Баъд аз тамошои навори видеоии “Нерӯи қонун” боз як бори дигар воқеаҳои Бадахшон пеши назар омад. Чунонки Маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар дода буд, 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3, яъне ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва 189, қ.3, яъне барангехтани кинаю адовати маҳалгароии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.

Қобили зикр аст, ки Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Вобаста ба ин, мардуми кишвар ба ҳамватанони худ дар Бадахшон муроҷиат намуда, ҳамаи онҳоро ба сабру таҳаммул, оромию дурандешӣ даъват карда буданд, зеро маълум аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон дигар ба ҷинояткориҳои солҳои навадуми асри гузашта роҳ дода намешавад. Аз ҷониби дигар, ҳодисаҳои кишвари ҳамсояи худ Афғонистон ва ҳаёти пур аз машаққати сокинони он, ки дар он тарафи сарҳад зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи инро мо шахсан мебинем, мардуми моро водор месозанд, ки аз ин сабақ гирифта ба қадри сулҳу салоҳ дар кишвар, аз ҷумла дар Бадахшон бештар аз пештар бирасем.

Натиҷаи ҳамин фаҳмиши дурусти мардум, хусусан сокинони Бадахшон буд, ки 13 декабри соли 2021 Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода оид ба воқеаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ ва натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иброз дошт, ки бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба фаъолияти осоишта машғуланд. Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ба кормандони милитсия дастур дод, ки барои суботу оромӣ ва осоиштагию амнияти шаҳрвандон вазифа ва уҳдадориҳои худро содиқона ва сарбаландона иҷро намоянд.

Дар баробари ин, рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймумин Ятимов ва бо супориши Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, Прокурори ВМКБ Орифзода П. бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ахбороти Прокурори вилоят дар бораи пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ вобаста ба амалҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунии содиршуда зимни ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли ҷорӣ, ташхисоти анҷомёфтаи судӣ, ҳамкориҳо байни аъзоёни гурӯҳи тафтишотӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ батафсил шунида шуд. Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Р.Ҳ. ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Ятимов С.С. баромад карда, ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ барои кумакашон баҳри ба эътидол овардани вазъият изҳори сипос намуда, андешаю пешниҳодҳои худро дар масъалаҳои вобаста ба таъмини волоияти қонун, роҳҳои қонунии ҳалли мушкилоти ҷойдошта изҳор доштанд.

Аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқшиносон Холиқназаров Манучеҳр ва Муборакшоён Музаффар баромад карда, оид ба рафти корҳои тафтишотӣ қаноатмандии худро баён намуданд ва ҳамзамон, ба баъзе саволҳои додаи худ аз иштирокчиён ва гурӯҳи тафтишотӣ посух гирифтанд.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд дарк кунем, ки қонун барои ҳама як аст – онро бояд ҳама яксон риоя намоянд. Ҳеч кас бояд ба дасисабозиҳои душманони миллат ва хоинони он, хусусан бадхоҳони Бадахшон дода нашавад ва ба корҳои ҳамарӯзаи худ машғул гардида, ба мақомоти дахлдор имкон дода шавад, ки ҳақро ба ҳақдор бирасонанд. Барои дарки амиқи ин масъала бояд ҳар яки мо навори видеоии “Нерӯи қонун»-ро гашта баргашта тамошо кунем ва аз он хулосаҳои зарурӣ бароварда, барои таъмини сулуҳу амонӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон саҳм гузорем.

Нозири Мубориз
сиёсатшинос

Чоп кунед