Таҷлил аз “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маънои дарки аҳамияти бузурги ин ниҳоди давлатӣ дар рушду инкишофи давлатдории муосирро дорад. Махсусан, барои миллати мо дар таърихи навини давлатдорӣ, институти Президентӣ ба сифати наҷотдиҳандаи миллату давлат аз парокандагию нестшавӣ баромад намуда, дар бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ нақши калидӣ дорад.

Дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ду саҳми ниҳоят бузурге, ки миллати тоҷик ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон гузоштаанд, заминаи асосии ташаккули минбаъдаи давлату ҷомеа мебошад.

Якум, қабули Конститутсия, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва чун бахтномаи миллат роҳи ояндаи давлатро муайан намуд ва дуюм, дар асоси Конститутсия интихоб кардани  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ду рукни муҳимми давлатдорӣ аз ҷониби халқ ва барои худи халқи шарифи Тоҷикистон қабул ва интихоб гардидааст.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагию тамомияти арзӣ ва  пойдорию бардавомии давлат мебошад.

Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти  Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд.

Мо, насли ҷавон, он даврони сахту сангини таърихиро бо чашмони худ надидаем, вале бо таҳлилу мушоҳидаҳо аз вазъияти ноороми имрӯзаи баъзе аз кишварҳои ҷаҳон дарк менамоем, ки чӣ гуна миллати мо низ чунин имтиҳони сангинро паси сар кардааст.

Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ  яке аз омилҳои нарасидани кишварҳои ҷангзада имрӯзҳо  ба сулҳу субот, ин вуҷуд надоштани ЛИДЕРИ СИЁСӢ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Шахсияти барҷастае пайдо намешавад, ки мардум аз паси вай бираванд. Пешво ва сарваре пайдо намешавад, ки аксари шаҳрвандон ба суханонаш гӯш фаро диҳанд ва идеяҳои ӯро ҷонибдорӣ намоянд. Ҳанӯз ҳам дар ин кишварҳои ҷангзада фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад.

Дар ин ҷо мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт.  Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Эътибори Пешвои миллат ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам хеле бузур аст ва мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик мебошад.  Корнамоии ин шахсияти бузург ба ҳайси ЛИДЕРИ СИЁСӢ аз ҷониби сиёсатмадорони байналмилалӣ на танҳо эътироф гардидааст, балки мавриди омӯзиши имию амалӣ қарор гирифтааст. Дар ин ҷо ба маврид аст, ки чанд мукофоту ҷоизаҳои байналмилалиро номбар намоем, ки шаҳодат аз эътибори Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ медиҳад:

  1. Мукофоти сулҳи СММ. Мукофоти олии СММ дар соҳаи таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва сулҳи байналмилалӣ буда, Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои шоёнаш дар самти мазкур соли 2007 бо он сарфароз гардидааст;
  2. Медали тиллоии Федератсияи Сулҳ ва Ризоият. Ин мукофоти олии Федератсияи Сулҳ ва Ризоияти Қирғизистон буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он ба хотири густариши сулҳ ва якдигарфаҳмии халқу миллатҳо моҳи августи соли 2004 сарфароз гардонида шудааст;
  3. Пешвои асри 21. Ин мукофоти созмони ҷамъиятии Шӯрои Аврупоӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, озодии матбуот ба Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои арзандааш дар ҷодаи зикршуда 18 августи соли 2011 супорида шудааст.

Вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо чунин ҷоизаҳои олӣ сарфароз гардонидаанд, мо бо ифтихор иброз менамоем, ки Ӯ Пешвои миллат ва Президенти маҳбуби мост!

Фирӯзи Рамазон,

мутахассиси пешбари Раёсати

таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед