Рӯзи 8-уми феврали соли 2023 Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2022 гузориш дод ва аз ҷумла қайд кард, ки Соли 2022 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ба роҳ мондани фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибии худ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ва ғайра ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи уҳдадории низомномавӣ пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2022 таҳқиқоти анҷомдодашуда аз рӯйи мавзуъҳои зерин сурат гирифт:

  • Раванди ташаккули система ва масоили таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ;
  • Мониторинги амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ;
  • Технологияи сиёсии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма;
  • Самтҳои стратегии модернизатсияи истеҳсолоти саноатӣ;
  • Самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба;
  • Заминаҳои ташаккули инфрасохтори соҳибкориии инноватсионӣ;
  • Самтҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ: мушкилот ва дурнамо.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои мавзуъҳои зикршуда моҳи декабри соли 2022 ба Шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисоботи муфассалро пешниҳод намуд. Ҳолати иҷрои нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам дар ҷаласаҳои МТС мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии МТС дар муддати муайяншуда босифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои дигари мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо дар ин мудат амалӣ гардонида шуданд. Бахусус, муҳокимаи пайвастаи масъалаҳо дар Шурои олимон ва Шурои илмию методӣ судманд буданд.

Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳимми фаъолияти кормандони МТС-ро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони МТС пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ирсол намуданд. Дар давоми соли 2022 кормандони МТС ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 378 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 2338 саҳифа пешниҳод карданд.

Ҳамчунин, ташкили фаъолияти кормандони МТС тавассути масъалагузориҳо дар ҷаласаҳои назоратӣ ҳамеша пайгирӣ карда мешуд, ки дар давоми соли 2022 ин гуна чорабиниҳо 31 маротиба доир гардида, дар онҳо 171 масъалаи вобаста ба ҷанбаҳои гуногун баррасӣ шудааст. Қарорҳои зимни ҷаласаҳои назоратӣ қабулгардида мунтазам таҳти таваҷҷуҳи иҷрокунандагон ва сарпарастони раёсатҳо ҷой дода мешуданд.

Дар давоми соли 2022 ба МТС 810 мактуб ворид гардида, 818 мактуб ирсол шудааст. То имрӯз аз ҷониби МТС ягон мактуби воридотӣ бе ҷавоб намондааст.

Кормандони МТС пайваста дар ҳайати комиссияҳои Ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегиранд. Аз ҷумла, роҳбарият ва мутахассисони МТС дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои зерин иштирок намуданд:

  • Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Иҷро ва амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Ҳадафи шонздаҳуми Рушди Устувори СММ”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: – “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Кумитаи рушди маҳал: “35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Таҳия намудани барномаи нави ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2022-2026”;
  • Гурӯҳи корӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Масъалаҳои рушди соҳибкорӣ”.

Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли ҳисоботии 2022 вусъати тоза пайдо намуданд. Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.

Дар соли 2022 дар МТС аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе 13, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 15 нафар, Донишгоҳи давлатии Данғара 1 нафар, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон 13 донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии кишварамон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни кишварҳо дар фаъолияти МТС муҳим арзёбӣ мегардад. МТС дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро густариш дод. Маркази тадқиоти стратегӣ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, Маркази СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти назариявию амалиро дорост. МТС дар давоми соли 2022-ум 10 мизи гирд, 12 конфронси илмию амалӣ, 2 семинари илмию машваратӣ баргузор намуд. Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар матбуоти давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии МТС нашр гардиданд.

Дар ин давра кормандони МТС дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 98 маъруза ироа карда, беш аз 186 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, кормандони МТС дар 28 конфронсу форумҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Тавсеаи фаъолияти нашриявӣ имконият фароҳам меорад, ки маҳсули фаъолияти коршиносони МТС ба муҳити васеътар роҳ ёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобча таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар давраи ҳисоботӣ 9 рисолаи илмии кормандони МТС дар шакли китоб ба нашр расид. Маҷмуаи калонҳаҷм таҳти унвони “Сулҳ ва амният дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз тарафи кормандони МТС таҳия шуд, ки дар арафаи ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ (санаи 22 июни соли 2022) дар доираи васеъ рӯйнамоӣ гардид. Ду маҷмуа дар мавзуъҳои “Иҷлосияи тақдирсоз: Шиор ва фишурдаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.-Душанбе, 2022.-37 с.” ва «Истиқлолият. Матни шиору овезаҳо бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон), Душанбе, 2022.- 50 с.” таҳия ва дар шакли электронӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Сомонаи интернетии МТС ва нашри маҷаллаҳои илмии “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомонаи интернетии МТС ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони МТС нашр гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии МТС 1036 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардидаанд, ки дар бахши тоҷикӣ–520 адад, русӣ –330 адад ва англисӣ–186 ададро ташкил медиҳанд. Кормандони МТС дар соли 2022 беш аз 82 тақриз ба рисолаву мақолаҳо навиштанд.

Дар соли 2022 ба сомонаи МТС беш аз 1 900 830 нафар хонанда ворид шуда, маводу матолиби онро мутолиа намуданд. Шумораи хонандагони сомона дар як рӯз 9442, дар як ҳафта 106628 нафар, дар як моҳ 391159 хонандаро ташкил дод.

Дар сомонаи МТС нусхаҳои электронии маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар шакли PDF ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон метавонанд истифода баранд. Дар сомона тамоми чорабиниҳои дар МТС гузаронидашуда саривақт инъикоси худро ёфтанд.

Маркази тадқиқоти стратегӣ дар соли 2022 маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва маҷаллаи «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» чаҳор шуморагӣ ба нашр расонид. Миқдори умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони МТС дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 143 ададро ташкил медиҳад.

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ низ мавриди таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ қарор дорад. Дар соли 2022 роҳбарият ва кормандони МТС дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд.

Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони МТС-ро дар сатҳҳои берунӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дошт. МТС барои вусъатбахшии бештари ҳамкориҳо бо марказҳои зеҳнии кишварҳои дигар бо ирсоли мактуб тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик муроҷиат намуд.

Дар соли 2022 ду таҳқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби кормандони МТС вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дар шароити хеле мураккаби имрӯза доир гардид. Натиҷаҳои онҳо дар раванди омодасозии таҳлилу гузоришҳо васеъ истифода гардиданд.

Маркази тадқиқоти стратегӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқаи бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№16/10-112 аз 19.05.2022) аз моҳи август то ноябри соли 2022 таҳқиқоти сотсиологиро дар 26 шаҳру ноҳияи Тољикистон баргузор намуд. Аз натиҷаи таҳқиқот дар ҳаҷми 30 саҳифа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилии муфассал фиристода шуд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 69-уми Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) дар якҷоягӣ бо Агенти назоратии молиявӣ ва муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани таҳқиқот дар мавзуи “Муқаррар намудани сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳқиқоти сотсилогиро дар байни аҳолӣ 17 октябри соли 2022 гузаронид. Аз натиҷаи таҳқиқот дар ҳаҷми 49 саҳифа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилии муфассал ирсол гардид.

Роҳбарияти МТС дар соли 2022 чунин вохӯриҳоро доир намуд:

–Мулоқот бо намояндаи Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ.

–Мулоқот бо Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–Мулоқот бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–Мулоқот бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ.

–Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–Вохӯрӣ бо ҳайати дипломатии Исроил.

–Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

–Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар соли 2022 ду нафар корманди Марказ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд ва се нафари онҳо бо мукофоти давлатӣ–медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.

Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод.

Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовинони директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, Саодат Ҷӯрахонзода ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои гуногуни рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ посухҳои қаноатбахш доданд.

Нишасти матбуотӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед