Дар маҷрои таърих халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки садсолаҳо дар орзуи ба даст овардани истиқлолияти миллӣ то имрӯз муборизаҳои зиёд мебаранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият ҳадяи бузурги таърихӣ буд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гардид.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдорӣ тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад, ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷӯъ пайваст ва 9 -сентябр расман Рӯзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Солҳо мегузаранд, вале бо наздик шудани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ саҳми барҷаста ва хизматҳои шоёни Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло пеши назар меояд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ниҳодҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзубуми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Пеш аз истиқлолият ҷомеаи Тоҷикистонро бо дасисаи душманони дохилӣ ва хориҷӣ ҳисси маъюсӣ ва ноумедӣ фаро гирфта буд. Вазъият чунон мураккаб буд, ки зимомдории давлатро ҳеҷ кас ба ӯҳда намегирифт. Дар чунин шароити мураккаби сиёсӣ сарваре лозим буд, ки аз баҳри ҷони худ гузаша, худро барои давлату миллат бахшад.
Тақдири баланди тоҷикон чунин шахсияти барҷастаро ба миён овард, ки бо заҳмати софдилона, ҷасорату шуҷоати шахсӣ тавонист, ки миллат ва давлатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.

Сиёсати сарвари ҷавон Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт ҳамагӣ чил сол дошт, ба сӯйи сулҳу оромӣ, ризоят ва ваҳдат равона шуда буд. Маҳз ҳамин ғояии сиёсӣ, ки шабонарӯзӣ роҳбари ҷавонро ором намегузошт, тавонист, ки ба як ғояи умумимиллӣ табдил ёфта, пеши роҳи хунрезии бемаънӣ ва бетартибиҳои дохилиро гирад. Мардум ташнаи сулҳу оромӣ ва меҳнати осишта буданд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ваъда дод, ки ба халқ куҳи тиллоӣ намедиҳад, аммо то вақте ҷон ба тан дорад, ба халку миллат хизмат намуда, сулҳу оромӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи кишварро таъмин хоҳад намуд ва чунинҳам шуд.

Дар давоми 29-соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути пешниҳод намудани ташаббусҳои созанда нуфуз ва эътибори зиёдро соҳиб гардид. Дар шароити кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ бо зиёда аз 130 давлати ҷаҳон муносибати расмӣ дорад. Аз соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ мебошад. Як нуқтаи муҳимро бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳангоми ҳал кардани муаммоҳои глобалӣ мунтазам иштирок менамояд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми экологӣ, яъне Соли оби тоза эълон шудани соли 2003, «Даҳсолаи амалиёт»-и «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005–2015, Даҳсолаи  байналмилалии  амал “Об   барои  рушди  устувор, солҳои  2018–2028,   пешниҳод шудани истифодаи оби Кӯли Сарез барои давлатҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ, ба кор даровардани агрегати якуму дуюми НБО-и Роғун, инчунин, мунтазам дар зери назар доштани амнияти минтақа далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Новобаста аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар раванди амалигардонии стратегияҳои зикршуда натиҷаҳои назарраси соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат боиси қайд аст. Суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019- ум 7,5 дарсадро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 дарсад, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 дарсад, гардиши савдо 8 дарсад ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 дарсад таъмин карда шуд.

Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.  Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 дарсад зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 дарсад паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.

Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 дарсад афзудааст.

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 дарсад буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 дарсад расонида шуд.

Даврони Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолу  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Тадбирҳои Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани Истиқлолият, бунёди сулҳ, масоили обу энергетика, рушди босуботи иқтисодӣ, мубориза алайхи терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ бесамар нарафта, мо соҳиби мухимтарини гавҳар – Истиқлолияти давлатӣ»шудем, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва назаррас аст.

Салимова Г.Б.,

мутахассиси пешбари раёсати

таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии

МТС-и назди Президенти ҶТ

Чоп кунед