Таърих гувоҳ аст, ки паём аз паёмҳо дар давлатҳои гуногун бо шаклу муҳтаво ва мазмуну мантиқ фарқ мекунанд.
Назаре ба қолаби гузаштаи таърихии паём ва арзиши сиёсии он, зарурати ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, хабардор будан аз вазъи зиндагии мардум ва беҳтар намудани сохтори иҷтимоӣ бо роҳи қонунгузорӣ аз ироаи президентҳо ба парламент аст, ки дар ҳама давру замон аҳамияти хоса дорад ва дастури боманфиат дониста мешавад.
Таърихи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 2001[1.] (Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. [манбаи электронӣ] URL: http://president.tj/taxonomy/term/5/68?page=2 (санаи воридшавӣ: 06.04.2021)) то соли 2021 ба 21 адад расидааст, марҳала ба марҳала аз шаклгирии нави давлати соҳибистиқлол ва эҳёи давлати тоҷикон, рушди он. амнияту сулҳу салоҳ ва осудахотирии мардум гувоҳӣ медиҳад, ки боиси ифтихормандӣ аз давлати ҳуқуқбунёд аст ва дар таърих бо шарафмандӣ сабт хоҳад гардид.
Моҳияти паём аз он иборат аст, ки бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, психологияи ҷамъиятӣ ва ояндасозиву рушди кишвар мустақиман дар арсаи байналмилалӣ пайғоми ифтихормандӣ ба кулли мардум фиристода шавад.
Дар даврони Истиқлолият далели дастрас гардидани сулҳ ва амният дар кишвар аз он аст, ки дар ҳамбастагӣ корҳои зиёди созандагиву қонунгузорӣ хело хуб ба роҳ монда шудааст ва ифтихор аз созандагони он дар таърих боқӣ мемонад. Албатта қонунҳои қабулгардида дар даврони наздик ба 30 соли Истиқлолият аз бурдбориҳо шаҳодат медиҳад. Дар зери ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро мебояд, ки барои аз манфиат, осудахотирии мардум, таъмини иҷтимоиёту амнияти миллӣ пайрав ва таблиғгар аз Паём ва ягонагии сохти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем.
Дар сохтори давлатдории сарзамини тоҷикон дар ҳамаи давру замон хоҳ шоҳигарӣ буду хоҳ котибӣ (шӯравӣ) ва ё президентӣ кушиш менамуданд, ҳар як масъалаи ҷамъиятӣ ба як навъе бо намояндагони халқ дар парламент баррасӣ гардад ва баъдан ба натиҷае мерасиданд, қонуне қабул намоянд ва вобаста ба вазъи бавуҷудомада дар қонунгузорӣ тағйироте дароваранд. Ҳатто дар давраи асрҳои миёна ба воситаи надимон ва рӯҳониёни ҳамондавра, ки равшанфикрони ҳамон даврузамон ҳисобида мешуданд, расонидани вазъи халқ ба ҳокимият ва риояи расму оини идеологияи вуҷуддошта роиҷ буд. Амалӣ намудани қонунгузорӣ дар риоя шудани анъанаҳои қавмӣ ва розигии халқ барои мустаҳкам намудани сулҳу амонӣ ва сохти давлатдорӣ аз манфиат холӣ набуд.
Дар гузашта дар намуди паём дар адабиётҳои динию рӯҳонӣ, аз ҷумла дини насронӣ муроҷиати диншиносони бонуфуз ба гурӯҳи алоҳидаи одамон ё ба тамоми мардум, ки баъзе масъалаҳои диниро муайян мекарданд, низ арзёбӣ мегардид. Махсусан, дар дини насронӣ паёми апостолҳо бахши асосии Инҷилро ташкил намуда, баёнияҳои рӯҳониёни мӯътабар мақоми ҳуҷҷатҳои бунёдиро касб карданд ва қувваи ҳуқуқӣ доштанд[2]. [манбаи электронӣ] URL: https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9F%D0%BE%D1%81%D0%BB%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D0%B5 (санаи воридшавӣ: 12.04.2021).
“Дар воқеъ, таърихи ироаи Паём, муроҷиат ба миллат беш аз сад сол ба ҳисоб меравад. Дар шакли ироаи Паём ду президенти аввалаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка – Ҷорҷ Вашингтон (аз соли 1789 то соли 1797) ва Ҷон Адамс (аз соли 1797 то соли 1801) шахсан дар назди Конгресс вазъи кишварро маълумот медоданд. Баъдтар ба хулосае омаданд, ки ба ин шакл то андозае (моҳият ва мазмуни –Н.О.) фаъолияти шохаҳои ҳокимияти президентӣ ва ҳокимияти парламентариро бо ҳам омехта мекунанд ва аз ин рӯ, баъдтар суханронии президент дар шакли мактуб ба Парламент равона карда мешуд. Танҳо дар асри XX вобаста ба рушди муосири васоити ахбори омма президентҳо фаҳмиданд, ки паём, на танҳо усули ироа ба Парламент, ба Конгресс, балки шакли беҳтарини расонидани вазъ ба мардум тавассути ахбори омма низ шуда метавонад.
Ба таври хаттӣ равона сохтани паёми президентҳо муддати 112 сол давом менамояд. Соли 1913 Президент Вудро Вилсон бевосита, шахсан муроҷиат ба Конгрессро аз нав эҳё намуд ва сабабашро пеш аз Президент шуданаш чунин шарҳ дода буд, ки «равобит ва табодули назари умумӣ, ақида ва масъулияти байни мақомоти давлатӣ ва конгресс» фароҳам оварда шавад»[3]. [манбаи электронӣ] URL: https://tass.ru/mezhdunarodnaya-panorama/4912055, (санаи воридшавӣ: 30.12.2019).
Низоми давлатдории муосир низ тақозо менамояд, ки дар баъзе кишварҳое, ки шакли идоракунии президентӣ доранд, Президент паёми худро дар шакли васеъ оид ба вазъи кишвар пешниҳод намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамият ва ҷойгоҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдорӣ дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ босазо аст. Мардум низ ҳар як Паёмро чун як ироаи расмӣ ва муҳимми тақдирсоз ва ояндасоз қабул менамоянд. Бештар аз ин, аслан намояндагони ҳалқ дар Парламент барои ба танзим даровардан ва созмон бахшидани соҳаҳои гуногуни сохторҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, ҷиҳати қонунӣ намудану мавриди истифода қарор додани самтҳои гуногуни Паём тасмим мегиранд. Маҳз барои ҳамин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дар зинаи поёнии он – Маҷлиси намояндагон, яъне вакилони халқ фаъолият доранд. Аз тарафи дигар, мусаллам аст, ки ироаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи Парламент ба мардум низ пешниҳод мегардад, ки аз демократикунонӣ ва коркарди самтҳои он бо огаҳии субъект аз объект амалӣ мегардад. Маълум аст, ки Паём тавассути васоити ахбори омма ҳам пахш мегардад ва атрофи он аз мардум ақида ва фикрҳои мухталиф навиштаву шунида мешавад.
Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи равшан барои муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва ноил шудан ба ҳаёти беҳтари иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарору қонунҳо ва таҳияи барномаву ҳуҷҷатҳои расмӣ, банақшагирии стратегӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дарназардошти вазъи воқеӣ ва талаботҳои рӯзмарраи мардум ҳуҷҷати муайянкунанда аст. Ингуна, пеш аз ҳама, ироаи ҳар як Паём барои бохабар гардидан аз мушкилоти мардум ва ба беҳдошти вазъи зиндагӣ равона карда мешавад. Аслан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбудии сатҳи иҷтимоӣ ва амнияти давлат аст. Рӯй овардан ва татбиқ намудани он албатта, чун масъулияти ҳар як шаҳрванди дӯстдори Ватан ва миллат бояд боқӣ монад.
