Боиси ифтихории мардуми тоҷик аст, ки имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмиллалӣ ба нахустин мукофоти олӣ байни сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ – “Нишонаи фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гаштанд. Дар сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ин туҳфаи олимақоми байналмилалиест барои миллати тоҷик, ки чунин Пешвои миллати бузург ва намунавии ҷаҳониро дорад.

Ғайр аз ин, дар раванди 30 соли истиқлолият сиёсатмадорони дунё корнамоии ин шахсияти бузургро ба ҳайси ПЕШВОИ СИЁСӢ эътироф намуда, ӯро боз бо мукофоту ҷоизаҳои байналмиллалии зерин сарфароз гардонидаанд:

  • Мукофоти сулҳи СММ. Мукофоти олии СММ дар соҳаи таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва сулҳи байналмилалӣ буда, Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои шоёнаш дар самти мазкур соли 2007 бо он сарфароз гардидааст;
  • Медали тиллоии Федератсияи Сулҳ ва Ризоият. Ин мукофоти олии Федератсияи Сулҳ ва Ризоияти Қирғизистон буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он ба хотири густариши сулҳ ва якдигарфаҳмии халқу миллатҳо моҳи августи соли 2004 сарфароз гардонида шудааст;
  • Пешвои асри 21. Ин мукофоти созмони ҷамъиятии Шӯрои Аврупоӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, озодии матбуот ба Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои арзандааш дар ҷодаи зикршуда 18 августи соли 2011 супорида шудааст.

Қайд намудан зарур аст, ки фаъолияти ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи махсуси муҳаққиқон, сиёсатшиносон, файласуфон ва ҷомеашиносону ҳуқуқдонон қарор дорад. Дар ин росто, нақши таърихнигорон низ арзанда аст, ки фаъолияти Пешвои миллатро дар пасманзари раванди таърихӣ ва таҳаввулоти азими ҷомеаи мо дар солҳои 90 – уми асри ХХ мавриди таҳқиқу таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳанд.

Таърихи пасошӯравии Тоҷикистон ба таври рӯшан аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими масъалаҳои мушкилу ҳассоси даврони гузариш ва солҳои минбаъда бо ном, мавқеъ ва фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд аст. Дар ҳамин давра сифатҳои пешвоӣ ва фарзонагии ӯ ошкор гардиданд.

Барои тавсифи моҳияти пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду омил ё ду ҷузъ аҳамияти махсус дорад: мақомӣ ва ахлоқӣ. Омили мақомӣ имкон медиҳад, ки мақому ваколати Сарвари давлат бо такя ба салоҳияти хеш дар чаҳорчӯбаи масъулияти конститутсионӣ дарк карда шавад. Ва омили дувумӣ масъулияти ахлоқии Пешвои тоҷиконро дар назди ҷомеа барои ҳифзи субот, амният ва пешрафти давлат фаро мегирад.

Аз нигоҳи мақомӣ Президенти Тоҷикистон чун олитарин мақоми давлатии фарогири идоракунии давлат ва чун қабулкунандаи қарорҳои муайянкунандаи равишу ҷанбаҳои фаъолияти тамоми сохторҳо ва ташкилотҳои идоракунӣ шинохта мешавад.

Дар айни замон, имкониятҳои мақомӣ – вазифавии Президенти ҷумҳурӣ ҳамеша бо чунин тавсифҳои шахсӣ, монанди азму ҷуръати истисноӣ дар қабули қарорҳои сиёсии ғайристандартӣ, софдилӣ, ошкоргӯӣ, эътимоднокӣ дар суҳбатҳо ва дар мулоқотҳо бо мардум, ҳадафмандӣ, амалгароӣ ва боварӣ ба ояндаи неку хушбахтӣ тақвият меёбад.

Рафтори муассири стратегии Сарвари давлат сарчашмаи тағйироти бунёдии ниҳодӣ гардида, имконият дод, ки ҷомеа суботи худро ҳифз намояд, ба сӯи ҳадафҳои муайянгардида пеш равад ва Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр шакл гирад.

Аз ҷониби дигар, стратегияи ҳамкории Сарвари давлат ва ҷомеа ба мутобиқати мутақобилаи манфиатҳо асос ёфтааст. Метавон ин нуктаро ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон тавонист ниҳодҳои куҳнаи шӯравиро бо ниҳодҳои нави ҷавобгӯи замон иваз намояд. Нақши Президенти ҷумҳурӣ дар ин раванд шоистаи таҳсину арзанда аст, чунки имконияти рушди муназзами Тоҷикистонро дар даҳсолаҳои минбаъда фароҳам овард.

Бояд таъкид кард, ки ҳокимият дар шахси Пешвои миллат чун маҳорату қобилияти таъсиррасонии ӯ ба аҳолӣ ва ба қабули қарорҳо дарк карда мешавад. Ҳокимият дар ин маврид бо чунин падидаҳои иҷтимоиву равонӣ, ба монанди «таъсиррасонӣ», «нуфуз», «эътимод» тақвият меёбад, ки тавсифи Пешвои тоҷиконро нисбат ба сохторҳои давлатӣ ва робитаи сиёсию ҳукуматӣ мушаххас менамояд.

Дар тамоми давраи фаъолияти сиёсии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътибору нуфузи баланд бархӯрдор аст, ки имконият медиҳад Пешво ва ҷомеа якҷо ба пеш раванд. Зеро барои пешвоёни сиёсӣ ва давлатмардон доштани қобилияти ифодагарии афкори мардум ва муоширати сиёсии шаклдиҳандаи ризояти мардум муҳим аст.

Эътибору нуфузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни муоширату муколамаи ӯ бо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст. Обрӯю нуфузи рӯзафзун яке аз омилҳои муайянкунандаи рафтори Сарвари давлат гардидаанд, ки ба эътимоду боварии одамон ба сиёсати пешгирифтаи ӯ, ба эътирофи сифатҳои шахсӣ ва ташкилотчигии ӯ, ҷолибияти даъватҳо ва барномаҳои ӯ ва ба дурустию адолати амали ӯ асос ёфтаанд. Эътирофи Президенти Тоҷикистон ба сифати роҳбари бонуфуз ба аҳли ҷомеа имкон медиҳад, ки довталабона ва огоҳона дар рушди давлат ширкат намоянд.

Эътимоду боварӣ ба Президенти Тоҷикистон хислати ҷозибият ва таъсиррасониро медиҳад, ки бидуни баҳси бемавқеъ, вазъиятро воқеъбинона дарк намуда, қарори заруриро интихоб мекунад ва онро амалӣ месозад. Яъне тадбирҳо, арзёбиҳои Президенти Тоҷикистон аз тарафи аҳли ҷомеа қабул мешаванд. Хислати беназири пешвоии сиёсии Президенти ҷумҳурӣ дар ҳамин зоҳир мегардад. Нуфузи ӯ ҳатто дар он ҳолатҳое, ки муътақид кардан мушкил аст, самарабахш воқеъ мегардад. Ин ба таври рӯшан дар ҳолатҳои мураккаб рӯнамо мегардад. Масалан, таъсири манфии буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҷомеаи мо сатҳи баланди эътимод ба Пешвои миллатро баръало нишон дод ва собит сохт.

Хулоса, олиҳимматии Пешвои миллат аз фазилат ва табиати нотакрори ӯ мебошад, ки аз тарафи аксарияти аҳолии кишвар эътироф ва қабул гардидааст. Президенти Тоҷикистон чун шахсияти бонуфузи сиёсӣ муносибат бо аҳли ҷомеаро бар асоси эътимоднокӣ роҳандозӣ намудааст.

Нонат ҳалол бодо,
Эй Пешвои миллат.
З-он дам, ки сарварӣ ту,
Миллат надид иллат.

Чун туст чеҳрахандон,
Имрӯз Тоҷикистон.
Мо фахр бо ту дорем,
Пайгири Оли Сомон.

Фарзона Худойдодова –
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед