Рӯзи 29 декабри  соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи “Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳимми рушди устувор”  баргузор гардид.  Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни  нишасти илмию амалиро  хайрамақдам гуфт  ва қайд кард, ки   амнияти  иҷтимоӣ барои  суботу оромии  ҷомеа,   баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафту рушди устувор аҳамияти  калон дорад. имрӯз суҳбати мо сари масъалаи хеле муҳим ва барои  ҷомеа зарурӣ, яъне  муҳокима ва таҳлили масъалаи амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили рушди устувор бахшида шудааст. Тавре аз  барномаи конфронс баремояд, дар ин самт таваҷҷуҳ бештар ба масъалаи маориф ва илм равона гардидааст, зеро воқеан ҳам, таъмини рушди устувор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот, таъмини рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа бидуни илму маориф, кадрҳои лаёқатманд, тарзи ҳаёти солим ва шароити мусоиди иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, маориф соҳаи афзалиятнок эълон карда шудааст. Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваҷҷуҳи масъулони соҳаро баҳри рафъи камбудиҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, хусусан таҳкими сатҳу сифати дониш ва саводу малакаи мутахасисон ҷалб намуда, таъкид намуданд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф–сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Ин дастур ва ҳидояти Роҳбари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки ба масъалаи илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ ва масъулият зоҳир намоем.

Имрӯз дар ин толор олимону мутахассисон ва намояндагони сохторҳои гуногуни соҳаи маориф,  кормандони идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ ҳузур доранд ва  умеду  боварӣ дорам, ки ин суҳбати илмӣ барои ҳалли мушкилот ва ҳадафҳое, ки дар назди  ин конфронс   қарор доранд,  мусоидат хоҳад кард.  Тавре ки мегӯянд,  “ҳақиқат зодаи баҳс аст” ва мо низ бар он назарем, ки дар ҷараёни суҳбатҳо аз ҷониби ширкаткунандагони муҳтарами маҳфили илмии имрӯза масоили мубрами соҳаи мазкур мавриди баҳс ва муҳокима қарор гирифта, доир ба роҳҳои ҳаллу фасли онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид ва созанда  пешниҳод   мегарданд.

Пӯшида нест, ки  асри ХХ1 замони инқилобҳои  бузурги илмию техникӣ,  иттилоот ва  технологияҳои коммуникатсионӣ, омехташавии босуръати тамаддунҳо ва ғайра буда,  дар ин замина миёни кишварҳои ҷаҳон рақобати шадиде ҳукмфармост. Аз ин рӯ, рақобатпазирии давлатҳо низ бештар аз рӯйи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки  донишҳои навро тавлид ва  самаранок амалӣ месозанд, муқаррар мегардад.  Бинобар ин, дар ин раванд соҳаи илм ва маориф  мақоми шоистаеро соҳиб буда,  барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ бошад, омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад.

Ҳамаи ин ҷо нишастагон ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки  соҳаи  илм ва маориф дар ҷумҳурии мо низ чун дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ  зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба мушкилоту дигаргуниҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ гардида аст ва Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз ин равандҳо дар канор бошад ва мушкилоте, ки дар ҷаҳони муосир доир ба соҳаи таълиму тарбия вуҷуд доранд,  бешубҳа, ҷомеаи моро низ фаро  мегиранд. Ҳамин тариқ,  дар нишасти имрӯза масъалаҳои хеле муҳим ва баҳсталаби соҳаи илм ва маориф ба баррасии шумо  пешниҳод шудаанд ва натиҷагирии мо аз ин ҳамоиш, пеш аз ҳама, аз андешарониҳо ва таҳлилҳои амиқи шумо–иштирокчиён вобастагӣ дорад.

Бояд зикр намуд, ки ҳама гуна андешаҳо ва тавсияҳои арзишманду созанда ба инобат гирифта мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   пешниҳод  мегарданд. Умед дорем, ки нишасти имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иҷтимоӣ дар  кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзӯи “Ҳифз ва таҳкими иқтидори зеҳнӣ–омили муҳимми таъмини рушди устувори ҷомеа”, мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа  Фаррух Худойдодов дар мавзӯи “Тафаккури мантиқӣ – кафили низом, рушд ва суботи ҷомеа”,  мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ  Анвар Бобоев дар мавзӯи “Нақши муҳоҷират дар таъмини амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувор”, ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, полковники милитсия Бозоралӣ Асламов дар мавзӯи “Сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун асоси ташаккулёбии амнияти иҷтимоии инсон”,  муовини сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифбек Шарифзода дар мавзӯи “Коррупсия яке аз омилҳои таҳдидкунандаи амнияти иҷтимоӣ”, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Далер Баҳромбеков дар мавзӯи “Сифати таҳсилот дар мактабҳои олӣ ва таъсири он ба амнияти кишвар”, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯз Миров дар мавзӯи “Амнияти озуқаворӣ–омили рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси маводи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ)”,  докторанти Phd–и кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Ғаюров дар мавзӯи “Мавқеи илм ва маориф дар таъмини амнияти иҷтимоӣ”, раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими амнияти иҷтимоӣ”, муаллими калони кафедраи илмҳои ҷамъиятии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд Фирӯз Ҳошимов дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Арабзода дар мавзӯи “Тарбияи ахлоқии донишҷӯён дар раванди таълими забони англисӣ” маърӯза карданд. Баъдан пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табдули афкори арзишманд  сурат гирифт.

Конфронсро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Абдураҳмон Қурбонов ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед