Чунонки ба ҳамагон маълум аст, санаи 18 феврали соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – шаҳри Кобул “Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, ки дар сатҳи хеле баланд доир шуд, намояндагони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Покистон ширкат варзиданд.

Дар конфронс масъалаҳои мубрами мубориза бо хавфу таҳдидҳои замони муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои дигари ҳамсоя, хусусан мубориза бо терроризму экстримизм мариди таҳлилу баррасиҳои амиқ қарор гирифтанд. Дар доираи пешниҳоди маърӯзаҳо ва муҳокимарониҳо дар ин чорабинӣ баромади Аҳмадзиё Сироҷ – раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ширкаткунандагон қарор гирифт. Номбурда аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, таъкид намуданд, ки қаноти ҷангии ташкилоти террористию экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ “Ансоруллоҳ” дар баробари террористони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ҳаракати исломии Туркистон дар ин мавзеъ бо силоҳ ҳузур доранд. Мақсади дар шимоли Афғонистон ҷамъ шудани ҳамаи ин террористон бошад, ҳамчун кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқӣ дар Хитой тафсир карда шуд.

Ҳамин тариқ, далели мазкур, ки аз ҷониби як мансабдори расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расонаӣ карда шуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом дар ҳақиқат ҳам ташкилоти экстримистиву террористӣ буда, саркардаи он М. Кабирӣ ва аъзои он аз ҷумлаи террористони байналмилалӣ мебошанд, ки на ба як давлат, балки ба чандин давлатҳои минтақа таҳдид менамоянд.

Ҳамзамон, ҳамаи ин баёнкунандаи ҳадафи асосии ташкилоти террористию экстримистии Ҳизби наҳзати ислом – ноором сохтани вазъияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва такрори ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта мебошад, ки тактикаи худро дигар карда бошад ҳам, ҳанӯз аз стратегияи собиқи худ даст накашидааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандон, хусусан ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба таҳдиду хатарҳое, ки ба амнияти милливу минтақавӣ аз ҷониби чунин ташкилотҳои террористӣ ва аъзои он сурат мегиранд, ба таври сазовор ҷавоб гӯянд.

Дафтари матбуотии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед