Дар низоми муосири давлатдории Ҷумхурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон санади мухимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи возеҳи рушди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фархангию маънавии Ҷумхурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниходхо ва қутбнамои харакати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танхо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ба ин санади сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну мохияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиханд.

Дар таҷрибаи муосири ҷахонӣ, дар ҷамъбасти хар сол ва дар арафаи соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвари худ Паём ироа намудани Рохбари давлат, яке аз рукнхои мухимми давлати сохибистиқлол ва яке аз рамзхои асосии давлатдории демократию хуқуқбунёд ба хисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Рохбари давлати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ва дар доираи манфиатхои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтхои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, дар хақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонхои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021) роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли моро дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки дар ин муддат ноил гардидем, возеҳу равшан зикр намуданд: “Мардуми шарафманди тоҷик метавонад дар шароити мураккабу буҳрони ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро бояд боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯйи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоранд”.

Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳматҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф  гардида, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳукми анъана ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, барҳақ ва муҳимтарин рӯйдоди сол табдил меёбад ва ба истиқболи гарму самимии тамоми сокинони диёри арҷмандамон сазовор мегардад.  Ҳар як Паём марҳалаи тозаеро дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз мебахшад ва ҳамагонро ба фаъолияти бештару бавусъаттар даъват менамояд. Ҳар як Паём махсусияти худро дорад ва вобаста бо иқдомоту изҳорот ва  ташабусҳои навину ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз ҳамдигар фарқ дорад.

Пешвои муаззами миллат дар зимни Паёми навбатии хеш ба калимаи ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд: “Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад”.

Воқеан ҳам, Тоҷикистони азиз ба ифтихори шарофати истиқлоли давлатӣ ва комёбиҳои беназир мушарраф гашт ва ба кишвари ободу пешрафта табдил ёфт, ки онро дигар мамолики дунё ва расмият мешиносанд ва ҳамчун диёри амну осоишта, сулҳу дӯстиӣ ва ваҳдати миллӣ этироф мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он назаранд, ки барои пешрафти бомароми  мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аз тамомии имкониятҳои мавҷуда хирадмандона бояд истифода бурд.  Дар ин самт соҳаи саноат дорои захираву имконияти бузург аст ва аз ин рӯ, Сарвари давлат дар Паём чунин пешниҳод карданд: “Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноаткунонии босуръати кишвар пешниҳод гардад, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад”.

Тавре аён аст, меҳвари асосии сиёсати давлат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба инсон мебошад. Инчунин, дар Паёми пешвои миллат таъкид мегардад, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳама сарҷамъ бошему аз рӯйи барномаҳою нақшаҳои таҳияшуда амал намоем.

Дар баробари рушди дигар соҳаҳои пешрафта соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат муайян ва солҳои 2022–2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шудааст.

Воқеан, рушди босуръати саноати миллӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда, афзоиши иқтидори содиротӣ ва дар умум, рақобатпазир гардидани иқтисодиёти миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Ҳамчунин, рушди саноат ба рушди соҳаҳои дигар, аз қабили боркашонии нақлиётӣ, тиҷорат, пешрафти илми соҳавӣ, ихтироъкорию кашфиёт, соҳибкасбу боҳунаршавии теъдоди зиёди одамон мусоидат менамояд.

Мусаллам аст, ки истеҳсоли неъматҳои моддӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёт ва дар натиҷа, беҳтарнамоии сифати зиндагии мардум мебошад. Зимнан, рушди саноати миллӣ ба ду самт равона мегардад:

–Маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда;

–Истеҳсоли маҳсулоти содиротшаванда.

Саноати мамлакат асосан дар самтҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, филизоти рангаву қиматбаҳо, саноати сабук (коркарди пилла, пахта, пӯсту пашм), саноати кимиё, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ (коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ) рушд бояд кард.

Итминони комил дорем, ки иҷрои амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешви миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ–саноаткунонии босуръати мамлакат заминагузошта, кишварамонро ба давлати саноатӣ–аграрии пешрафта мубаддал мегардонанд.

Ҳар як фарди ватадӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намояд. Тоҷикистон дорои сарватҳои зиёди табиӣ аст, вале боигарии асосии мо фарзандони бонангу номуси диёранд. Инсонҳое, ки бо ташаббус ва саҳми шоистаи худ муҳити атроф ва ҷаҳонро тағйир медиҳанд ва онро бо таври шоиста ва назаррас дигар мекунанд.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид карданд: “Мо–тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ва ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи насли навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми  олам муаррифӣ мекунем. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ доранд ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ Ватани худро дар ҳамаи соҳаҳо ободу зебо гардонад”.

Паёми навбатии Пешвои миллат хамчун санад ва раҳнамои фарогир, тахлилу баррасии амиқи тамоми сохахои хаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори Тоҷикистонро дар хамаи самтхо дар бар мегирад. Тахлили мазмуну муҳтавои умумии Паём нишон медихад, ки дар мехвари он масъалахои таъмини зиндагии сазовор барои шахрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба хар як фарди ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Дар баробари ин, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори хар як соха ва рафъи камбудихои ҷойдошта дар онхо дастуру супоришхои қатъӣ ва таклифу хидоятхои зарурӣ дода шудаанд.

Хамин тавр, Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон барои соли 2022 бори дигар дидгохи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмехвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмонро ифода ва инъикос намуд. Баррасии мазмуни Паёми имсола низ нишон медихад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат махз арзишхои бунёдие чун бехбуди вазъияти зиндагии мардум, хифзи хуқуқу озодихои шахрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эхёву тақвияти фархангу арзишхои миллӣ, хифзи манфиатхои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, таъмини ҷойгохи устувори кишвар дар сахнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд. Ин Паём бори дигар собит месозад, ки Ҷумхурии Тоҷикистон зери рохбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як мархалаи рушди босуръати худро  сипарӣ карда, ба давраи сифатан нави рушди устувор ворид гардид.

Бинобар ин, барои хамаи мо зарур аст, ки новобаста аз синну сол ва касбу корамон, мазмуну мохияти олии ин хуҷҷати сарнавиштсозро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар атрофи сиёсати вахдатсозу созандаи Пешвои муаззами миллат муттахид бошем. Сиёсате, ки дар он манфиати хар як шахрванди Тоҷикистон ба таври возеху равшан ифода ёфтааст.

 

Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси  Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед