Зан-Модар офарандаи ҳаёт аз азал дар бунёд гузоштану обод кардани зиндагии инсоният нақши бориз дорад. Ишқу муҳаббат, самимияту вафодорӣ, дӯстдорию меҳрварзӣ, оромишу осоиш, амсоли ин, вожаҳоеанд, ки аз модар сарчашма гирифта, ба атроф реша паҳн месозанд. Модар олиҳаи ҳусну таровати зебоӣ, бо ҳастии худ ҳаёти моро мунаввару зиндагиамонро шодмон месозад. Модар сарчашмаи муҳаббатти беканор, аз ҷумла қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад ва ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.

Ҳамчунон гуфта шудааст, ки “саодати зиндагӣ дар мафҳуми зан нуҳуфтааст”. Ва бо ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон чунин ибрози андеша намуда буданд: “Ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Рӯзи байналмилалии Модар, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, реша дар умқи таърих дорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи эҳтиром, дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Новобаста аз ин, иди баҳору зебоӣ, иди Рӯзи Модар ҷашни таърихӣ ва сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ, 8-уми март эътироф аз гулу туҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар мебошад.

Ҳамчунон, сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба Зан, ба Модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро содир карданд. Зимни ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо на танҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ тақвият бахшидани фаъолияти бонувон мебошад.

Занон дар тарбияи ватандустии фарзандон нақши бориз дошта, дар ин руҳия тарбия кардани фарзандонро яке аз рисолатҳои худ медонанд. Баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани бонувони ҳунарманд, боистеъдод, соҳибмаърифат дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат журнали “Бонувони Тоҷикистон” таъсис ёфт. Ин минбарест, ки дар он бонувоне, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми шоиста доранд, муаррифӣ карда мешаванд. Шахсияти онҳо қобили пайравӣ буда, баҳри дигарон намунаи ибратанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як модарро зарур аст, ки фарзандони худро бо роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва аз худнамоии технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон Тоҷикистон, ҳидоят кунанд, то тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд. Дар камолоти ҳар як фарзанд модар саҳми бузург мегузорад. Дар хонаводае, ки зани бомаърифат, бо фарҳанг ва бохирад бошад, ҳатман дар он оила фарзандони некбину нексиришт ба воя мерасанд.

Дар Тоҷикистон эҳтироми модарону бонувон дар сатҳи баланд аст. Дар ҳамаи муассисаву ташкилотҳои давлативу хусусӣ занон дар баробари мардон дар пешрафти ҷомеа нақши босазо доранд. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳиммияти ин мавзуъ таъкид гардидааст: “Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд”.

Нақши занон махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камоли маънавию ахлоқии фарзандон, барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза, фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон, таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунад.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳанӯз аз давраҳои нахустини солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи модарону бонувони кишвар боварии комил доранд ва мақому манзалати онҳоро дар раванди идоракунии давлатӣ сол то сол баланд мебардоранд. Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи Модар иброз намуда буданд: “Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст”.

Имрӯз метавон бо боварӣ изҳор намуд, ки Зан-Модари тоҷик дар арсаи корзор дар баробари мардон кору фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафту шукуфоии ватани азиз саҳми арзишманди хешро мегузорад.

Модар шахси муътабар, мунису мушфиқест, ки он ҳама ғамҳориву меҳрубониҳояшро наметавон баён кард. Модар калимаест, ки аз ҳар як ҳарфаш як ҷаҳон маъно метавон пайдо намуд. Модар нафаси осудаи фарзанд, насимест бар машоми ҷигарбанд, занҷираест, ки аъзои оиларо бо ҳам мепайвандад. Модар маликаи воқеии хонадон ва чароғи хона, файзи дилу дида аст.

 Асои дасти модар бош, фарзанд,
Ки модар баҳри ту болу паре аст.
Давои дарди модар бош, фарзанд,
Бароят доимо тоҷи саре аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба модарони заҳматқарини кишвар дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи Модар иброз намуда буданд: “Ман ба неруи ақлонию зеҳнии занону модарони кишвари хеш такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу ояндаи миллат ба занону модарон вобаста аст”.

Ин эътимоду боварии Сарвари давлат бори дигар Занону Модарони муҳтарами моро водор месозад, ки масъулияти бештару беҳтар эҳсос намуда, қабл аз ҳама рисолати азалии худро, ки тарбияи насли солим, худогоҳу худшинос ва зираку соҳибмаърифат аст, иҷро намоянд.

Бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Ҳамаи модарон ва бонувони тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор, ки оғози эҳёи табият мебошад, яъне Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, барои онҳо беҳтарин хушиҳои зиндагиро самимона таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахтӣ ҳамеша дар хонадони Зан-Модари тоҷик ҳукмфармо бошад.

Азимов Бахтиёр Баҳромович,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед