ДУШАНБЕ, 16.09.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар фазои пасошӯравӣ ягона блоки ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он таъмини амнияти дастҷамъӣ дар фазои ин Созмон мебошад. Фаъолияти Созмон ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо равона шудааст ва  он пурра аз уҳдаи ин кор мебарояд. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода.

«Имрӯз Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, имрӯз мавзӯи асосии баррасишаванда вобаста ба вазъи кунунии ҳарбии сиёсӣ дар Афғонистон мебошад. Бо дарназардошти  таҳаввулоте, ки рӯзҳои охир дар онҷо ба амал омаданд, тамоми кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ кӯшиш менамоянд, ки амниятро дар фазои СААД таъмин намоянд»,- зикр кард Комрон Ҳидоятзода.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки «дирӯз дар доираи раёсати Тоҷикистон инчунин Шӯрои вазирони кишварҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа ва котибони кишварҳои узви  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он вобаста ба масоили Афғонистон эъломия низ қабул гардид. Имрӯз дар баробари баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин дигар ҷанбаҳои рушди ояндаи Созмон низ муҳокима шуд. Вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла тадбирҳои биологӣ, иттилоотӣ, кибернетикӣ баррасӣ гардиданд. Маҳз инҳо масъалаҳои асосие буданд, ки дар доираи онҳо якчанд қарорҳои дахлдор низ ба тавсиб расиданд».

-Қарорҳое, ки имрӯз аз ҷониби Сарони кишварҳои Созмон қабул карда шуданд, ба таъмини сулҳу субот дар фазои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ равона шуданд, ки рушди устувори ҳар кишвари узви Созмон ба он вобастааст. Дар ин ҷода нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Зеро Пешвои миллат ҳанӯз аз солҳои аввали роҳбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус соли 1993 аз минбари СММ вобаста ба масъалаи Афғонистон ва ҳарчи зудтар ҳал намудани ин  қазия баромад намуда буданд. Имрӯз низ мо боварӣ дорем, ки қарорҳои қабулгардида ба таъмини амнияти дастҷамъӣ дар фазои Созмон  таъсири хуб мерасонанд»,-гуфт дар идомаи суҳбат  муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода.

Бояд гуфт, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Пас аз анҷоми кори Шӯро дабири кулли СААД Станислав Зас зимни нишаст ба хабарнигорон иброз дошт, ки «СААД рушди вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро бодиққат назорат мекунад. Ҳадафи аслии Созмон дар шароити мавҷуда таъмини амнияти кишварҳои узви СААД боқӣ мемонад. Ҳамзамон мо дар фаъолияти худ афзалияти сиёсӣ ва дипломатиро идома медиҳем».

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин вохӯрии сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад.

Ҳамсуҳбати дигари  мо муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфҷон Абдуҷабборов зикр дошт, «ин ду нишасти муҳим шаҳри Душанберо ба яке аз макон ва марказҳои қабули қарорҳои муҳими сстратегӣ  табдил додаанд. Дар ин нишаст нақши меҳварӣ ва асосиро бевосита Пешвои миллат касб намудаанд. Зеро ташаббусҳои гуногуне, ки дар давраи раисии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифтанд, бевосита иқдомҳое буданд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳезӣ ва пешбарӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба имзо расидани беш аз 30 санади ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст. Вале дар маҷмӯъ пешбинӣ шудааст, ки ба 30 санади  гуногуне, ки ба самти амният, иқтисод, гуманитарӣ, иҷтимою фарҳангӣ ва илмӣ нигаронида шудаанд, имзо гузошта шавад».

Маъруфҷон Абдуҷабборов дар идомаи суҳбат  гуфт, ки яке аз ташаббусҳои хеле муҳиме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раисии худ дар СҲШ онро пешбарӣ карданд, ин тақвият бахшидани гурӯҳи тамос оид ба Афғонистон, Барномаи сесолаи кумаки гуманитарӣ ба ҳамсоякишвари мо — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар давраи Раёсати Тоҷикистон якчанд  кишварҳо ба ҳайси нозир ба СҲШ ва ҳам кишвари узви СҲШ қабул карда шаванд. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ  метавонад нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор,  тасмимгиранда, кишваре, ки ба маркази қабули қарорҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст, афзояд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Чоп кунед