Аҳамияти дигар аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар шакли васеъ аз лиҳози вазъи сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ тӯли солҳои дароз аз соҳибистиқлолии давлати тоҷикон, гувоҳи ягонагӣ ва ҳамкориву ҳамбастагии шохаҳои ҳокимияти Президент, қонунгузор ва судӣ дарак медиҳад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ як рукни асосии давлати тоҷикон дониста мешавад ва дар он масаъалаҳое, ки заруру муҳим шуморида мешаванд, ба муҳокимаи ҷаласаи ягонаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегарданд.
Мазмун аз Паёми соли 2021-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҳарчанд он хусусияти фосилавӣ дорад, аммо дар баробари навовариҳову пешниҳодоти муҳимми имсола, он тақвияти пешниҳодоти мубрамтарин масъалаҳои стратегии гузошташудаи давлат ва миллат аст. Аз моҳияти Паёми имсола бармеояд, ки он дар заминаи сохти устувори сиёсиву фарҳангии давлати наздик ба 30-солаи аз нав эҳёгардидаи тоҷикон бо идомати ҳадафҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои муҳимму дарозмуддати стратегӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Албатта, Паёме, ки барои соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, аз лиҳози сиёсӣ низ давоми мантиқии паёмҳои солҳои гузашта аст. Зеро он аз самтҳои сиёсати дохилию хориҷии давлат дар зинаҳои дигари рушди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои боз ҳам мустаҳкам гардонидани сулҳу амният дар кишвар ва хубтар гардонидани иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии мардуми меҳандӯсту меҳнатдӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун унсури тақвиятбахш дониста мешавад. Масалан, дар арзёбии Паём барои соли 2019 дар назди соҳаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ як қатор вазифагузориҳо намуда буданд. Дар самти ба муваффақият расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ, ки онро ҳадафи иқтисодиёти сабз, яъне истиқлолияти энергетикӣ, таъмин намудани мардум бо барқ дар зимистон ва ҳамчунин, дар заминаи он дар пеш гузоштани ҳадафи чорум, ки марҳалаи дигари рушди иқтисодии Тоҷикистонро нишон медиҳад, ин ҳадафи стратегии саноатикунонӣ мебошад, зикр гардиданд. Дар форматсияи иқтисодӣ ин ҳадафҳои хеле бузурганд ва барои таъмини амнияти иқтисодиёти миллӣ ва сазовори зиндагии арзанда будан барои мардуми меҳнатқарину таҳаммулпазири мо заминаҳои беҳтаре гузошта метавонанд.
Ҳадафи саноатикунонӣ барои миллати тоҷик, ки ҳаёти иҷтимоиашро дар тӯли таърих аксаран ба воситаи қувваи ҷисмонӣ дар кишоварзӣ гузаронидааст, акнун зарурати истифодаи технология ва то андозае коркарди технологӣ, ки тақозои тамоми кишварҳои саноативу тараққикарда аст, навгониҳоеро ба бор хоҳад оварад. Албатта, дар ин самт ҷорӣ намудани моҳияти идея ва амалигардонии стратегии саноатикунонии пешниҳодгардида барои пешравии иқтисодиёт амри зарурӣ аст. Дар ин замина баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоии мардум ва дар дохили кишвар таъмин намудани мардум ба ҷойҳои корӣ, озуқаворӣ, содироти маҳсулот ва дигар ҷабҳаҳои муҳимми амнияти иқтисоди миллидошта мусоид аст. Яъне ин ҳадаф воқеан, барои кишваре, ки солҳои тӯлонӣ чун кишвари аграрӣ барои таъмини озуқаворӣ арзи вуҷуд дошт, бо имконҳои доштаи кишвар ба кишвари аграрӣ-индустриалӣ метавонад асос гардад. Воқеияти дигар ин аст, ки тағйироти фановарӣ бо суръат дар ҳоли рушд аст ва ҳар касе, ки аз ин мавҷи технологӣ бештар истифода кунад, бурд хоҳад кард.
Дар замони муосир низ тақозои низоми давлатдорӣ муроҷиати Президентро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамои рушди самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар чун муайянкунандаи ҳалли масъалаҳои соҳаҳои гуногун ба миён овардааст. Бояд ҳамаи мо, шаҳрвандон эҳсос ва дарк намоем, ки дар атрофи берун аз кишвари мо чӣ амалкардҳо ва чолишҳое гузашта истодааст. Аз Паём бармеояд, ки дар вазъи бавуҷудомадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сиёсати дурусту дипломатӣ, хатари ками таҳдиди иқтисодиву фарҳанги зеҳнӣ барои рушди сиёсати дохилаи кишвар замина муҳайё гардад. Дар аксар кишварҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври амиқ паём асосан, дар баробари шаклгирии босуръати иқтисодӣ ба рушди пешгӯиҳои илмӣ-иҷтимоӣ ва маърифати зеҳнӣ, рушди сиёсати иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳимоя аз забони давлатӣ ва забондонӣ, ҳимоя аз шахсони дорои қобилияти маҳдуд ва ғайра нигаронида шудааст. Дар ҳамин асос, баъзе масъалаҳои мубрами дар сиёсати дохила дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди қабули Кодекси нави андоз дар таҳрири нав бо дар назардошти бахши хусусӣ, бекор кардани андозҳо барои кишварзон, рақамисозии иқтисоди миллӣ, дастгирӣ аз соҳибкорон, ҷалби сармояи дохилӣ, баланд бардоштани маърифати зеҳнӣ, масалан, ба воситаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат”, таваҷҷуҳ ба нақши занон ва ҷавонон дар ҷомеаи муосир мавриди хоса қарор гирифтанд.
Дар ироаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатари пандемия ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ кулли кишварҳои ҷаҳон ёдовар гардида, таъсири хатарноки онро ба вазъи зиндагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, вобаста ба мушкилоту даромади воқеии шаҳрвандон ибрози назар намуда, аз кулли намояндагони халқ барои дурусту бамавқеъ иҷро намудани вазифаи аввалиндараҷа ва дарёфти роҳҳои ҳалли саривақтии баъзе аз мушкилоти пешомадаро дар кишвар, махсусан аз паёмадҳои соли 2020 аз намояндагони халқ дархост намуданд.
Ҳамчунин, нигаронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди камбуди маводи озуқаворӣ ва захираи дусола дар асоси мушкилиҳои бавуҷудомада ва таъсири оқибатҳои ногувори он ба буҷаи мардум бамавриданд. Шароити тағйирёбандаи муосир водор месозад, ки пеш аз ҳама, вобаста ба имконияти кишвар бо такя ба иқтидори дохилӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ истифодаи самараноки замин ва коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ба кор бурда шавад.
Тафовути иброз ҷиҳати самтҳои зикргардида дар Паём барои соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба идомаи татбиқи мақсаднок, ба монанди ҳадафи чоруми стратегӣ–саноатикунонӣ; соли 2019-2021–«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»; солҳои 2020-2040–«Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф»; таҳия намудани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва ғайра дониста мешавад.
Ҳамон тавре ки мушоҳида мегардад, мавзӯоте, ки дар Паём ироа гардидааст, ин масъалаҳои муҳимму мушаххас ва мубрам аст, ки хосатан барои боз ҳам беҳбудгардонии ҳаёту зиндагонии мардум нигаронида шудааст. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли васеъ ҳамчун пайғоми созанда ба ҳар шахси ватандор, хусусан ба насли ҷавон, садои баланди миллати тоҷики дорандаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад.
Назриева О.Ш.,
номзади илмҳои фалсафа,
Муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон