Дар торнамои Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Туркия «Sahibkıran» бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара мақола ба забони туркӣ зери унвони «Orta Asya Devlet Başkanları Onur Madalyası’ Tacikistan Cumhurbaşkanı Emomali Rahmon’a Verildi (Тақдими мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” ба Эмомалӣ Раҳмон) нашр гардид.

Дар мақолаи мазкур оид ба Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маълумот дода шуда, тезисҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шудааст.

Дар идомаи мақола таъкид шудааст, ки барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тақдим гардид.

sahipkiran.org

Чоп кунед