Дар баробари собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлол гардидан ба мушкилоти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ дучор гардид. Аз ҷумла, соҳаи илму маориф, ки як бахши муҳимми ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар маҳсуб мешавад, дар ҳолати ногувор қарор гирифт. Яке аз мушкилоти асосие, ки то ҳол ҳалли худро мехоҳад, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар ва тайёр намудани мутахассисон дар самтҳои гуногун мебошад. Вобаста ба ин аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлату ҳукумат барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, махсусан дар самти соҳаи табиатшиносӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ диққати махсус зоҳир менамояд.

Ҳанӯз аз солҳои 1996 сар карда, бо мақсади рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти илмҳои дақиқ бо дастгирии Сарвари давлат Фонди Президентии тадқиқотҳои бунёдӣ таъсис дода шуда буд. Дар баробари ин, бо мақсади рушди илмҳои табиию риёзӣ солҳои 2003 «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005 – 2008» қабул гардид. Вале иҷрои барномаи мазкур барои ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур мусоидат накард ва вобаста ба ин соли 2010 «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 – 2020» қабул шуд. Ҳадафи  барнома дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ фароҳам овардани заминаи моддию техникӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ буд.

Азбаски иҷрои ин ҳуҷҷатҳои тақдирсоз дар самти илмҳои дақиқ нигаронкунада мебошад, масъалаи мазкур олимони соҳаи илму маорифи кишварро бетараф гузошта наметавонад. Яке аз олимони тоҷик А.Ш.Қурбонов бо маводи таҳлилии худ доир ба мушкилоти соҳа борҳо баромад намуда, қайд менамоянд, ки «…таҳлили вазъи иҷрои корҳои тадқиқотӣ дар самти мазкури илм собит менамояд, ки сарфи назар аз таъсиси Фонди  мазкур ва кумаку дастгириҳои Ҳукумат вазъи илмҳои бунёдӣ на танҳо тағйир наёфт, балки дар ҳолати боз ҳам ногувортар қарор гирифт. Сифат ва ҳадафҳои асосии тадқиқот аз мадди назари иҷрокунандагон дур монда, натавонистанд илмро бо кашфиёту навовариҳо ғанӣ созанд ва барои рушду нумӯи самтҳои дигари илм дар ҷумҳурӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, масъалаи дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани тадқиқотҳои бунёдӣ дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ хеле муҳим ва мубрам маҳсуб шуда, ислоҳи саривақтии мушкилоти мавҷуда барои марҳилаи нави рушди илми соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард».

Ҳамзамон, олими мазкур таъкид менамояд, ки «… таҳлили раванди  амалӣ гардидани барномаҳои номбурда собит месозад, ки сифати иҷро ва ҳадафҳои асосии онҳо аз мадди назари иҷрокунандагон дур монда, барои тавсеаи тадқиқотҳои бунёдӣ ва илмҳои дақиқу эксперименталӣ ҳанӯз заминаи мусоиди моддию техникӣ муҳайё нагардидааст. Бояд таъкид кард, ки маҳз аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ нагардидани барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи мазкур боиси эродҳои ҷиддии Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид».

Ҳарчанд, ки барои рушди илмҳои мазкур Фонди махсуси Президентӣ фаъолият мекунад ва барномаҳои мушаххас таҳия гардидаанд, вазъи илмҳои табиию риёзӣ, умуман илмҳои дақиқ хеле нигаронкунанда боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, вобаста ба бартараф намудани мушкилот дар ин самт ва рушди минбаъдаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки мақомоти дахлдор «ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд».

Дар мавриди баланд бардоштани сатҳу сифати дониши наврасону ҷавонон Президенти кишвар дар Паёмҳои худ борҳо таъкид намуда буданд. Аз ҷумла, 22 декабри соли 2016, изҳори назар карда буданд, ки «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад». Ҳамзамон, таъкид гардида буд, ки «Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд…».

Вале, мутаассифона, имрӯз сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯёни мо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот на он қадар хуб мебошад. Дар ин самт назорати тарафайн аз тарафи волидон ва муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда нашудааст. Барои он, ки сатҳу сифати дониши хонандагон баланд гардад ва завқи онҳо нисбат ба ин ё он фан бедор гардад, калонсолон бояд худ кунҷков бошанд. Вақте аз тарафи як шахси калонтар баманфиат будани омӯзиши фанҳои гуногун барои азхудкунӣ ва дар оянда соҳибкасб гардидан хуб фаҳмонида шавад, он вақт хонандагон аз овони кӯдакӣ аҳамиятнокии фанҳоро хуб дарк менамоянд. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврас аз зинаҳои аввали ҳаёт оғоз гардида, барои дар самти илмҳои дақик тайёр намудани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд эътибори махсус дода шавад, ки маҳз аз ҳамин омӯзишу ҷаҳонбинии наврасон оғоз мешавад.

Таҳқиқоти дигар кишварҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз наврасону ҷавонон бештар ба омӯхтани илму фанҳое, ки ба рушди ояндаи онҳо таъсири мусбат мерасонанд, диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Як аз таҳқиқоте, ки аз тарафи мутахассисон дар давлатҳои Аврупо соли 2016 дар байни духтарони синни 11 – 18 сола (дар таҳқиқот 9500 нафар хонандаи мактаб аз 9 давлат иштирок намудаанд) гузаронида шудааст, нишон медиҳад, дар он духтарон қайд менамоянд, ки барои дар оянда соҳиби кори хуб ва маоши баланд гардидан, фанҳои математика, физика ва информатикаро хуб азхуд намудан лозим аст. Онҳо дарк намудаанд, ки касбу ихтисосҳое, ки маҳз бо ҳамин фанҳо алоқаманд мебошанд, ояндаи нек доранд. Дар байни онҳо зиёда аз 60% духтарони рус боварӣ доранд, ки донишҳои риёзию физикӣ ва информатикӣ дар ҳаёти ояндаи онҳо муфид мебошанд.

Наврасону ҷавонони ҷумҳурии мо, ки имрӯз тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии кишвар дохил мегарданд, бештар кластерҳои 4–ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5–ум (тиб, биология ва варзиш)–ро интихоб менамоянд. Аз ин бармеояд, ки барои интихоби кластерҳои 1–ум (табиӣ ва техникӣ) корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни довталабон хуб ба роҳ монда нашудааст ва эътибори махсус дода намешавад. Аз шумораи умумии довталабоне, ки дар соли 2019 ба қайд гирифта шудаанд (104 ҳазору 494 нафар), ҳамагӣ 15 ҳазору 999 нафар кластери 1–ум, яъне илмҳои табиӣ ва техникиро интихоб кардаанд. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки наврасону ҷавонони мо ба илмҳои табиию дақиқ ҳавасманд нестанд ё худ аз онҳо дониши кофӣ надоранд.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар барои азхуд кардану омӯхтани илмҳои гуногун, бахусус илмҳои дақиқ дар байни наврасону ҷавонон мушкилоти зиёде ба чашм мерасад. Пеш аз ҳама мушкилоти асосӣ нарасидани омӯзгорони соҳибкасб мебошад, ки онро имрӯз дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мушоҳида кардан мумкин аст. Бахусус дар мактабҳое, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд, то кӣ ба хонандагон нозукиҳои касби худро омӯзонанд.

Ҳарчанд, ки аз рӯи маълумотҳо шумораи умумии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сол аз сол зиёд мегардад, вале сатҳи дониши баъзе омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯ буда наметавонад. Баъзан омӯзгорони ҷавон тасодуфан ба таълими ин ё он фан ҷалб карда мешаванд, ки дар натиҷа таъсири манфии он дар зеҳни хонанда нақш мегузорад.

Чӣ хеле дар боло зикр намудем, омӯзиш ва ба илмҳои дақиқ рӯ овардани хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад, ки дар он омӯзгори баландихтисосу ботаҷриба нақши аввалиндараҷа дорад. Омӯзгороне, ки ботаҷриба ҳастанду мутахассиси соҳаи худ мебошанд, метавонанд завқи хонандагонро бедор созанд ва фаҳмонанд, ки илмҳои дақиқ то чӣ андоза барои ояндаи онҳо ва ҳам барои рушди кишвар муҳиманд.

Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулин бояд чораҳои зарурӣ андешида, мутахассисони баландихтисосу ботаҷрибаро дар самти тайёр намудани илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷалб намоянд.

Назирова М.Н., сармутахассиси

Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед