Беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.

(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, 26.01.2021)

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2020 оғоз шуда, дар он соли сипаришуда барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ омад.

Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

Дар соли сипаригардида ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаври роҳандозӣ карда шуд, аз ҷумла:

  • Бознигарӣ ва ворид намудани тағйирот ба нишондиҳандаҳои қисми даромаду хароҷоти буҷет барои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ;
  • Равона кардани маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб;
  • Омода намудани беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва сафарбар кардани 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19;
  • Пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва ҷубронпулиҳо маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ ҷиҳати дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ;
  • Пешниҳод гардидани имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён дар ҳаҷми 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ;
  • Ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои дастгири субъектҳои соҳибкороии истеҳсолӣ  ва коҳиш додани таъсири пандемия ба онҳо дар ҳаҷми 4 миллиард сомонӣ.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Ҳамин тавр, соли 2020-ум дар натиҷаи тадбиқи босамари мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар паёми соли 2019-уми Пешвои  миллат ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян гардида, инчунин роҳандозӣ гардидани чораҳои фаврӣ оид ба коҳиш додани таъсири бемории сироятии каронавирус COVID-19 бахшҳои иқтисодву иҷтимоии мамлакат бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ба  комёбиҳои зерни ноил гардид, аз ҷумла дар самти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ:

  • Нисбат ба соли 2019-ум зиёда аз 4,5 миллиард сомонӣ зиёд гардидани њаљми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар ин давра, рушди ММД аз ҳисоби соҳаҳои зерин таъмин гардид, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8, гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот бошад, 19,8 дарсад;
  • То 28,3 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти озуқа, барои беҳтар гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд;
  • Ҷалб гардидани беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ;
  • Сохта ба истифода додани 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ. Дар ин давра, маҷмъан зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт;
  • То 17,2 фоиз ё 11,4 миллиард сомонӣ расидани ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад;
  • Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид;
  • Ҳамин тавр, дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Ҳамасола яке аз бахшҳои калидии Паёми Пешвои муаззами миллатро таҳлилу барассии амиқи масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ташкил медиҳад.

Соли 2019-ум Президенти мамлакат дар доираи паёми навбатии худ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила таъмини рушди иқтисоди миллӣ масъулини соҳаро ба ҳаллу фасли як қатор вазифаҳои муҳим дар соли 2020-ум вазифадор намуда буданд, ки дар натиҷа ба натиҷаҳои зерин дар соли сипаригардида оварда расонид:

  • Афзоиш ёфтани ҳаҷми ҷалби сармояи хусусӣ ва дар ин замина, то 10 дарсад расидани ҳиссаи он дар ММД;
  • Ба даҳгонаи кишварҳои  пешсафи ислоҳотгар  шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ташкил ва пешбурди  соҳибкорӣ ва дар ин замина боз ҳам устувор гардидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ;
  • Бо дарназардошти таъсири  пандемияи COVID-19 ба соҳибкории хурду миёна  ва дигар таҳдиду хатарҳои эҳтимоли таҳияи «Барномаи дастгирии  давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои  2021–2030»;
  • Таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав. Бояд таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур дар муқоиса бо Кодекси андози дар соли 2013 қабулгардида аз бисёр ҷиҳат аз ҷумла, аз лиҳози шумораи андозҳо ва меъёрҳои он, инчунин, ба маротиб кам гардидани номгӯйи фаслҳо ва содаю оммафаҳм будани матни он бартарии зиёд дорад. Маҷмӯан, дар беш аз 88 моддаи лоиҳаи Кодекси мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардидаст. Илова бар ин, дар лоиҳаи мазкур мафҳуми нав “Мониторинги андозӣ” ҷорӣ гардидааст, ки аз мутобиқ гардидани он ба меъёрҳои байналмилалӣ дарак медиҳад;
  • Таъсис ёфтани бонки саноативу содиротти Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” дар заминаи Муассисаи давлатии Фонди дастгирии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таъсиси чунин бонк агар аз як тараф, боиси афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигронидашуда гардад, аз ҷониби дигар, дар зиёд гардиданӣ қарзҳои имтиёзнок ва дастрасии соҳибкорон ба он таъсири мусбат мерасонад;
  • Шумораи мақомоти санҷишӣ 5 адад,  номгӯйи мақомоти иҷозатдиҳанда 7 ва  то 27 адад кам гардидани номгӯйи ҳуҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соли 2020;
  • Эълон гардидани мораторияи навбатӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории  истеҳсолӣ ҷиҳати   дастгирии  фаъолияти соҳибкорӣ ва бартараф кардани  монеаҳои мавҷуда дар ин самт;
  • Тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2020 №1544“ Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба  иқтисодии мамлакат. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз шумораи умумии имтиёзҳои дар доираи фарнмони мазкур пешбинигардида тақрибан 60 дарсадаш барои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидааст;
  • Аз 2,9 милиард то ба 39 миллиар сомонӣ расидани ҳаҷми имтиюзу сабукиҳо ба рушди субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2020. Аз ин нишондиҳандаҳо 22,4 миллиар сомонӣ ба имтиёзҳои андозӣ ва 20,7 миллиард сомонӣ имтиёзҳои гумрукӣ рост меояд;
  • Бо ҷалби соҳибкорон ва намояндагони бахши хуссӣ ташкили беш аз 83 корхонаи нави саноатӣ, бо таъсиси 1135 ҷойи кори дар соҳаи саноат;
  • То 3500 адад зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ва аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ бо такя ба бахши хусусӣ таъсиси зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ.

Вазифагузориҳои нав ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву, сармоягузорӣ ва дар ин замина таъмини рушди иқтисоди миллӣ: силсилаи ташаббусу имтиёзҳо дар ин самт

Президенти малакат дар Паёми имсолаи худ таъкид намуданд, ки вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои зерин боз ҳам тақвият бахшад, аз ҷумла:

  • Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем;
  • Ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ;
  • Ҳарчи зудтар бартараф кардани масъалаҳои нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳи идоракунии корпоративӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорҳо ба рушди корхонаҳои истеҳсолӣ;
  • Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғурта;
  • Таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ”;
  • Бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ, таҳияи ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав;
  • Ба роҳ мондани барасмиятдарории фаъолияти сармоягузорӣ тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар;
  • Густариш додани фаъолияти роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, санадҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ;
  • Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ аз пардохти андози ягона озод намудани тамоми кишоварзони мамлакат дар соли 2021;
  • Андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, бастубанд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ.

Аз дастоварду натиҷаҳои назаррас дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақши бахши хусусию соҳибкорӣ дар он метавон хулоса баровард, ки Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунбарории кишвар ҳамчун як ҳамчун  санади стратегӣ, фарогир, тањлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишвао дар ҳамаи самтҳо ба ҳисоб меравад. Чунки дар доираи он мақсаду вазифаҳое пешбини мегарданд, ки воқеан амалишаванда буда, дар натиҷаи тадбиқи онҳо ҳамасола иқтисоди милии мамлакат ва хулоса тамоми бахшҳои ҳайёти ҷомеа ба дастоварҳои назарра ноил мегардад, ки онҳоро мо болотар ба таври алоҳида гуфта гузаштем.

Пешбинӣ мешавад, ки соли 2021 дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифаҳои гузошташуда, пеш аз ҳама истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият ёфта, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз таъмин карда мешавад.

Одианав А.И.,

сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои

соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед