Баъд аз ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, иртиботи мустақими инсонӣ миёни давлат ташаккул ёфт. Ҳамчунин, дар ин чаҳорчӯба, бинобар омилҳои гунонуни ҷойдошта, қишри муайяни аҳолӣ рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварда, дар давлатҳои хориҷ, махсусан Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани шароити буду бош ва фаъолияти шаҳрвандонаш, пайваста бо шарикони байналмиллалии худ дар робита буда, тамоми талошҳоро баҳри осудаҳолӣ ва фаъолияти бехатарии муҳоҷирон ба харҷ медиҳад. Аммо баъзеи шаҳрвандоне, ки берун аз ватан дар давлатҳои хориҷ кору зиндагӣ мекунанд, фирефтаи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд. Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳо  ноором сохтани вазъи кишварҳои  ҷаҳон ва бо ҳар роҳ ба даст овардани эътиқоди мардум мебошад. Зиёде аз ин, гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз дилсофӣ ва содагии ҷавонон суистифода карда, онҳоро ба мисли “донаки гӯгирд барои оташ” истифода мебаранд. Роҳбарон ва ташкилкунандагони ин гурӯҳҳо худ хиёнаткор ва сиёҳдилоне ҳастанд, ки аз давлату миллатамон, аз волидаин худ розӣ набуда, ба чунин ташкилот ҳамроҳ мешаванд ва  дар вақти зарурӣ аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ бар ивази музди ночиз ба ҳар гуна амал сафарбар мегарданд.

Соли ҷорӣ, соли буҳрони байналмиллалӣ дар ҷаҳон буд, ки бо паҳншавии вируси нави COVID-19  алоқаманд мебошад. Мардуми берун аз ватан, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд,  ба душворӣ ва танқисии хеле бузург дучор шуданд. Онҳо андешаи бехатари худро накарда, ба кору фаолияташон идома медоданд. Бетарафӣ ва амал накардан ба тавсияҳои пизишкон сабаби  сироятёбии зиёди  аҳолии ҷаҳон шуд, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи  шаҳрвандон,  чи дар дохил ва  чи дар хориҷи кишвар, тамоми неруи мавҷударо ба харҷ дода истодааст.

Аз ин фурсати вазнини баамаломада мухолифон ва фитнагарони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, худро хайрхоҳу хайрандеш муаррифӣ карда, бо кумаки ночиз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттиллотӣ диққати мардумро ҷалб намуда, ба онҳо нафрат ва хиёнат ба ватанро талқин мекунанд.

Ташкили бетартибиҳо баҳри бесубот кардани ҷомеа аз ин сар мезанад, ки худи ҷавонон ва калонсолоне, ки саводи кофӣ надоранд, барои манфиати худ, гурӯҳ-гурӯҳ одамонро ҷамъ карда, нафрату норозигии худро нисбати давлату миллат мегӯянд. Ин омилу рафтор нафрати шаҳрвандонро ба вуҷуд оварда, ташкилкунандаи гурӯҳҳои мухолифин мешаванд. Нақшаи аввалини онҳо ин аст, ки тарафдорони худро зиёд карда, ба ҳар баҳона хашми хешро боло барад ва то он ҳолате, ки касе сади роҳи онҳо шуда натавонад.

Шакли дигари фаъолияти онҳо ба вуҷуд овардани кинаву адолат миёни одамон буда, бо ин роҳ боиси ноором кардани вазъи ҷомеа мешаванд. Мисоли ошкори ин ҳодисаҳои моҳи охирест, ки дар ИМА бар асари аз ҷониби намояндаи полис кушта шудани шаҳрванди Амрико Ҷорҷ Флоӣд сар зад. Бар асари ин ҳодиса, гурӯҳҳои манфиатдор дарҳол аз он истифода намуда, нооромиҳоеро ба вуҷуд оварданд, ки боиси харобиҳо ва хисоратӣ барои  давлату миллат шуд. Мардумро дар як фазои ноором нигоҳ дошта, худ ба ғоратгарӣ ва ба қатл расонидани чандин коргарони пулис шуданд. Ин қабил гурӯҳҳо ин амалро на танҳо дар Амрико, балки фаъолияти худро дар тамоми сайёра анҷом додан мехоҳанд. Онҳо хуб мардумро меомӯзанд ва онҳоро ба сафедпӯсту сиёҳпӯст, амриқоӣ, африқоӣ, мусалмон ва ғайримусалмон ҷудо карда, ба иззати нафси мардум даст мезананд. Дар натиҷа шаҳрвандон худро ба табақа ҷудо карда,  миёни ҳам задухӯрд ва митингҳо ташкил медиҳанд. Ҳадафи асосии онҳо тавлиди нооромӣ мебошад.

Вобаста ба ин, шинохти амиқи мақсаду ҳадафҳои ин гурӯҳҳо, таҳдиди онҳо ба амну субот, пойдории Истиқлолият ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди масъулиятшиноси ин сарзамин мебошад. Бояд дуруст дарк гардад, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ на ба ҳар давлату миллат насиб мегардад. Истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд, ки танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан мешавад. Истиқлолияти давлат ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошад, ки  Тоҷикистонро  ба парвозҳои баланд мебардоранд.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ  чунин гуфтааст. “Бақои миллат ва иқтидори давлат аз пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ вобастаанд ва дарки ҳамин арзиши ҳаётӣ миллати бостонии моро дар раванди рӯйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт. Фарҳанги сулҳ қутбнамои роҳи бунёдкоронаи истиқлолияти миллии мо гардида, ҳамчун падидаи тоза ва ибратомӯзи ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ вусъат мебахшад”. Ин аст, ки Пешвои миллат аз пойдории ваҳдати ҷовидонаи миллии мо, ба мо бовар карда, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷовидонаи моро боло бурда истодааст.

Ҳар як сокини бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дар баробари ифтихор аз ватани куҳанбунёду соҳибтамаддун ва шукронаи соҳибистиқлолии кишвар тамоми неруи худро барои ҳифзи ваҳдати миллӣ равона карда, дар рушди босуботи фардои кишвар саҳми мустақим гузорад. Мо набояд ба паҳн гаштани андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тақлидкорӣ ва иртиҷоиву тундравӣ дар тафаккури сокинони мо, бахусус қишри ҷавонон, роҳ диҳем, зеро дар тули ташаккули таърихӣ миллати мо миллати бунёдгузори арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон миллати дигар таассуби фарҳангӣ надошт. Ҷавҳари миллати тоҷик аз тафаккури ҳамзистӣ ташаккул ёфта, миллати мо аз гили сулҳу ваҳдат сиришта шудааст.

Саъдии бузург дар китоби, “Гулистон” ба ин мухолифон чунин гуфтааст.

Шамшери нек аз оҳани бад чун кунад касе,

Нокас  ба тарбият нашавад, эй ҳаким кас.

Борон, ки дар латофати табъаш халоф нест ,

Дар боғ лола руяду, дар шӯразор хас .

Бузургони гузаштаи  мо дар асарҳои худ борҳо аз табиати ин мухолифин моро ҳушдор кардаанд, то мо фирефтаи чунин гургон нашавем. Миллати тоҷик аз илму фарҳанг ѓанӣ буда, бо бузургони худ дар ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Мо шукргузори он бояд бошем, ки чунин давлату миллат дорем ва бо фарҳангу забони худ фахр карда, ормонҳои неки худро барои давлату ватани худ амалӣ намоем. Барои ояндаи насли навин китоби нави зиндагиро мегузорем, то ки ба онҳо феълу рафтори хуби мо боқӣ монад. Мо бояд ватандӯсту ватанпарвар шавем, дастгири давлату миллат шавем.  Чунон, ки мегӯянд давлат бе миллат  ҳеҷ аст ва миллат бе давлат хеҷ.  Яке бо дигаре ба мисли киштие аст, ки бо як чӯбча дар даруни об дар ҷойи истодаи худ чарх мезанад ва бо дигаре ба пеш ҳаракат мекунад. Шаҳрванди ин сарзамин дар ҳар куҷое, ки бошанд, фикри худро дар ёди неки ватан гузоранд. Чунон кунад, то номи неки Тоҷикистон то абад боқӣ монад. Мо тоҷикон ору номуси ватандӯстиву ватанпарастӣ дорем ва ин ору номус номи зебои миллати моро то ҳол зиндаву ҷовид кардааст. Пас, биёед, фирефтаи ин мухолифон нашавем, ба ватани худ содиқона хизмат карда, дастгири роҳи ватандӯстии якдигар шавем.

Тағоймуродов Некруз,

мутахассиси Раёсати таҳлил

ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС назди Президенти ҶТ

Чоп кунед