Имрӯз яке аз шаклҳои ривоҷёфта ва афзалиятдоштаи идоракунӣ дар ҷаҳони муосир, ки аз дараҷаи имрӯзаи донишу маънавиёт ва фаҳми башар берун омадааст, низоми дунявӣ ё секулярӣ маҳсуб аст. Низоми дунявият низомест, ки шоистагии зиндагии инсонро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодиҳояшро кафолат медиҳад. Агар ба таърихи башар назар афканем, фақат инсоният дар дараҷаи ҷомеаи дунявӣ – демократӣ тавонистааст истеъдод ва сиришти хешро пурра ошкор намояд. Зеро меҳвари ҷомеаи дунявиро инсонсолорӣ ва гуманизм ташкил медиҳад. Офтобро бо доман пушонида намешавад, фармудааст халқи хирадманди тоҷик. Ба хурду калон маълум аст, ки ҳар як ибтикоре, ташаббусе, навоварие, ки дар Ватанамон амалӣ гардидааст бе ягон шакку шубҳа ба исми шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон решапайванд аст. Ҳама амал дар қиёс арзиши худро пайдо мекунад. Аз он рӯзҳое, ки Ватани азизамон соҳибихтиёр гардиду бо соири кишварҳои дунё робитаҳои мустақими дипломатиро барқарор намуд, сайъу талошҳои рӯзафзуну талошҳои шабонарӯзи Пешвои муаззами миллатамон буд, ки дар замони ҳассоси ҷаҳони муосир, бархӯрди шигифтангези тамаддунҳо, муборизаҳои ақоиди мухталифи ба ҳам муқобил, талошҳо байни абарқудратҳо дар сайёра номи кишвари тоҷикон- Тоҷикистон ҷовидона чун мамлакати соҳибихтиёру демократӣ масири худро равшан нигоҳ дорад. Имрӯз Президенти Тоҷикистон ҳамчун посдори арзишҳои фарҳангӣ дар ҳафзаи тамаддуни форсизабонони дунё эътироф гардида, пойтахти он шаҳри Душанбе маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар тарғиби ҷуғрофияи фарҳангии форсизабонон мубадал гардидааст.
Хулласи гап, кишвари азизи мо имрӯз дар чанд самт ҳам ба дохил ва ҳам хориҷ густариш меёбаду ҳашамату ҷалол касб карда, бо суръат ба як кишвари модерну замонавӣ мубаддал мегардад. Инро на фақат мо мегўем. Он аз назари мушоҳидакори хориҷиён низ пинҳон нест. Масалан, яке аз ҳамзабонони эронии мо, ки муқими Амрикост таассуроти хешро бо дидаи шаҳомату шуҷоат ва хираду эҳтироми беандоза ба Президенти кишвар баён карда, Сарвари давлатро шахсияти сиёсии фарҳангӣ дар ҳавза ва ҷуғрофияи фарҳанги форсизабонон унвон кардааст, ки бо ирода ва доноии фарҳангӣ аз фарҳанги тамоми форсизабонони олам ҳимоят ва посдорӣ мекунанд. Ин шахсият дар рӯзгор мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳур ва Раҳбари тоҷикони ҷаҳон аст натиҷагирӣ намудааст ҳамзабони мо.
Дар идома меафзояд, ки ҷаҳони имрӯз ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ рӯз дар миён дар қолаби исломи сиёсӣ даргир мешавад ва мақомоти расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигиранд. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолики ба “шарофати” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст.Ин ҳаводиси нохушояндро Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид иброз намуда, зарурати тадбирандешиҳои бетаъхирро дар ин самт таъкид карда буданд.
Дар ҳамин замина, ҳамзабони эрониамон хулоса менамояд, ки номи Президенти давлати Тоҷикистон бо ташаббусу ибтикороти хушояндаш дар ду даҳсолаи охир вирди забони тамоми мардуми дунё гаштааст. Ин далели раднопазир аст,ки бо иқдоми Тоҷикистон ва Роҳбари он дар масъалаи тоза нигоҳ доштани муҳити экологӣ, ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, пешгирии терроризму ифротгароӣ, ғанӣ гардондани арзишҳои миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ чандин ташаббусҳо амалӣ гардонда шуданд.Пешвои муаззами миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикони дунёро ба худшиносию худогоҳӣ ташвиқ намуда, бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат миллати мутамаддини тоҷик, яке аз миллатҳои кӯҳанбунёду фарҳангии дунё, хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд, ҳушёрии сиёсӣ, сабру таҳаммул, ифтихори миллӣ ва сулҳу суботро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар минтақа ҳам бо ҳидоятҳои Президенти мамлакат таҳким бахшад.
Ин баҳо аз ҷониби як коршиноси тавонои ҳамзабонамон, ки албатта, кам мамлакатҳоеро надидааст, басо боварибахш қабул мешаваду муҷиби ифтихор аст.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон