Нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 2 июни соли 2023 дар шаҳри Чолпон-Ата баргузор шуд, аҳаммияти бузурги таърихӣ  пайдо кард. Ин ба он далел аст, ки Осиёи Марказӣ як минтақаи муҳиммест, ки барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳодии Аврупо аҳамияти геополитикӣ ва иқтисодӣ дорад.

Яке аз мавзуъҳои аслии мулоқот таҳкими равобити иқтисодӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодии Аврупо буд. Фароҳам овардани чунин шароит барои рушди минбаъдаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар ҳар ду минтақа аҳаммияти хоссае пайдо менамояд.

Илова бар ин, дар мулоқот масъалаи амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ шуданд. Пешгирии чунин мушкилот аҳаммияти байналмилалӣ дошта, ҷидду ҷаҳди якҷояи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро талаб менамоянд.

Ҳамин тариқ, мулоқоти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо як қадами муҳимме дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи ду минтақа ва ҳалли мушкилоти муштарак буда, густариши ҳамкориҳоро аҳаммиятнокро тақозо менамояд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо минтақаҳои Аврупо, махсусан Иттиҳоди Аврупо робитаҳои тулонии таърихӣ доранд. Ин муносибатҳо қариб дар ҳамаи самтҳо зуҳур намуда, соҳаҳои гуноугуни дипломатия, илму маориф, фарҳангу санъат ва тиҷорату иқтисодро фаро мегирад. Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи авлавиятнокро соҳиб мебошад. Чунки аз оғози асри XXI дар муносибатҳои кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо тағйироти куллии мусбат ба вуқӯъ пайваст ва ин тамоюл сол то сол тақвият меёбад.

Аз ҷумла дар консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳимми иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад”.

Воқеан ҳам чунин ҳамкорӣ, дар маҷмуъ, ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Шурои Аврупо, Бонки Сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигарро дар бар хоҳад гирифт.

Ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо аз оғози солҳои 2000-ум бемайлон рушд мекунанд. Ин тарзи шарикӣ барои ҳарду минтақа сӯдманд буда, ба давлатҳо имкон дод, ки дар як қатор масъалаҳо, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, амният ва ҳуқуқи башар ҳамкорӣ намоянд. Вижагиҳои асосии ин ҳамкориҳо дар нуктаҳои зерин ифода мегарданд:

  1. Ҳамкории иқтисодӣ. Яке аз ҳадафҳои аслии шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар минтақа мебошад. Ин тавассути як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла барномаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки ба рушди корхонаҳои хурду миёна дар минтақа маблағгузорӣ намуда, ба даст омадааст. Иттиҳодии Аврупо ҳамчунин, бо таъсиси Созишномаи чаҳорчӯбаи тиҷорат ва сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2019 барои пешбурди тиҷорат миёни ду минтақа талош варзидааст.
  2. Ҳамкорӣ дар соҳаи амният. Самти дигари муҳимми ҳамкорӣ соҳаи таъмини амният мебошад. Иттиҳодияи Аврупо барои ҳалли мушкилоти муштараки амниятӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии таҳияи стратегияҳои амнияти миллӣ ва омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маблағгузорӣ ва кумаки техникӣ ироа менамояд. Илова бар ин, Иттиҳодияи Аврупо барои пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаҳои амниятӣ, аз қабили таъсиси Барномаи идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ талош менамояд.
  3. Ҳамкорӣ доир ба ҳуқуқи инсон. Иттиҳодии Аврупо яке аз ҳомиёни фаъоли ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ буда, барои мусоидат ба эҳтирому арҷгузории бештари ҳуқуқи башар дар минтақа талош мекунад. Ин аз дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар инчунин, муошират бо ҳукуматҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон иборат мебошад. Иттиҳоди Аврупо инчунин, барои пешбурди баробарии гендерӣ дар минтақа тавассути ташаббусҳо, аз қабили Платформаи волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ барои ҳимояи ҳуқуқи занон ҳамкорӣ мекунад.
  4. Ҳамкории экологӣ. Ҳамкориҳои экологӣ низ яке аз самти асосии таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди рушди устувор дар минтақа тавассути ташаббусҳо, ба монанди барномаи “Water Nexus program” дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ҳадафаш беҳбуди идоракунии об дар минтақа мебошад, шаклҳои гуогуни ҳамкориро дастгирӣ менамояд. Иттиҳоди Аврупо инчунин, барои пешбурди неруи барқароршаванда дар минтақа тавассути ташаббусҳо, ба монанди Шарики энергетикии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Зимни мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин, доир ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин, дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои ҷойдоштаи муосир, аз ҷумла  вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор намуданд.

Иштирокчиён аз натиҷаҳои мусбати муколама ва платформаҳои охирини Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар кишварҳои минтақа баргузор гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд, аз ҷумла Форуми дуюми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва ОМ дар Алмаато 18-19 майи соли 2023, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тошканд 10 марти соли 2023, Конфронси сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ оид ба муҳити зист ва захираҳои об дар Рим 23-24 феврали соли 2023, Конфронси Иттиҳоди Аврупо- Осиёи Марказӣ оид ба робитаҳои байниҳамдигарӣ ва мулоқоти вазирони Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар Самарқанд 18-19 ноябри соли 2022.

Роҳбарон зарурати таҳкими ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба чолишҳои куҳна, нав ва ғайричашмдошт, ки дар Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва мутобиқ ба принсипҳои универсалӣ зикр шудаанд, қайд карданд.

Аз соли 2007 то ба ҳол кишварҳо дар доираи “Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ”, ки қабл аз ҳама, ба ҳамгироии минтақавӣ, рушди устувори кишварҳо ва беҳтарсозии инфрасохтор дар Осиёи Марказӣ равона гардидааст, ҳамкорӣ мекунанд. Инчунин, дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо (2019) Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати ҷуғрофӣ ва геополитикии худ мавқеи хосро доро мебошад. Аз ин сабаб ҳамкориҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт, чунки Тоҷикистон дар ҳар як банди ин стратегияҳо мавқеи калидӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиромуни ҳамкориҳои бисёрҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин, дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, экология, гидроэнергетика, “энергияи сабз” ва рақамикунонӣ таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ташаббусҳоро дар масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро бо далелҳо матраҳ намуданд. Сарвари давлати мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дар минтақа аввалин кишварест, ки бо кишварҳои ҷудогонаи аврупоӣ дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА оид ба таҳкими амнияти марзӣ (Барномаи идораи сарҳадии ИА дар Осиёи Марказӣ BOMCA) ва мубориза бо қонуншиканӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти дохилӣ (декабри соли 2002) ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (барномаи CADAP) созишнома ба имзо расонидааст.

Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо барои пайвастан ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+), гуфтушунид бурда истодааст, ки ҳамчун омили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад. Имконияти Тоҷикистон барои гирифтани имтиёзҳо барои интиқоли молҳояш ба Иттиҳоди Аврупо дар доираи ин низом беандоза бузург аст.

Аз натиҷаи нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо изҳороти муштараки матбуотӣ ироа гардид.

Хулоса, шарикии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо як қатор ташаббусҳо барои пешбурди рушди иқтисодӣ, амният, ҳуқуқи инсон ва устувории экологӣ дар минтақа тавсиф карда мешаванд. Бо вуҷуди он, ки бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд, ҳамкории ин ду минтақа имкон дорад, ки барои мардуми Осиёи Марказӣ тағйироти назарраси мусбат ба бор орад.

 

Саидаҳтам Талбаков,
муовини сардори раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед