Рӯзи 7 марти соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайридин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, Модар сарчашмаи зиндагӣ ва ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо модаронро чун шахсони муқаддас дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиромашро баҷо меоварем.
Мавсуф зимни сухани табрикии худ қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Таҷлили Рӯзи Модар ҷашни ҳар бону ва ҳар хонавода аст ва бешак, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Зан-Модар, эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят месозад.
Ибрози назар карда шуд, ки яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо ба шумор меравад. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Айни замон, ҷалби бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ густариш пайдо намуда, нақши онҳо назаррас аст ва дар ҷомеаи кишварамон қувваи бузург арзёбӣ мешаванд.
Чӣ тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар нишонаи эътибору арҷгузории Ҳукумати кишварамон нисбат ба бонувон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани занону духтарон мебошад,– гуфтанд дар охири суханронӣ Хайриддин Усмонзода ва тамоми кормандони Марказро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуданд.
Сипас муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Масрур Фаттоев дар мавзуи “ Нақши занон дар муқовимат ба ифротгароӣ” ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Султонбахт Гулбекова дар мавзуи “ Роль таджикских женщин в становлении и развитии государственности Республики Таджикистан” суханронӣ намуданд. Баъдан дар бахши музокира сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират ва омӯзиши афкори оммаи Марказ Абдураҳмон Қурбонов ва дигарон дар бораи мақому манзалати Зан-Модар андешаронӣ карда, иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуданд.
Дар охир дар вазъи тантанавӣ ба бонувон гулдастаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон