчам, Суруд  ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муваффақ гардид. Аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани  санади  сарнавиштсоз – Конститутсия низ, ки барои бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон замина гузошт, самараи даврони истиқлолу озодии давлати тоҷикон ва  Тоҷикистон  мебошад.  Ҳамаи ин натиҷаи  сиёсати оқилона ва  заҳмату  талошҳои   Пешвои  муаззами  миллатамон  мебошад.

Бунёду  барқарорсозии  иншоотҳои муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда мусоидат намуда,  барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, барои пешрафту тараққиёти  тамоми  соҳаҳои иқтисодиёти  миллии  мамлакат  заминаи хубе  фароҳам меорад.

Баъди ба  истифода  додани неругоҳҳои барқии  обӣ  дар кишвар  садҳо  корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуда ва мешаванд  ва  ҳазорҳо  ҷойҳои нави  корӣ   таъсис ёфта ва  меёбад. Ба даст овардани, Соҳбистқлолии  кишвар, муваффақияти бузург ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ба хотири пойдории истиқлолияти воқеии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як силсила иншооти тақдирсоз ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти стратегӣ, умумидавлативу байналмилалиро идома дод, ки онҳо пешомади давлатро дар асри XXI  муайян  ва роҳнамоӣ  менамоянд.

Дар бораи дастовардҳои  соҳаи  электроэнергетика  дар  даврони  Истиқлолият, таҳти сарварии  Пешвои  муазами  миллат  дар  ҳамаи  самтҳои  ҳаёти  ҷомеаи  кишвари  маҳбубамон  ба  пешрафту  комёбиҳо ноил гашта, мардумро  ба  фардои  неки ватани азизамон дилпур сохтанд. Вобаста  ба  ҳадафи стратегии  расидан ба истиқлолияти  комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати  интиқоли  неруи  барқ  ва  зеристгоҳҳои  барқӣ бунёд шуданд. Дар ин давра дар соҳаи электроэнергетикаи  ҷумҳурӣ 25 лоиҳаи сармоягузорӣ  бо  ҷалби  зиёда  аз 2,4 млрд. доллари ИМА татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбат ба бор оварданд. Муҳимтарин дастовардҳои  соҳа  мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда–2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе–2» (400 МВт) ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии  1320 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500кВ «Душанбе–500», «Суғд-500», «Дастгоҳи  тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО–и «Норак»», хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб–Шимол», ду хати интиқоли барқи 500 кВ аз НБО Роғун то зеристгоҳи «Душанбе-500», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран–2», дастгоҳҳои тақсимкунандаи  пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО–и «Норак»» ва НБО–и  «Қайроққум» ва  хатҳои  интиқоли  барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Тоҷикистон–Афғонистон», «Хуҷанд–Айнӣ», «Қайроққум–Ашт»,  «Геран-Румӣ», «Қайроққум–Суғд» ва «Айнӣ–Рӯдакӣ» ба шумор мераванд. Айни замон 9 лоиҳа ба маблағи умумии 1 119,4 млн. доллари ИМА амалӣ  шуда истода, 6 лоиҳа ба маблағи умумии 212,1 млн арзёбӣ  шуда истодааст. Дар ин маврид, комёбиҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами  миллат  Президенти хирадманду дурандеши  худ, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба он ноил   гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту ҳаш соли  Истиқлолияти  давлатӣ  дар кишварамон беш аз 1300 мегават иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуда дар маҷмуъ дар ин давра  беш  аз 150 мвт иқтидорҳои  нав  ба  кор андохта шудаанд.   Ҳоло зиёда аз  60  лоиҳа ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ дар самти энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар самтҳо, ки барои инкишофи соҳаҳои саноати  мамлакат  ва  беҳдошти  фазои сармоягузорӣ  муҳим  мебошанд, татбиқ шуда истодаанд. Дар давраи  Истиқлолият ба корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи хориҷиву ватанӣ тавассути  озод намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳои гуногун дар  ҳаҷми  беш  аз 21 миллиард сомонӣ  имтиёзҳо пешниҳод  гардиданд, ки ин саҳми беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рушди  саноати  ҷумҳурӣ  маҳсуб меёбад.

Дар  бисту ҳаш соли Истиқлолият  бо ҷалби сармояи  дохиливу  хориҷӣ  ҳазорон  корхонаву  коргоҳҳои  хурду  бузурги  саноатӣ  бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ  фаъолият  менамоянд.

Дар Паёми навбатии худ ба  Маҷлиси Олӣ  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  саноатикунонии  босуръати  мамлакат  маънидод ва  онро ҳадафи  чоруми стратегӣ эълон намуданд. Яке аз самтҳои асосие, ки минбаъд  барои  расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, саноатикунонии босуръати мамлакат муфид ҳисобида мешавад, ин аз кишвари   аграриву  саноатӣ  ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани  Тоҷикистон  мебошад.  Бояд қайд намуд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳо дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020» ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Самти  сармоягузорӣ  ва  ҷалби сармоя  дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон  ва воридоти  технологияҳои  нави инноватсионӣ имкон дод, ки раванди  саноатикунонии  мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти  саноатӣ ва шумораи  ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад  ва  сохтмони  се  корхонаи  саноатӣ дар ноҳияи Ёвон  ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдан тозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати  паст  кардани  арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои  афзоиши иқтидори  содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд.Саноатикунонии  босуръати мамлакат паёмадҳои зиёди мусбат дорад. Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои  саноатӣ ва инфрасохтори он сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолиии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати  худ  сабаби  баланд  шудани  некӯаҳволии  шаҳрвандон  мегардад.

Дар соли 2017  роҳи оҳани  Душанбе–Бохтар–Кӯлоб–қитъаи  Ваҳдат – Ёвон, роҳҳои  мошингарди  Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва  Восеъ – Ховалинг Роҳи Душанбе то сарҳади Қирѓизистон  ба маблағи умумии се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин низ аз заҳматҳои  Президенти  мамлакатамон  Эмомалӣ  Раҳмон  шаҳодат  медиҳад. Дар соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди мамлакат ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 дарсади он сармояи бевосита мебошад, ки ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳаи дигар бо ҷалби сармояи бевоситаи ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ амали шуд. Ҳамзамон бо ин, дар панҷ соли охир Ҳукумати мамлакат бо якчанд ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонид, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешаванд ва дар ин самт аз  худкунии  беш аз 14 миллиард сомонӣ   сармояи  мустақим  пешбинӣ гардидааст. Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии  сармоягузорӣ  барои  бунёди инфрасохтори  зарурӣ  дар  ҳаҷми  беш  аз  42  миллиард  сомонӣ  амалӣ  гардид.  Дар замони Истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти  коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя таъмин шуда, қаламрави се  пор чаи Тоҷикистонро танҳо дар замони Истиқлолият ба як  кишвари воҳид табдил дод.

Дар  соҳаҳои  иҷтимоӣ  бошад, дар  мамлакат аз ҷумла пешрафти илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  таъмин  карда  шуд.  Дар ду даҳсолаи охир  дар мамлакат  1500 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда, танҳо дар панҷ соли охир 120 беморхона, 80 дармонгоҳ, 210 маркази тиббӣ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 коргоҳу корхонаи соҳаи тандурустӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода  шудааст, ки онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва дигар  шароити замонавӣ таъмин карда шуданд.  Таъмиру аз  навсозии мактабҳо ва муассисаҳои  тандурустӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг мусоидат мекунад. Дар  рушди соҳаҳои маориф  низ  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ин  ҷода  низ  корҳои  назаррасро  ба  анҷом расонида, бо дарназардошти  афзоиши  босуръати  шумораи аҳолӣ, ҳамаи захираву  имкониятҳо барои  фароҳам  овардани  шароити  мусоиди  таълиму тарбияи  насли наврас, яъне  ояндаи  миллат  ва  давлат сафарбар  шудааст. Умуман, дар даврони бистуҳашт соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар қариб 2800 муассисаи таълимӣ бунёд ва 580 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Ҳар сол  беш 200 муассисаи  таълимии  нав  сохта ба истифода дода мешавад. То даврони  Истиқлолияти давлатӣ дар  Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба   ва теъдоди донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Дар замони Истиқлолият 30 ҳазор нафар ҷавонони лёқатманди кишвар дар донишкадаҳои  олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ва ҳама сола панҷуним  ҳазор  ҷавонони  лаёқадманди мо  ба  донишгоҳои  хориҷи дохил  мешаванд. Ҳар  сол  Ҳукумати ҶТ  беш аз 100  ҳазор  нафар  ҷавонон ва калонсолонро  ба  омӯзиши   касбҳои  гуногун  ва  бозомӯзӣ  фаро  мегирад.

Дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия аз 15 то 30 дарсад  зиёд карда шуд ва барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Буҷети давлатӣ соли 2017 дар ҳаҷми беш аз 19 миллиард сомонӣ тасдиқ шуд, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст. Даромади буҷети давлатӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2010 чор баробар пешбинӣ шудааст. Бо  пешниҳоди  Пешвои миллат  соли 2017  дар  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сохтори  алоҳида  оид  ба  соҳаи рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  таъсис дода шуд. Имрӯз дар доираи татбиқи ҳадафҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  рушди ин соҳа дар мамлакат зери сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгў ба истифодаи умум пешниҳод  карда  шуданд. Имрўз тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  то соли 2030 меъёрҳои қабулшудаи  байналмилалӣ  дар  соҳаи  сайёҳӣ  дар  амал  татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ  ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда шуданд. Инчунин,   мояи   ифтихор  аст,  ки пойтахти  Тоҷикистон  шаҳри  Душанбе пойтахти  сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои  2020 –2021  интихоб  гардид,  ки  барои  рушди  сайёҳии  шаҳр  муосидат менамояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони  хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё  намудани зерсохтори заруриро таъмин намуда  истодаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон барои  шаҳрвандони беш  аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид  ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, дар 9  моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ қариб як миллион сайёҳон зиёда аз 140 кишвари олам ташриф оварданд.

Дар даврони Истиқлолият теъдоди аҳолӣ ҳамасола дуюним дарсад афзоиш ёфта, ба 9 миллион нафар  расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар  гардид  ва  соли  2018  теъдоди  аҳолӣ  ба 9 милён нафар  расид.

Барои иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодии мамлакат назди заҳматкашони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд, нерую ғайрати ҷавонон лозим аст. Аз ин рў дар зарфи 28 соли Истиқлолият ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа  дода шуда, насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расид ва имрӯз дилпурона изҳор медорем, ки дар  қалби  ҳар як ҷавон  муҳаббати ватан  нақши устувор пайдо кардааст ва метавонем бо ифтихору сарфарозӣ  гуем, ки  дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  роҳи  бунёдгузориву созандагиамонро  ба сӯйи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои  бунёдии  ҷамъиятиву  сиёсӣ  боз  намуд.  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ  Пешвои – миллат, Президенти маҳбуби  кишварамон  ҳамеша  ғамхор   дар  ҳаққи  ҷавонон  мебошад. Ҷавонони  мамлакатамон   худро пайрави  Пешвои  муаззами  миллат шуморида,   дар самти  ободонии  Ватани азиз  камари   ҳиммат бастаанд,  зеро  озодиву истиқлолият барои ҳар як фарди миллати  тоҷик  дастоварди  бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ  мебошад. Мо, ҷавонон, минбаъд низ  тамоми  саъю  талоши худро ба харҷ медиҳем, то ин ки сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор нигоҳ дошта шавад  ва  ин  неъмати  бузурги  миллатамонро бояд чун гавҳараки  чашм  эҳтиёту ҳифз  кунем  ва  ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем.

Хулоса, созандагию хирадмандии Пешвои миллат дили мо ҷавононро дар самти ватандӯстиву  меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муазами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боло барад ва барои ободиву осоиштагии  кишвари  азизамон  бо  кору  пайкори  созанда ин муҳббати  худро  собит намояд.

Ҳикматулло Хоҷаев,  

сармутахассиси Раёсати

омӯзиши масалаҳои амниятӣ минтақавӣ

 Маркази   тадқиқоти  стратегии  

 назди Президенти ҶТ

Чоп кунед