– Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.
Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ки бори дигар аз эътимоду боварии Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон дарак дода, дар навбати худ онҳоро ба ҳифзи манофеи давлату миллат дар замони пурошӯби муосир даъват менамояд. Зеро дар асри технологияи иттилоотӣ, амалан ҳамаи созмонҳои террористӣ дар васоити ахбори умум – шабакаҳои иҷтимоӣ аз сабаби осон дастрас буданашон фаъолият намуда, кӯшиш менамоянд, ки ақлу ҳуши ҷавононро мутеи худ созанд. Агар дар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005-ум 4800 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ ба 10000 расидааст. Гузашта аз ин, феълан дар шабакаҳои интернетӣ сайтҳои зиёди ахборотӣ, ки бо созмонҳои террористӣ робитаи мустақим надоранд, аммо ғояҳои онҳоро меписанданд, хеле афзудааст.
Ҳоло терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом суиистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибонони худ, бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.
Бо назардошти шиддат гирифтани авзои сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Истифодаи қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз бештар мушоҳида мешавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҳифзи манфиатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни олам муқобили ҳам қарор мегиранд, дар натиҷа низоми давлатдории як силсила давлатҳо аз байн меравад. Танҳо соли 2017 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд. Ин вазъро дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон дидан мумкин аст.
Торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таҳдиди бевосита эҷод мекунад. Ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи Додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад.
Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ собит намуд, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои бузург ҳам, ба танҳоӣ амнияти дохилӣ ва хориҷии худро таъмин карда наметавонад ва имкони дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ надорад. Ҳатто, Иттиҳоди Аврупо, ки 30 кишвари аврупоиро дар худ муттаҳид кардааст, бо ин зуҳурот дастбагиребон аст ва дар муқовимат бо терроризм ниёз ба ҳамоҳангӣ бо дигар қудратҳои ҷаҳонро дорад. Ин дар ҳолест, ки чор давлати узви Иттиҳод аз ҷумлаи ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон, ду узви он дорои силоҳҳои ҳастаӣ ва аъзои доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Бо назардошти ин, ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо ИМА ва Россия дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, аслиҳаву яроқи ҳастаӣ, терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ, барои амнияти ҷаҳонӣ аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.
Ҳамагон бояд донанд, ки таассуб дар ҳар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Он, ки тафаккураш таассубист ба терроризму ифротгароӣ ба осонӣ гузариш мекунад. Террорист бошад, аҳли гуфтугӯ ва муколама нест. Таассуби динӣ нисбат ба илм, мухолифати меҳробу минбар роҳест ба сӯйи бунбасти тафаккур, роҳест, ки инсонро ба нокуҷо мебарад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, “таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад”. Террористону ифротгароён воқеияти зиндагиро дуруст дарк намекунанд, аз воқеияту рӯйдодҳо хулосаҳои нодуруст мебароранд. Онҳо аксар вақт аз аҳкоми динӣ донишҳои ноқис доранд. Вокунишашон ба андешаю амали дигарон хушунатбор аст.
Агар таърихи терроризмро варақгардон кунем, хоҳем дид, ки “Бригадаҳои сурх” дар Италия, “Артиши сурхи Ҷопон”, “Ҷунбиши баскҳо” дар Испания, гурӯҳи Квебек барои ҷудоӣ аз Канада, “Созмони томилӣ” дар Ҳиндустон, “Насрониён” дар Нигерия, “Роҳзанони баҳрӣ” дар Сомали, гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Кашмир, ки ба меҳмонхонаи “Тоҷмаҳал” дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ҳамла оварданд, ҳамагӣ гурӯҳу ташкилотҳои террористианд. Ё қазияи Ҳолокост (солҳои 1933 – 1945, яъне дар давраи давлати Германияи фашистӣ), ки боиси марги қариб шаш миллион яҳудӣ ва панҷ миллион лаҳистонӣ гардид, ҳаргиз аз ёди таърихии ҷаҳониён зудуда намегардад. Ин ҷиноятро ном терроризм аст.
Алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд. Дасисаву дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва муқовимат бо онҳо чунин таъкид намуданд: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”. Дар заминаи ин таъкиди Сарвари давлат, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.
Санаи нашр: 19.01.2022 №: 14
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сардори раёсати таъминоти иттилооти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон