“Мо «Роғун»-ро барои Ватани азизамон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва барои садсолаҳо бунёд карда истодаем”.

Эмомалӣ Раҳмон.

Рушди соҳаи энергетика барои амалигардонии нақшаҳои иқтисодию иҷтимоии давлат, аз ҷумла ба роҳ мондани истеҳсолот, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва умуман, афзоиши сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи энергетика, бахусус, тавассути бунёди неругоҳҳои барқии обии хурду миёна таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар ин росто, НБО “Роғун” чун иншооти асрро метавон мисол овард. Чуноне, ки маълум аст, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо маром идома дошта, дар он дар баробари мардон, занон низ саҳми худро гузошта истодаанд.

Ҳоло дар НБО “Роғун” зиёда аз 17000 нафар кормандон ва коргарони касбҳои гуногун дар ду баст фаъолият менамоянд. Қобили зикр аст, ки занҳо ба ҳайси оператор, лаборанти озмоишгоҳҳо, тарҷумон, мутахассиси кор бо кадрҳо, муҳосиб ва лоиҳакаш фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар соҳаи гидроэнергетика як қатор вазифаҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар онҳо занон метавонанд фаъолияти пурсамар дошта бошанд, аз ҷумла муҳандис гидролог, муҳандиси механикӣ муҳандиси барқ, муҳандиси гидротехник, ходимони илмӣ дар соҳаи энергетика ва ғайраҳо.

Қобили зикр аст, ки пурра ба истифода додани НБО “Роғун” дар баробари ноил гардидан ба ҳадафи стратегии кишвар “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ”, инчунин, барои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ноҳия ва умуман, иқтисодиёти давлат, аз ҷумла, ба рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, обёрӣ, сайёҳӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО “Роғун” самаранок ба роҳ монда шуда, солҳои 2018 ва 2019 агрегатҳои якум ва дуюми неругоҳи барқии обӣ ба кор андохта шуданд.

НБО “Роғун” барҳақ иншооти аср мебошад, зеро дар қалби водии Вахш ҷойгир буда, пас аз ба итмом расидани сохтмон баландии сарбанди он ба 335 м ва иқтидораш ба 3600 МВт баробар шуда, бузургтарин неругоҳи барқии обӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад. Боиси қайд аст, ки неругоҳҳои барқии обӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад, зеро дар асоси истифодаи захираи барқароршаванда, яъне об неруи барқ истеҳсол менамояд.

Боиси қайд аст, ки дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат соҳаи энергетика ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки дар он низ саҳми занон назаррасанд, аз ҷумла:

  • “Бунёди НБО “Роғун”;
  • Мавриди истифода қарор додани НБО “Сангтӯда -1”;
  • Мавриди истифода қарор додани НБО “Сангтӯда -2”;
  • Мавриди истифода қарор додани НБО “Помир -1”;
  • НБО “Тоҷикистон” дар н. Мурғоб;
  • Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2”;
  • Зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе” ва “Суғд”;
  • Хати интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”;
  • Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран-2”;
  • Хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”;
  • Оғози татбиқи лоиҳаи “CASA-1000”;
  • Оғози татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии НБО “Норак”, “Қайроққум” ва ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар ш. Хуҷанд”[4].

Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки тибқи маълумотҳои омори расмӣ теъдоди неругоҳҳои барқии обӣ сол то сол зиёд гардида, истеҳсоли неруи барқ дар соли 2023 – 21861 млн.кВт.с.-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2020-ум 10,57 маротиба зиёд гардидааст. Ҳамчунин, дар моҳҳои январ – ноябри соли 2024 истеҳсоли неруи барқ 20240,1 млн.кВт.с.-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – 1,8 % афзоиш ёфтааст [3,26;2,16].

Чӣ тавре, ки коршиносон иброз медоранд “дар ҷумҳурӣ ҳама шароит барои занҳо таъсис дода шудааст, ки онҳо ба фаъолияти меҳнатии фаъол машғул шаванд. Занон ба фаъолияти хуби пардохтшаванда, таълими пайваста ва моликият дастрасӣ доранд. Инчунин, таваҷҷӯҳи махсус ба баланд бардоштани рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат дода мешавад.” Яке аз сабабҳои иштироки фаъоли занон дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика ин далели баланд гаштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Мисоли равшани дастгирӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ин қабули Қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026” аз 18 феврали соли 2024, таҳти №73 (мутобиқи қарори мазкур дар солҳои 2024 – 2026 – 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1,5 млн. сомонӣ), қабули Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027 ва Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024-2028, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (20.06.2024) ва ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025 (соли 2024 маблағи грантҳо аз 2,5 млн. сомонӣ ба 5 млн. зиёд гардида, теъдоди он аз 80 адад то ба 120 адад расид) мебошанд.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар натиҷаи тадбиқи тадбирҳои андешидашуда сол то сол теъдоди занони соҳибкор афзоиш ёфта истодаанд (ба ҳолати 1 январи соли 2024 ҳиссаи занони соҳибкор дар шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 25% баробар гардид), ҳамзамон, соли 2023 ҳиссаи заноне, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда доранд, ба 23% аз шумораи умумӣ баробар гардид.

Ҳамин тавр, хулоса намудан мумкин аст, ки саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, фаъолияти пурсамари онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика, нақлиёту сайёҳӣ, хӯроквориву ҳунармандӣ ва хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст. Қобили зикр аст, ки сохта ба истифода додани НБО “Роғун” барои рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат намуда, ҳамчунин, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, бахусус, ҷавонон шароити мусоид фароҳам меоварад.

АДАБИЁТ

  1. Бобокулова М.А. Развитие женского предпринимательства в Республике Таджикистан. [Захираи электронӣ]. URL: http://vestnik.tj/hum_dok/2016/n1/RU/Bobokulova_ma.pdf (санаи муроҷиат: 26.12.2024);
  2. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: январ – ноябри соли 2024. Маҷмуаи оморӣ. АОПҶТ-2024. С. 288;
  3. Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷмуаи оморӣ. АОПҶТ-2024. С.89;
  4. Сафарзода Х.А. Роғун – воқеа ва одамон. Душанбе 2022. С.67.

Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед