Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандўстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист. Ҳамзамон ин дарки масъулиятнокӣ ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст. Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта шуда, ба дастовардҳои зиёди стратегӣ ноил гардидем.
Қобили тазаккур аст, ки 5 октябр рӯзи зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва дар робита ба ин рӯз муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз МУҲАММАДЗОДА фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи хизматҳои Пешвои миллат чунин ибрози назар кард:
«Ба ифтихори сазовор гардидани Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаи Пешвои миллат, ки шоистаи садоқату эътироф ва истиқболи неки ҳамагон аст, барои арҷгузорӣ ба мақому мартаба, меҳнати ҳалол ва маҳбубияти ӯ дар байни мардуми мо асарҳои зиёде эҷод шудаанд. Васфи Пешвои миллат ва корномаҳои бемислаш дар шеъру достонҳо, барномаву расонаҳои хабарӣ ҳамеша вирди забони пиру барно буда, шоёни таҳсину офарин мебошад.
Ба андешаи мо, Пешвои муаззами миллат ифодагари истиқлолияти сиёсӣ, кафили таъмини волоияти қонун ва роҳбаладу ҳимоятгари манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар мебошад, ки эҳтирому эътирофи ӯ шаъну шараф ва саодати миллист.
Дарвоқеъ, “Мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки он барои хизматҳои бузурги ӯ ба миллат мебошад. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди сарвариаш зам намоем, пеш аз ҳама, қобилияти баланд ва касбияти сиёсии ӯ ҳамчун пешвои сиёсӣ пеши назар меояд, ки ин боиси дастгирӣ ва эҳтирому ифтихор аст”.
Албатта Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳидояти созандагию бунёдкориаш ифтихори миллат, поягузори сулҳу салоҳ ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидааст, ки бо матонату диловарӣ, қаноату баробарӣ ва шуҷоату бобарорӣ тавонист миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд. Ҷунин аст ҳамон садоқату бурдбории миллат, ки фарзандони бо ору-номусаш баҳри Ватан ҷоннисорӣ менамоянд. Ҳамин аст шуҷоатмандию қаҳрамоние, ки як нафар ба ҳайси Сарвар ҳастии худро ба миллат бахшида, ҳаёту зиндагии худро зери хатар гузошта, мардуми парокандаро сарҷамъ карда тавонист. Бинобарин, мо ваҳдати миллиро маҳз яке аз дастоварди стратегияи музокиротии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморем.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба хотири ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо унвони «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида буд, барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт, ки ин ҳама аз ҳидояту ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.
Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат на танҳо поягузори сулҳу ваҳдат, балки меъмори фарҳанги навини замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар ин мартаба ҳамкории мардумро барои пайдо намудани ҳадафҳои миллӣ ҳамеша шоистаи кор медонад. Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ мусоидаткунандаи мавҷудияти фарҳанги бою таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон аст. Ба андешаи мо,чун тарафҳои даргир хатари аз байн рафтани миллату давлатро хуб дарк карданд, чунин як моҷарои таҳмилиро бар сари миллати худ ор донистанд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи тараққиёти кишвари азизамонро хеле коҳиш дод, аммо рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷикро халалдор карда натавонист, мо дар як муддати кутоҳ бо сарварии Пешвои миллат аз уҳдаи ҳадафҳои стратегии дар пеш ниҳодаамон баромада тавонистем.
Маълум аст, ки замони соҳибистиқлолӣ давраи гузаришу эҳё ва дигаргуниҳои нави ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он таҳаввулоти нав ва заминаҳои созандагию бунёдкорӣ ба миён омаданд. Дар ин раванд Пешвои миллат ҳамчун сарвари сиёсӣ дар баробари эҳёи ваҳдати миллӣ тамоми атрибутҳои давлатдорӣ — рамзҳои сиёсиро аз нав барқарору эҳё намуда, ба давлатдории нави тоҷикон ҳусни тоза бахшид. Дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияву шаҳрҳои кишварамон боғҳои парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуданд, ки онҳо дар раванди худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватанпарастии ҷавонони кишвар ҷойгоҳи арзанда доранд.
Ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ эътиқоди ҷавонони кишвар ва умуман мардуми моро ба ватандӯстӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дучанд намуда, барои бошандагони Тоҷикистони азизамон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки рисолати Пешвои миллат бештар ба хислатҳои шахсии ӯ, истеъдод ва маҳорати иҷтимоиаш вобастагӣ дорад, ки дар таҷрибаи зиндагӣ сайқал ёфта, тамоми ҳастии худро ба нафъи мардум ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар менамояд.
Пешвои муаззами мо, марди таҳаммулпазир, сарвари шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор аст, ки ҳамеша мисли парастуи сулҳ муждаи оромию озодиро танинандоз менамояд, ки ин ҳама далели заковати худододии ӯ мебошад. Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба бепарастону камбизоатон, беморону маъюбон, хислатҳои бузургӣ, дурандешӣ ва ҳамдардии ӯ ба ниёзмандони кишварамон мебошад, ки эътирофу эътимоди ӯро дар байни мардум меафзояд ва ин боиси ифтихори ҷавонон ва тоҷикони дунё гардидааст.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо ва баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонони ояндасози кишвар мо тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро аз раванди ваҳдати миллӣ сар карда то сохтмону иншоотҳои бузурги аср: НБО-и Роғун, нерӯгоҳҳои Сангтӯда- 1, Сангтӯда- 2, нақби Истиқлол, нақби Хатлон, нақби Озодӣ , нақби Шаҳристон, роҳҳои паҳнбари оҳани Душанбе-Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, пулҳои байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, сохтмони мактабу бунгоҳҳо, ба таври куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва боз дигар комёбиҳоямонро ҳамеша ба Истиқлолияти сиёсӣ ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд вобастаю пайваста донем.Чунин амал масъулияти худшиносию худогоҳии миллиро дар назди наслҳои нав боз ҳам дучанд намуда, ҳисси ватанхоҳию ватанпарастии мардумро баланд мебардорад.
Дар баробари ин ҳама дастовардҳо, ваҳдати миллӣ падидаи таърихие мебошад, ки ҳама пешравию муваффақиятҳои миллати мо ба он вобаста мебошанд. Ваҳдати миллӣ, пайвандгари қалбҳо ва арзишмандтарин дастовардест, ки бунёди он на ба ҳар миллату халқият мушарраф мегардад. Муҳиммияти ваҳдати миллиро ҳанӯз соли 2012 Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин қайд карда буд, ки: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд». Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа воқеан ҳам, бузургтарин арзишест, ки барои рушду инкишофи кишвари азизамон заминаи босазое гузошта метавонад.
Агар чунин андешаро қабул дошта бошем, ки Ваҳдат раванди ташакуллёбии миллатро метезонад, пас миллат иттиҳоди ризоияти шаҳрвандони як ҷомеа дар як давлати миллӣ мебошад, ки омили асосии унсурҳои ваҳдати миллиро дар як кишвар худи давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад
Маҳз ҳамин ваҳдати миллӣ сабаб мегардад, ки онро ҳамчун инъикосгари истиқлол ва озодии аз ҳама баланду воло мешиносанд. Ҳамаи инро мову шумо дар мисоли ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дастоварди нодир ва баёнгари ваҳдати миллӣ ба хубӣ дарк менамоем. Ҳалли низоъ ва ваҳдати мо имрӯз намуна ва сармашқи корие барои ба танзим даровардани низоъҳои фаъоли кишварҳои ҷаҳон гардидааст, ки онро ҳамчун усули ба ҳам овардани ҷанбаҳои даргир мавриди истифода қарор медиҳанд. Нақши Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи давлатдории нави тоҷикон ин падидаи нав, рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираи таърихӣ ва шахсиятҳои мондагори миллат мебошад, ки асоси назариявию методологии мактаби бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёд менамояд.
Ваҳдати миллӣ орзу ва ормони деринаи миллиест, ки барои миллати мо бо нархи гарон ба даст омадааст, ин роҳу равишест, ки пояҳои худшиносии миллиро мустаҳакаму устувор намуда, мардумро ба созандагию ҳувиятсозӣ ҳидоят менамояд.
Мо — пайравони Пешвои миллат, бунёди минбаъдаи кишварамонро аз ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибиситиқлолӣ медонем. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пушту паноҳи тоҷикони дунё дар ҳодисаҳои охири Афғонистон бо як ҷасорату матонат ва иродаи қавӣ барои пуштибонии тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳанд дар вохӯриҳои сатҳи олӣ бо роҳбарияти кишварҳои ҷаҳон ва инчунин аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ талошҳои зиёд намуда, ҳамеша дар фикру андешаи ҳифз ва пуштибонии тоҷикони дунё мебошанд.
Инчунин эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ аз дастовардҳои дигари Пешвои миллат мебошад.
Ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он яке аз дастовардҳои дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин роҳандозии усули “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои дигари стратегии Президенти кишвар мебошад.
Дастоварди дигари стратегии бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раисии бевоситаи Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар ва ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани “Раванди Душанбе” ба шумор меравад;
Илова бар ин, амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон дастовардҳои дигари стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар охир бояд қайд намуд, ки мо пайравони Пешвои миллат тамоми хизматҳои намудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлати тоҷикон, дастовардҳои стратегии ӯ барои кишвари азизамон ва барои ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар таҳти роҳбарии ин чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳониро муҳим арзёбӣ намуда, мутмаинем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарвозаи бахту иқболи нав барои ба даст овардани андешаҳои бузурги миллӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои нави стратегӣ ва ба марҳилаи сифатан нави рушди устувори давлатдории миллии Тоҷикистонро суръат мебахшанд.