Рӯзи 26-уми июли соли 2021 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Нишасти матбуотиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода, доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар нимсолаи аввали соли 2021 гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар дар шаш моҳи соли 2021 бо мақсади амалишавии сиёсати давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон фаъолият намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.
Дар шаш моҳи аввали соли 2021 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият анҷом дод:
- Дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ
Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2021 таҳқиқот дар самтҳои зерин мегузарад:
- Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он (СД–№0121TJ1105).
- Роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон (СД–№0121J1104).
Дар доираи самтҳои мазкур пажӯҳиш дар мавзӯъҳои зерин гузаронида мешавад:
- Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, мундариҷа, таҳаввулот ва ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ;
- Моҳият ва усули арзёбии амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир;
- Технологияи сиёсии ҳамкории ниҳодҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Трансформатсияи сохтории иқтисодиёт ва мушкилоти навсозии инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хусусиятҳо ва заминаҳои такмили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
- Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Амнияти иҷтимоӣ: муҳтаво ва махсусиятҳои он дар марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар аввали сол корҳои илмиву таҳқиқотии раёсатҳо дар ҷаласаҳои Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда бо сифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо ба нақша гирифта шудааст.
- Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ
Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 23 нафар, аз ҷумла 12 доктори илм ва 5 номзади илм фаъолият кард. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмӣ дар қатори олимони Марказ олимону мутахассисон аз дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ низ дохил карда шуданд.
Шӯрои илмию методии Марказ аз 17 нафар иборат аст. Дар Шӯрои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии марказ оид ба натиҷагирии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2021 ва солҳои 2021–2025 доир гардиданд.
- Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ
Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 46 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1043 саҳифа пешниҳод карданд.
- Иштирок дар комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ
Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:
- Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба “Таҳсилоти босифат” дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гурӯҳи корӣ дар Прокуратураи генералӣ оид ба “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Лоиҳаи таҳқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:”Таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав”.
- Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ
Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат амалӣ намуд.
Дар шаш моҳи соли 2021 дар Марказ аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 4 нафар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 9 нафар, дар маҷмӯъ, 45 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.
- Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
- Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд
Марказ дар шаш моҳи соли ҷорӣ чорабиниҳои илмию амалӣ дар мавзӯъҳои зерин баргузор намуд:
Мизи гирд дар мавзӯи “Дидгоҳи давлатмеҳвар ва масъалаҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ“ (18.03.2021), конфронси байналмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи “Таъмини амнияти иқтисодӣ: таҳдидҳо ва дурнамо” (20.04.2021), “Нишасти маҷозии муштарак бо Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Эрон” (11.05.2021), мизи гирд дар мавзӯи “Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ“ (21.05.21), конфронси муштараки илмию амалӣ дар мавзӯи “Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (03.06.2021), мизи гирд дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ“ (8.06.2021), видеоконфронси маҷозӣ таҳти унвони “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд” (16.06.2021), видеоконфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, фазои боз–асоси пешрафти ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон” (17.06.2021), видеоконфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони “20-соли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): таассурот ва дурнамо” (24.06.21–24.06.21), “Форуми байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба амнияти иттилоотӣ“ (29.06.2021).
Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ гузошта шуданд.
Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 85 маърӯза суханронӣ карда, беш аз 254 мавод дар васоити ахбори омма нашр намуданд.
Дар Марказ то охири соли 2021 боз беш аз дувоздаҳ чорабинии илмию амалӣ баргузор мегардад.
- Фаъолияти нашриявӣ
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобча таҳия намуда (дар ҳаҷми 60 саҳифа, дар шакли электронӣ), ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
- Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо
Марказ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии марказҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ҳамкориҳои самарабахш дорад.
- Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”
Сомонаи Марказ (www.mts.tj) ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва китобҳои таълифнамудаи кормандони Марказ ҷой дода шудаанд. Дар ин давра дар сомонаи интернетии Марказ 433 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шуданд.
Дар ин давра шумораи якуми маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» №1 (73) соли 2021 бо теъдоди 25 мақола ба нашр расид. Шумораи №2(74)-и нашрияи номбурда бо теъдоди 26 мақола таҳияву таҳрир гардида, барои чоп омода карда шуд. Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи мазкур ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд.
Кормандони Марказ дар нимсолаи якуми соли 2021 беш аз 254 мавод, мусоҳиба ва суханронӣ дар васоити ахбори омма (ВАО) доир намуданд.
- Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ
Дар шаш моҳи аввали соли 2021 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ва корхонаҳои давлатӣ бештар аз 54 адад буд.
Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2021 фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод.
Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовининони директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, Саодат Ҷӯрахонзода ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои рўзноманигорони ватанию хориҷӣ посух доданд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон