Рӯзи  24-уми июли соли 2020 Нишасти матбуотии Маркази тадқикоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш  намояндагони васоити ахбори  оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти матбуотиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода, намоядагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва тарғиботиву ташкилии Марказ  дар  нимсолаи аввали соли 2020 ба таври мухтасар гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Марказ ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин,  такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  менамояд. Дар нимсолаи  аввали  соли 2020 Марказ дар доираи  нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1.Дар самти корҳои илмию пажӯҳишӣ

Аз рўйи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2020  таҳқиқот аз рўйи мавзўъҳои зерин гузаронида шуда истодааст:

  • Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои  соли 2020 дар доираи самтҳои мазкур таҳқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида  мешавад:

  • Дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ дар он;
  • Стратегияи сармоягузорӣ дар таъмини рушди кишвар;
  • Омилҳои таъмини амнияти миллӣ дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва дурнамои он;
  • Стратегияи идоракунии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагириҳои миёндаврӣ аз татбиқи амалии он;
  • Стратегияи рушди соҳибкорӣ–асоси фаъолияти босуботи иқтисодиёти кишвар;
  • Самтҳои асосӣ (стратегӣ), вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди амнияти иҷтимоии кишвар барои солҳои 2021–2025.
  1. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию пажӯҳишӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дигари дахлдор омода намуда, ирсол намуданд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 кормандони Марказ 72 гузориши таҳлилӣ ва  иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 684 саҳифа  пешниҳод карданд.

  1. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла,  намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази дипломатияи боздоранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод.

Марказ узви  Маркази  таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони  Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
4. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум  ва  мизҳои  гирд

Марказ бо сабаби густариши пандемияи  COVID–19 чорабиниҳои илмию амалии худро пурра ва сари вақт гузаронида натавонист, танҳо дар  вебмашварати корӣ  доир  ба омодагӣ  ба баргузории нишасти сеюми форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ бахшида ба  солгарди қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ду маротиба ба таври онлайнӣ фаъолона ширкат варзид.  Аз ин рӯ,  дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ  на камтар аз 25 чорабинии илмию амалӣ баргузор гардад.

Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо,  мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор  шуданд,  бо 105 маърӯза суханронӣ карда,  беш аз 210 маротиба дар васоити ахбори омма  баромад намуданд.

  1. Фаъолияти нашриявӣ

Марказ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳии “Нуктаҳои асосии Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он”-ро таҳия намуда (дар ҳаҷми 80 саҳифа, дар шакли электронӣ)  ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҶТ ирсол намуд.

  1. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо

МТС-и назди Президенти ҶТ бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон  робитаҳои  хуби корӣ дорад.

  1. Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. 

Сомонаи Марказ (www.mts.tj) ба таври доимӣ  фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарўза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи  “Тоҷикистон ва ҷаҳони  имрӯз” ва китобҳои  Марказ ҷой дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2020  Марказ  шумораи якуми маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”-ро бо 24 мақола ва шумораи дуюми онро  бо  26 мақола ба чоп расонид.  Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи интернетӣ ҷойгир карда шудааст, ки ниёзмандон ва кормандони Марказ метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд.

Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 280 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.

Сипас директори Маркази тадқиоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, муовини директори Марказ Саодат Ҷӯрахонзода ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои рузноманигорони  ватанию хориҷӣ  посухҳои қаноатбахш  доданд.

Нишасти матбуотӣ  дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуотии  Маркази

тадқиқоти стратегии  назди

 Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Чоп кунед