Дар маҷрои таърих халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки садсолаҳо дар орзуи ба даст овардани истиқлолияти миллӣ то имрӯз муборизаҳои зиёд мебаранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият ҳадяи бузурги таърихӣ буд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гардид.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 31 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад, ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-сентябр расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Солҳо мегузаранд, вале бо наздик шудани рӯзи истиқлолияти давлатӣ саҳми барҷаста ва хизматҳои шоёни Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло пеши назар меояд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б. Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Пеш аз истиқлолият ҷомеаи Тоҷикистонро бо дасисаи душманони дохилӣ ва хориҷӣ ҳисси маъюсӣ ва ноумедӣ фаро гирифта буд. Вазъият чунон мураккаб буд, ки давлатро ҳеҷ кас ба уҳда намегирифт. Дар чунин шароити мураккаби сиёсӣ сарваре лозим буд, ки аз бахри ҷони худ гузашта, худро барои давлату миллат бахшад.
Тақдири баланди тоҷикон чунин шахсияти барҷастаро ба миён овард, ки бо меҳнати софдилона, ҷасорату шуҷоати шахсӣ тавонист, ки миллат ва давлатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.
Сиёсати сарвари ҷавон Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт ҳамагӣ 40-сол дошт ба сӯи сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдат равона шуда буд. Маҳз ҳамин идеяи сиёсӣ, ки шабонарӯзӣ роҳбари ҷавонро ором намегузошт, тавонист, ки ба як идеяи умумимиллӣ табдил ёфта, пеши роҳи хунрезии бемаънӣ ва бетартибиҳои дохилиро гирад. Мардум ташнаи сулҳу оромӣ ва меҳнати осишта буданд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ваъда дод, ки ба халқ куҳи тиллоӣ намедиҳад, аммо то вақте, ки ҷон ба тан дорад, ба халку миллат хизмат намуда, сулҳу оромӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи кишварро таъмин хоҳад намуд ва чунин ҳам шуд.
Дар давоми 31-соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути пешниҳод намудани ташаббусҳои созанда нуфуз ва эътибори зиёдро соҳиб гардид. Дар шароити кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ бо зиёда аз 130 давлати ҷаҳон муносибати расмӣ дорад. Аз соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ мебошад. Як нуктаи муҳимро бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳангоми ҳал кардани муаммоҳои глобалӣ мунтазам иштирок менамояд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими экологӣ, яъне соли Оби тоза эълон шудани соли 2003, «Даҳ солаи амалиёт»-и «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028, пешниҳод шудани истифодаи оби Кӯли Сарез барои давлатҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ, истеҳсоли қувваи барқ аз агрегати якуму дуюми НБО – и Роғун, инчунин мунтазам дар зери назар доштани амнияти минтақа далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар раванди амалигардонии стратегияҳои зикршуда натиҷаҳои назарраси соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат боиси қайд аст. Суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021-9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 4,7 банди фоизӣ зиёд мебошад, ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 17,3 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,2 фоиз, савдои дохилӣ – 8,6 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 12,8 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет барои соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 33002852 ҳазор сомонӣ ташкил дод, аз он ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 22592000 ҳазор сомонӣ:
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ – 7938632 ҳазор сомонӣ,
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ – 2472220 ҳазор сомонӣ.
Сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли 2022 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (3,9 фоиз) 0,2 банди фоизӣ зиёд аст. Таваррум аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,0 фоиз ва маҳсулоти ғайриозуқа 2,3 фоиз ташаккул ёфт.
Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.
Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Тадбирҳои Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани истиқлолият, бунёди сулҳ, масоили обу энергетика, рушди босуботи иқтисодӣ, мубориза алайхи терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ бесамар нарафта мо соҳиби мухимтарини гавҳар, яъне «Истиқлолияти давлатӣ» шудем, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва назаррас аст.
Рузиев Аброр Толибович
номзади илмҳои иқтисодӣ,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон