Дипломатияи тоҷик дар масири истиқлолият

Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте истиқлолияти давлатиро соҳиб гардид, ҳолаташ ба тифли навтавлиде шабоҳат дошт, ки модараш аз дунё гузаштааст. Аз ин рӯ, бояд худаш ба по мехест, роҳ мерафт ва бузург мешуд. Зиёда аз ин, дар самти бароҳмонии сиёсати хориҷӣ дар кишвар на таҷрибаи кофӣ вуҷуд дошт ва на кадрҳои ботаҷриба. Барои фаъолияти мустақили байналмилалӣ ягон таҳкурсии ҷиддӣ мавҷуд набуд. Тавре дар сарчашмаҳо зикр мешаванд, он замон, яъне соли 1991 теъдоди умумии кормандони умури хориҷӣ, ба истилоҳ дипломатҳо ҳамагӣ 19 нафарро ташкил менамуданд. Новобаста аз ин, кори асосӣ аз дипломатия шурӯъ гардид. Аз як тараф, Ҳукумати кишварро мебоист бо ҷаҳони беруна робита барқарор намояд, аз ҷониби дигар, қувваҳои марказгурези дар дохили кишвар бавуҷудомадаро бояд ба ҳам меовард. Дар ҳар ду маврид низ дипломатияи босамар омили асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, Ҳукумати кишвар ҳам робитаи мустақими худро бо давлатҳо ва ташкилоти байналмилалӣ барқарор кард ва ҳам бо дипломатияи санҷидашуда сулҳу ваҳдатро дар дохили кишвар барқарор сохт. Хуллас, дар кӯтоҳтарин вақти таърихӣ кишвар ҳам аз уҳдаи дипломатияи хориҷӣ ва ҳам дохилӣ ба хубӣ баромад. Аз ин рӯ, дар ин давра барқарор намудани равобит бо ҷаҳони хориҷӣ, дар арсаи байналмилалӣ шиносондани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва ба ҳам овардани тамоми қувваҳои сиёсии ба ҳам зид дар дохили кишвар яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳоло бошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дипломатӣ мавҷуданд, майдони ҳамкориҳои ҳасана бо давлатҳои дунё васеътар мешавад, ташаббусҳои байналмилалии кишвар мавриди эътибор ва амал қарор мешаванд ва ҷумҳуриамон бо 126 давлати дунё муносибатҳои дипломатиашро дар сатҳи олӣ ба роҳ мондааст, беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар амал мекунанд, ки ин дар маҷмӯъ, аз муваффақияти дипломатияи Тоҷикистон далолат мекунад.

Ҳамзамон, дар ин муддат ба ҳайси дипломат ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худ яке аз дастовардҳои беназири дипломатияи тоҷик мебошад.

Татбиқи дипломатияи сулҳи Тоҷикистон

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо тамоми тору пуди худ як падидаи нодири байналмилалӣ дар самти дипломатияи ҳалли низоъ ба ҳисоб меравад. Ин таҷриба то ҳол низ ҳамчун дастурамали СММ ҷиҳати хотима бахшидани низоъ дар минтақаҳои гирифтори ҷанг хизмат мекунад. Бо вуҷуди ин, бояд бо таассуф иқрор шуд, ки фалсафаи ҷанг, ҳадаф ва тактикаву стратегияи он дар замони имрӯз хеле тағйир ёфтааст. Вазъи мавҷуда ҳатто беназиртарин таҷрибаи сулҳофариро дар давлатҳои гирифтори ҷанг ночиз мегардонад. Инро воқеияти ҳоли кишварҳои ҷангзадаи муосир собит месозад, ки сол аз сол фазои сиёсию амниятӣ ва иқтисодии онҳо буҳронитар мегарданд. Зеро ҷанг дар як давлат барои абарқудратҳо муносибтарин фурсат аст барои таъсир ва нуфузи геополитикӣ. Идеяи он ки ҷаҳон рӯз то рӯз зери таъсири ҷаҳонишавӣ ба як деҳаи бузург табдил меёбад, комилан ғалат аст. Баръакс, ҷаҳон рӯз аз рӯз аз як деҳа ба сад маҳалла тақсим мешавад. Дар акси ҳол ҳеҷ як қудрате наметавонист ҳавасманди ҷанг дар ин ё он минтақа бошад. Агар имрӯз баъзе кишварҳо дар минбари кушоду озод як ҳарф аз сулҳи байналмилал гӯянд, пушти дарҳои пӯшида садҳо нақшаро баҳри ноормии минтақае, кишваре тарҳрезӣ мекунанд. Пас, ин чӣ гуна “якдеҳагист”, ки нақшаи нобудии “ҳамдеҳа”-ро мекашанд. Ҳамин бозиҳои бузург аст, ки татбиқи таҷрибаҳои сулҳофариро дар минтақаҳои ҷангзада барбод медиҳанд.

