Агар устувории ҳар бинову иморат аз сифат ва таркиби поя ё таҳкурсии он вобастагӣ дошта бошад, пас барои кишварҳои муосири дунё масъалаи амнияту бехатарӣ ва пешгирии тундгароиву ифротгароӣ ба масобаи ҳамин таҳкурсиест, ки ҳар кишварро побарҷо нигаҳ медорад. Дунёи муосир гувоҳ аст, ки аз хатари ифротгароиву терроризм ягон давлат комилан эмин нест, зеро дар ҳоли авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонгароӣ ё глобализм сайёраи замин ба деҳкадае табдил шудааст, ки ягон сарҳад наметавонад сироятшавии ин ё он давлатро аз маризиҳои сахту сангине чун ифроту террор муҳофизат карда тавонад.

Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ давраи ниҳоят ҳассоси таҳкими давлатдории миллиро пушти сар мекунад ва табиист, ки ҷиҳати  ҳалли бисёр масоили доғи замони муосир, хусусан ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ҷумҳурӣ дар пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳо вобаста ба иғвоҳои нав ба нави ифротиён ва гурӯҳҳои тахрибкоре, ки барояшон рушди зиндагии осудаи Тоҷикистон комилан мувофиқ нест, чораандешиҳо мекунад.

Дар Осиёи Марказӣ дар қиёс бо Тоҷикистон давлате нест, ки ба падидаҳои хатарноке, чун терроризму экстремизм бештар ва густардатар  дучор шуда бошад. Дар ягон давлати пасошӯравӣ мисли Тоҷикистон дар заминаи радикализми динӣ ва террори ошкоро муноқишаҳои тӯлонии мусаллаҳона нашудааст ва ягон кишвари ин минтақа монанди Тоҷикистон ба андозаи беш аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарари иқтисодӣ низ надидааст.

Аз рӯи ҳисоби иқтисодшиносон, танҳо баъди соли 2005-ум ҷараёни эҳёи иқтисоди миллӣ сурат гирифта, дар тамоми соҳаҳои марбут ба таъмини некуаҳволии аҳолӣ раванди рушди муътадил ба мушоҳида расид. Шуруъ аз соли 2008-ум рушди устувори иқтисодиёт оғоз шуд. Дар маҷмӯъ, ҷанги таҳмилии дохилие, ки солҳои вазнини 1992-1997 дар Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи неруҳои тахрибкори наҳзатӣ ҷараён гирифт, Тоҷикистонро ба муддати беш аз панҷоҳ сол қафо бурд. Панҷоҳ сол ҳисоби миёнаи як насли одамист ва тасаввур кардан душвор аст, ки агар сиёсати сулҳҷӯёна ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ҳоло ҳар қисмати Тоҷикистонро амиреву сипаҳсолоре мисли Афғонистон идора мекард ва сарнавишти талхи ин кишвари ҳамсоя моро низ интизор буд. Ҳамаи ин ба касофатии терроризму тундгароист.

Ҳоло бояд шукр гуфт, ки дар Тоҷикистон манбаи асосии терроризму ифротгароӣ ва радикализм – ТЭТ ҲНИ решакан шудааст. Бо вуҷуди он ки суди Тоҷикистон ин созмони ифротиро мамнуъ эълон кардааст, намояндагони он дар кишварҳои Аврупо то кунун фаъолияти зиддимиллӣ мебаранд ва вобаста ба ҳар як ҳодисаи ҷудогона, хоҳ марбут ба фарди алоҳида ва ё гурӯҳи муайян мехоҳанд оташи ҷангу хусуматро дубора дар кишвар фурӯзон намоянд. Яъне падидаи терроризм ва ифротро то ба охир нест кардан имкон надорад, ягон давлати дунё то кунун ба ин мақсад нарасидааст, зеро ин падида хусусияти байналмилалӣ пайдо кардааст.

Вобаста ба ҳадафҳо ва ғояҳои ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИ бояд ҳаминро таъкид кард, ки аз замони таъсиси ин ҳизб, фаъолияти он дар давраи то зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва баъдан иштироки фаъоли аъзои он дар табаддулоти соли 2015, инчунин воқеаҳои хатарбори даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ як марҳилаи томи воқеияти таърихи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Тавассути ба як гурӯҳи сиёсӣ ҷалб намудани мардум аз рӯи аломату нишонаҳои эътиқоди динӣ худ аз худ ба ҷудо намудани мардум ба худиву бегона бурда мерасонад ва самарааш ба ҷуз ихтилоф ва зиддияту муноқиша чизи дигаре нест. Бо назардошти тасаввури маъмулии мардум аз дин ва бисёр нозук будани масъалаи тааллуқ доштан ба ин ё он равияи динӣ ва мазҳабҳо таъсиси додани ҳизби динӣ хоставу нохоста ба ҷангу низоъ оварда мерасонад.

Таҷрибаи амалии ҳизбҳои динӣ ҳатто дар давлатҳои нисбатан пешрафта, аз қабили Ҷумҳурии Арабии Миср дар мисоли “Ихвон-ул-муслимин” исбот кардааст, ки ҳизби динӣ наметавонад ба пешрафти давлат ва инкишофи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошад. Лубнон, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.

Яқинан, наҳзатиҳо манбаи терроризм на танҳо дар митақа, балки дар тамоми ҷаҳон ба шумор мераванд. Барои васеъ намудани фаъолияти ифротгароӣ ин ҳизб аз дастгириҳои иттилоотӣ ва молиявии дигар созмонҳои ифротӣ, аз қабили «Гурӯҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо истифода мебарад. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон наҳзатиҳо ҳатто аз номи ислом ва наҳзат даст кашиданд. Эътилофи наверо таъсис дода, онро Паймони миллии Тоҷикистон ном гузоштанд ва роҳбарии онро низ худашон ба даст гирифтанд, ки он аз 15 августи соли 2019 бар асоси аризаи додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ гардид. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки терроризм ва ифрот дар заминаи дин хатари бузурге дорад. Маҳз омили диниро истифода карда, ҳоло ҳам наҳзатиҳо мехоҳанд муноқишаву низоъ бархезонанд, масалан, Кабирӣ дар ҳар баромадаш изҳор мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодиҳои эътиқодӣ риоя намешавад.

Метавон гуфт, ки барои пешгирии минбаъдаи ифроту террор ва ҳама гуна ҳаракатҳои тундгароӣ метавон аз чандин роҳу усулҳои мубориза истифода бурд, ки яке аз онҳо ин аст, ки ниҳодҳои масъули давлатии Тоҷикистон бояд бевосита бо созмону ташкилотҳои ҳуқуқи башари Аврупо, инчунин ҳомиёни ҳуқуқи он давлатҳое, ки дар онҳо наҳзатиҳо фаъолият доранд, бояд кор баранд ва онҳоро мутмаин созанд, ки вазъро дар худи Тоҷикистон омӯхта, бо назардошти рӯҳия ва мавқеи мардуми Тоҷикистон оид ба ин ҳизби манъшуда хулосаҳо бароранд.

Дигар ин ки дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат бояд курсҳои махсус вобаста ба зарари экстремизм ва терроризм, омилҳо ва унсурҳое, ки барои ба вуҷуд омадани ин падидаҳо сабабу замина мегарданд, мавқеи дин дар давлати миллӣ, дин ҳамчун таҳкурсии ахлоқии давлатдорӣ ва ғайра ҷорӣ карда шавад.

Аз ҷониби дигар, дар хориҷи мамлакат таҳсил кардани ҷавонони ниёзманди таҳсилоти динӣ муаммои дигаре ҳаст, ки танҳо бо роҳи қонунгузорӣ ҳал кардани он кам аст. Маълум, ки ҷавонони таҳсилдидаи мадрасаву донишкадаҳои шубҳанок хавфи азиме ба суботи динии кишвар доранд. Маҳз онҳо ақоиди ғайрро ба мамлакат интиқол дода, бо рӯҳониёни муътадил дастбагиребон мешаванд. Ин масъала аллакай тавассути қонунгузории мамлакат роҳи ҳалро пайдо кардааст, аммо таҷрибаи таърихии таҳсил кардани ҷавонон дар марказҳои бузурги динӣ низ мавҷуд аст ва он як ҷузъи фарҳанги таърихии миллати мо ба шумор меравад. Ин падида аз қадим буд, ки мардум ба марказҳои динии хориҷӣ  барои таҳсил мерафтанд ва баъди бозгашт ҳамчун донишмандони дину мазҳаб эътироф мегардиданд.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи мубориза бо ифрот аксуламалеро ба ҷуз донишу ҷаҳонбинии васеи ҷавонон, ҳаматарафа огоҳ будани онҳо аз асосҳои улуми дунявӣ ва дини ислом намедонад. Танҳо ҷавоне, ки дониши хуби илмҳои муосир дорад, метавонад аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошад ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳад.

                                                        Исроил Файзов

коршиноси Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавии

МТС-и назди Президенти ҶТ

Чоп кунед