Рӯзи 5 феврали соли 2025 Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони зиёд аз васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Ҳамоишро котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонномзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатов ифтитоҳ намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ хайрамақдам гуфт.Сипас директори Марказ Хайриддин Усмонзода доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2024 ба таври мухтасар гузориш ироа намуданд.

Бояд гуфт, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда дар муддати ҳисоботии соли 2024 тавонистааст фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибии худро дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра мақсаднок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои мусбат ноил гардад. Пеш аз ҳама, Низомномаи нави Марказ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.10.2024, № 878 ба имзо расид. Ин санад вазифаҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси ниҳоди мутамаркази илмӣ, таҳлилӣ ва машваратии кишвар вобаста ба равандҳои имрӯзаи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон, минтақа ва ҷаҳон мушаххасу ҳадафмандона муайян кардааст.

Ҳамзамон, соли равон Марказ аз аккредитатсияи давлатӣ барои солҳои 2025–2029 гузашта, санаи 30.10 2024 бо қарори Агентиии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатнома гашт.

Зикр намудан ҷоиз аст, ки таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ як ҷузъи муҳимми фаъолияти Марказро ташкил медиҳад. Бинобар ин дар соли 2024 Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ ирсол намудааст.

Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии аз аввали соли 2024 таҳиягашта, вобаста ба мавзуъҳои “Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он”, “Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пажуҳишҳо роҳандозӣ гардида, дар заминаи онҳо таҳияи маърузаҳои илмию гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ доир гардид.

Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз коршиносони Марказ низ зимни пажуҳишҳояшон ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таъсири ин равандҳо ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон равона намуданд. Дидгоҳу баҳодиҳиҳои муносибу саривақтии кормандон ба ин равандҳо, пешниҳоду тавсияю таҳлилҳои саривақтияшон доир ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақа ва ҷаҳон аз фаъолияти пурсамари Марказ дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб мешавад.

Пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Айни замон, муассиса бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки аз обрӯ ва нуфузи ин ниҳод дарак медиҳад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дорад. Барои тавсеаи ҳамкориҳои берунӣ дар ин муддат дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ Марказ бо намояндагони кишварҳою ташкилотҳои байналмилалӣ 12 суҳбату вохӯриро доир намудааст.

Дар соли 2024 Маркази тадқиқоти стратегӣ бо ниҳодҳои таҳлилии зерин Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расонд: Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланжоу, Институти илмӣ-тадқиқотӣ иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ассамблеияи парлумонии СААД.

Ҳамзамон, санаи 15-17 январи соли 2025 зимни сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури роҳбарони ду кишвар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажуҳишии Шурои исломии Эрон ба имзо расид.

Аз ҷониби Марказ дар соли 2024 ду чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз ҷумла моҳи апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси муштараки Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар мавзуи “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ” баргузор гардид. Инчунин дар заминаи нақшаи чорабиниҳои канорӣ дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси муштараки байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» баргузор гашт.

Маҷаллаҳои илмии Марказ таҳти унвони “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” дар рӯйхати нашрияҳои эътиборноки доираҳои илму маорифи дохилию берунӣ қарор дорад. Мақолаҳои маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар индекси иқтибосҳои илмии Федератсияи Русия (РИНЦ) пайваста ворид карда мешаванд. Тавсеаи фаъолияти нашриявии Марказро қайд кардан мумкин аст, зеро бе танаффус ба нашр расидани ду маҷаллаи эътиборноки Марказ амали шоиста аст.

Фаъолияти нашрияии Марказ дар соли сипаригардида қонеъкунанда арзёбӣ мешавад. Дар ин самт имкон фароҳам омад, ки чандин китобҳои кормандон, бахусус бахшида ба 30 – солагии Марказ, китоби ҷашнӣ таҳти унвони “30-сол дар масири таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ” (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), инчунин маҷмуи мақолаҳои конфронс ва мизҳои гирдро, ки тайи соли 2024 дар Марказ баргузор шуданд, таҳти унвони “Масъалаҳои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҳозира” нашр намуд. Инчунин, дар соли сипаригардида бетанаффус ба нашр расидани ду маҷаллаи эътиборноки Марказ амали шоиста аз фаъолияти бахши мазкур аст.

Дар ин давра шумораи умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони Марказ дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 202 адад ва дар маҷаллаҳои илмию таҳлилӣ 127 ададро ташкил медиҳад.

Дар соли 2024 Раёсати таъмини иттилоотӣ маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният»-ро бо шумули 164 мақола ба чоп расонид.Қайд намудан зарур аст, ки маҷаллаҳои мазкур аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди рӯйхати нашрияҳои эътиборнок шуданд. Тамоми мақолаҳои маҷаллаҳои Марказ дар индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) пайваста дохил карда мешаванд.

Дар фазои иттилоотии кишвар сомонаи муассиса низ ҷойгоҳи муносиб дорад. Сомонаи интернетии Марказ дар соли 2024, 1007 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардидаанд, ки дар бахши тоҷикӣ 471 адад, русӣ 321 адад ва англисӣ 215 ададро ташкил медиҳад. Ба сомона дар давраи ҳисоботӣ беш 1,3 млн. нафар хонанда ворид шуда маводҳои онро мутолиа намуданд.

Инчунин, дар сомонаҳои иҷтимоии фейсбук бо номи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” ва “Стратег” саҳифаҳои махсуси худро кушодааст, ки тамоми чорабиниҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ дар онҳо пахш мегарданд. Дар сомонаи иҷтимоии фейсбукии гурӯҳи “Стратег” 770 нафар ва дар гурӯҳи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” 800 нафар муштариён обуна ҳастанд.

Ҳамкорӣ бо ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ фаъол буд. Дар соли 2024 роҳбарият ва кормандони Марказ беш аз 235 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд.

Мақолаҳои таҳлилии мутахассисони Марказ соли равон 18 маротиба дар АМИТ “Ховар” рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, маҷаллаҳои илмии муассисаҳои олӣ ва сайтҳои мустақилӣ вазорату идораҳо бознашр гардидаанд.

Робита бо ВАО-и хориҷӣ низ дар соли равон назаррас буда, кормандони Марказ тариқи шабакаи “Телевизионии 24”- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон 3 маротиба, Қазоқистон 4, Туркманистон 2 маротиба ва 6 маротиба тавассути Ширкати байналмилалии садо ва симои “МИР”, зимни баргузории чорабиниҳои муштараки сиёсии байнидавлатӣ мусоҳибаҳо баргузор намуданд.

Фаъолияти имсолаи кормандони Марказ бо илҳому руҳияи пурбор аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талоши саҳмгузорӣ дар амалисозии дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати сиёсӣ дарҷгардида идома дорад.Дар робита ба ин, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобӣ дар ҳаҷми 50 саҳифа таҳия намуда, бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ ба вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар ирсол намуд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ба саволҳои гуногуни рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ, ки асосан фарогири масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буданд, бо истинод бо далелҳои дақиқу муътамад посӯхҳои қаноатбахш доданд.

Фаъолияти муназзами Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони пур аз ҳасоси имрӯза аз дидгоҳи наву муосир ба таҳлил ва ояндабинии рушди устувори мамлакат нигаронида шудааст.

Нишасти матбуотӣ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии
 Тоҷикистон

Чоп кунед