Дипломатияи муваффақ самараи фаъолияти хуби дипломат аст

Чуноне ки мегуянд “Дар куҷое, ки дипломатия хотима меёбад, ҷанг сар мешавад”. Вазифаи дипломатия низ ҳамин аст, ки дӯстро душман нагардонад ва душманро ба дӯст табдил диҳад. Ҳарчанд дар сиёсати бузург ба ғайр аз манфиати миллӣ дигар ҳеҷ чиз доимӣ нест ва ҳеҷ як давлат дӯсти доимӣ ва душманӣ доимӣ надорад, аммо дипломат ба сар задани муносибатҳои оштинопазир бояд роҳ надиҳад. Аз ин рӯ, барои тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳдӯстонаи Тоҷикистон, муносибатҳои шаффофи орӣ аз ғаразҳои сиёсии давлат ниёз ба дипломатҳои варзида меафзояд. Дипломате, ки ҳам маҳорати хуби забондонӣ ва ҳам таҷрибаи бой дошта бошад. Чарлз Фриман, яке дипломатҳои варзидаи амрикоӣ мегуяд: “Аз одамоне, ки қобилияти бо дувоздаҳ забон гап заданро доранд, вале бо ҳеҷ кадоми онҳо фикр карда наметавонанд, эҳтиёт шавед”. Яъне дар баробари таваҷҷуҳ ба масъалаи забондонии кадрҳо, ҳамзамон, ба таҷрибаву малака, ҳатто фитрати модарзодӣ (хислату хӯ)-и онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намудан зарур мебошад.

Хушбахтона, сол то сол сатҳу сифати кадрҳо дар соҳаи дипломатияи тоҷик рушд ёфта истодааст. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, малака, маҳорат ва сифатҳои касбии кормандои соҳаи дипломатия дар Тоҷикистон барномаҳои дақиқи бозомӯзӣ тартиб дода шудааст. Аз ҷумла, дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шудааст, ки ба онҳо кормандони дипломатӣ ҷалб карда мешаванд. Инчунин, барои такмили ихтисоси кормандони Вазорат дар назди Агентии хизмати давлатии назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.

Таҷрибаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар Академияҳои дипломатӣ ва дигар муассисаҳои олии таълимии тахассусии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Эстония, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи ин, кӯшишҳо умедро ба рушду инкишофи боз ҳам бештари дипломатияи кишвар меафзояд.

Дипломатияи мардумӣ то чӣ андоза муҳим аст?

Як нукта мусаллам аст, ки Вазоратии корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори таъмини сиёсати хориҷии кишвар вазифаҳои меҳварии худ, аз ҷумла ҳимояи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳад, манфиатҳои фарҳангию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ бо роҳҳои дипломатӣ таъмин менамояд. Ҳарчанд, ки ин ниҳод вазифаҳои худро сарбаландона анҷом дода истодааст, бо вуҷуди он, набояд ба Вазорат ҳамчун оғоз ва анҷоми дипломатияи кишвар нигарист. Ба мазмуни дигар, дипломатия як соҳаи фарохтар аз масъулияти идоравист. Дар ин самт дипломатияи ғайрирасмӣ ё ба истилоҳи дигар, дипломатияи мардумӣ низ нақши муассир дорад. Сараввал бояд зикр намуд, ки ин чӣ гуна дипломатия аст.

Бояд тазаккур дод, ки дипломатияи мардумӣ фаъолияти ҷамъиятиест, ки шаҳрвандони ташаббускор бо ихтиёри худ ба иҷрои уҳдадориҳо ва вазифаҳои дипломатӣ машғул мешаванд. Ин дипломатияи ғайрикасбист, зеро он аз ҷониби ашхос ё созмонҳое анҷом дода мешавад, ки дорои ҳуқуқ, ва мақоми сиёсӣ ё дипломатӣ нестанд. Дипломатияи мардумӣ, қабл аз ҳама, робитаҳои ғайрирасмии мардуми оддӣ ё созмонҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба беҳтар шудани муносибатҳо, ҳамкориҳои мутақобилан судманд, дарки фарҳанг, анъана ва хусусиятҳои ҳаёти шаҳрвандони кишварҳои гуногун мусоидат мекунанд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар форумҳои гуногуни байналхалқӣ, симпозиумҳо, конфронсҳо ва конгрессҳо иштирок мекунад, алалхусус агар ӯ ба таври ғайрирасмӣ бо намояндагони дигар кишварҳо масъалаҳои муҳими ҳаёти муосири кишварамонро баррасӣ намояд, сафири ғайрирасмии ҷомеаи шаҳрвандии мост, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Баъзан бо иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, барқарор кардани робита, пешбарӣ намудани баъзе ташаббусҳои сиёсию фарҳангӣ, инчунин, миёнаравӣ дар гуфтушунидҳо оид ба ҳалли низоъҳо ё дигар баҳсҳои байналмилалӣ, ашхоси муайян ҳамчун дипломатҳои мардумӣ хидмат мекунанд. Ҳатто ҳангоми сафар ба хориҷа, истироҳат дар давлатҳои дигар вақте шаҳрвандони Тоҷикистон бо аҳолии маҳаллии ин давлатҳо муошират мекунанд, ба дипломати мардумӣ табдил меёбанд, зеро рафтору гуфтори онҳо тасаввуроти муайнро миёни хориҷиён оид ба мардуми мо ва дар маҷмӯъ кишвари азизамон ба вуҷуд меорад. Ин ашхосро метавон таблиғгарони мардумӣ низ номид.

Хусусан, барои зинаи рушди имрӯзаи инкишофи кишвар ниёз ба дипломатияи мардумӣ боз ҳам меафзояд, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуданд ва барои муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои табии кишвар, ҷалби сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ истифодаи неруи дипломатия мардумӣ бисёр муҳим мебошад. Пайдо кардани чунин шахсон ва ҳатто дастгирӣ шудани онҳо аз ҷониби давлат самараи бештар хоҳад дод. Хусусан, онҳое ки дар фазои иттилоотӣ ва маҷозӣ ба ин кор машғуланд, шоистаи дастгирӣ мебошанд. Ҳатто аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис ёфтани ҷоизаи “Дипломати мардумӣ” метавонист басо иқдоми мантиқӣ бошад. Таъсис ва тақдими чунин ҷоизаро ба онҳое метавон пешбинӣ кард, ки дар муаррифии шоиста ва татбиқи сиёсати хориҷии давлат новобаста аз салоҳияти дипломатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Чанд мулоҳиза дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Тоҷикистон

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баёни дипломатияи муваффақ ва дипломатияи байналмилалии кишвар ифодаи ташаббусҳои созандаи он мебошанд. Агар СММ ҷоизае барои давлатҳои узв дар масъалаи пешбарии ташаббусҳои байналмилалӣ медошт, ба эҳтимоли ғолиб Тоҷикистон яке аз пешоҳангони дорандагони ин ҷоиза мебуд. Зеро дар тули фақат ду даҳсолаи охир чандин пешниҳодҳои кишвар дар сатҳи ин созмони бонуфуз қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ки аз ҷумлаи бузургтарини онҳо “дар масъалаи об” мебошад. Воқеан ҳам, дар паҳнои рақобатҳои шадиди геосиёсӣ, ки давлатҳои абарқудрат минбари созмонҳоро баҳри ҳадафҳои ҷангҷӯёнаи худ истифода бурданӣ мешаванд ва мехоҳанд, кӯшишҳои истисмори давлатии худро болои давлати дигар ҳуқуқи эътибори байналмилалӣ диҳанд, ба масъалаи некӯаҳволии умумибашарӣ ва ҳаёти шоистаи сокинони сайёра равона шудани ташаббусҳои Тоҷикистон арзиши баланди сиёсиро соҳиб мебошад. Ҷойи он низ ҳаст, ки дар оянда СММ ҷоизаеро таҳти унвони “Барои ташаббусҳои беназири сатҳи байналмилалӣ” таъсис диҳад ва онро ба кишварҳои узв, ки дар самти ба миён гузоштани ташаббусҳои башардӯстона саҳми асосӣ доранд, сарфароз гардонад. Ин иқдом метавонад барои давлатҳо як занги бознигарӣ ба он тарҳҳое шавад, ки фарҷоми ғайриосоиштаро соҳибанд. Ба истилоҳи дигар, моҳиятан чунин иқдом як кам ҳисси рақобатталабии байналмилалиро дар масъала нуфузхоҳӣ ба рафоқатталабӣ табдил хоҳад дод.

Дигар ин, ки дар тамоми таърихи ҳастии давлату миллатҳо ва робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи байни кишварҳо арзишҳои муайяне нақши асосиро иҷро мекунанд, ба монанди таърих, фарҳанг, иқтисод, сарватҳои зеризаминӣ, ҳамҷаворӣ ва ғайра. Хусусан, омилҳои мазкур предмети асосии рушди ҳамгироии байналмилалӣ маҳсуб меёбанд. Вобаста ба вақту замон ва макон нақши онҳо гоҳ камтар мешаваду гоҳ зам. Дар ин миён, арзиши дигаре ҳаст, ки нақши он ҳамчун рукни муҳими ҳамгироии умумибашарӣ сол то сол зиёдтар мешавад ва он, албатта, забон аст. Хусусан, дар самти ифодаи мавқеи миллию давлатӣ, дипломатияи сулҳу суботи байналмилалӣ ҷойгоҳи забон ва забондонӣ бузург аст. Шояд тамоми арзишҳои дипломатия дар тӯли таърих аз руйи мақом ва аҳамият тағйир ёбанд, аммо забон мавқеи тағйирнаёбанда, балки афзояндаи худро дар дипломатия соҳиб мебошад. Бинобар ин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хусусан забонхое, ки дар СММ забони корӣ эътироф шудаанд (англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ), барои дипломатияи байналмилалӣ бисёр муҳим мебошанд. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад шуморида мешуд, ки як даҳсолаи муайян аз ҷониби СММ “Солҳои забони байналмилал” эълон гардида, дар ҳошияи ин ташаббус кӯшишҳо (таҳияи барномаву нақшаҳои амал) баҳри омӯзонидани ин забонҳо ба насли наврас хоҳ дар доираи низоми маориф ва хоҳ берун аз он таъмин карда мешуд. Ин қадами устуворе барои ҳамгироии халқу миллатҳо хоҳад буд.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои созмону ташкилотсозии муосир ҳамгироии байналмилалиро то нуқтаи ниҳоӣ таъмин карда наметавонанд. Як созмони тозатаъсисро давлатҳои узви созмони дигар барои худ эҷоди рақиб ва таҳдиди нав маънидод мекунанд ва ҳамин тавр рақобатҳо боз шадидтар мегарданд. Зарур дониста мешавад, ки механизмҳои фарҳангии шинохт ва ҳамгироии байналмилалӣ бештар истифода карда шаванд. Иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021, дар баробари моҳияти иқтисодию иҷтимоиаш, ҳамзамон, аҳамияти баландро дар самти ҳамгироии дохилӣ соҳиб мебошад. Шинохти аҳолии як минтақаро аз сокинони минтақаи дигари кишвар бисёр ва арзиши эҳтиром ба ҳаммиллату ҳамдиёриро зиёд мекунад. Ин таҷрибаро метавон дар сатҳи байналмилалӣ низ пешбарӣ намуд. Вобаста ба ин, муҳим шуморида мешавад, ки бо мақсади баланд бурдани сатҳи шинохт ва дараҷаи эҳтирому арҷгузорӣ ба таърих, оин, фарҳанг ва ҳастии байниҳамдигарии миллату давлатҳо дар сатҳи СММ солҳои 2020-2030 “Солҳои рушди сайёҳӣ ва дӯстии байналмилалӣ” эълон карда шавад.

Маъруф Абдуҷабборов, муовини сардори

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Чоп кунед