Зан-модар нахуст мураббии башарият, тарбиятгари инсон ва комилкунандаи ақлу тафаккур барои фарзанд ба шумор меравад. Замони нав яъне садсадсолаи охир бо мураккабии худ масъулияти тарбияро дар назди тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус, зан модар дучанд гардонидааст. Дар робита ба ин, яке аз рисолатҳои зан модар тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад, ки аҳаммияти бештарро касб менамояд, чунки ояндаи фарзандро маҳз тарбия муайян менамояд.
Олими шинохтаи тоҷик Абдураҳмон Маҳмадов дар китоби худ “Риторика ва баҳси сиёсӣ” чунин меоранд: “Нахустин устоди ҳунари суханварӣ на Афлотуну Арасту, балки модар аст, ки сухани ширину руҳнавозаш ба зеҳну тафаккури мо бунёди худшиносиро гузошта, дунёи хаёли моро зебову рангин менамояд”. Дар такя ба ин андеша гуфтан мумкин аст, ки агар фарзанд худшинос бошаду аз гузаштаи миллати худ бохабар, ҳеҷ гоҳ ба сафи ҳаракатҳои иртиҷоӣ намепайвандад, зеро миллати тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ нақши созанда дошту дорад. Ҳамин аст, ки модар чун нахуст устод, фарзандро ба оламу одам ва хубу бад ошно месозад.
Қобили зикри хос аст, ки тарбияи ҳуввияти миллӣ ба зан-модар вобастагии зич дорад. Ҳуввияти миллӣ ифодагари таърих ва асолати миллат ба шумор меравад. Яке аз масъалаҳои марказии ҷомеаи муосири кишварро ташаккули ҳуввияти миллӣ ташкил медиҳад.
Дар умум, ба андешаи донишмандон ду навъи ҳуввият мавҷуд аст, ки ин ҳуввияти миллӣ ва ҳуввияти инфиродӣ мебошад. “Таркиботи андешаи миллӣ, хештаншиносии миллӣ ва дигар нишонаҳои миллӣ аз ҷузъиёти инфиродӣ-шахсӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ ҳуввияти миллиро ташкил медиҳад. Ҳуввияти миллӣ ҳамеша аз ҳуввияти инфиродӣ замима гирифта, дар навбати худ ҳуввияти инфироди дар зери таъсири ҳуввияти миллӣ шакл мегирад”.
Дар ин росто қайд намудан бамаврид аст, ки ҳуввияти миллӣ ва ҳуввияти инфиродӣ дар чаҳорчӯбаи ҳуввияти мероси халқ ташаккул меёбад, ки он дар тайи ҳазорсолаҳо дар вуҷуди ҳар миллат ҷой гирифтааст. Заминаи воқеии парвариши ҳуввияти миллӣ баъди истиқлолияти давлатӣ бори нахуст дар таърихи тоҷикон ба вуҷуд омад, ки ин бешак дарки воқеиро аз ҷониби зан-модар талаб мекунад. Яке аз шартҳои асосии бақои фарҳанги миллӣ меросият аз насл ба насл, парвариши ҳуввияти миллии солим ва ифтихор аз ин арзишҳост. Чунки шуруъ аз сатҳи миллӣ то сатҳи ҷаҳонӣ мо бо ин ҳама ҳуввияти миллии арзишоти волои мероси таърихи гузаштагонамон фахр мекунем.
Дар такя ба ин гуфтаҳо таъкид кардан лозим аст, ки ҳуввияти инфиродӣ асосан дар оила ташаккул меёбаду сарчашмаи тарбияи ҳуввияти инфиродӣ ба ҳуввияти миллӣ алоқаманд аст.
Вобаста ба ин, даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои занон тамоми шароити лозимиро фароҳам овард. Ин дар мадди аввал баробар ҳуқуқ эълон гардидани занон дар тамоми санадҳои ҳуқуқии замони истиқлолият мебошад.
Аз ҷумла, дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз ҷинс, ҳуқуқу озодиҳо кафолат дода шуда, баробарҳуқуқии мардон ва занон таъкид гардидааст, ки гуфтаҳои болоро тақвият мебахшад. Дар такя ба Конститутсияи кишвар, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегиранд, дар даврони соҳибистиқлолӣ якчанд қонуну қарор ва барномаҳо барои барҳам додани тафриқаандози миёни мардон ва занон роҳандозӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардидааст. Барои таъмини воқеии баробарҳуқуқии занон фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид, ки он моҳиятан санади нодири ҳуқуқӣ мебошад.
Дар такя ба он, ки зан-модар мактаби инсонсозиро дораду дар зеҳни фарзанд фарқи неку бадро ҷой медиҳад, масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории муқаддасоти Ватан, тақвияти сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдату ягонагӣ низ ба он алоқаи ногусастанӣ дорад.
Тадбирҳои роҳандозӣ шуда ва барномаҳои гуногуни қабулгардида, мавқеи зан-модарро дар ҷомеа мустаҳкам намуда, ҷавобан аз зан-модари тоҷик даъват ба амал оварда мешавад, ки тарбияи мақсаднокро ба роҳ монад.
Қабл аз ҳар мактабе шахс аз мактаби модар мегузарад, ки ин нахуст зинаи тарбия ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, таҳлили фаъолияти зани тоҷик дар тамоми давру замон нишон медиҳад, ки қудрати созандаи зан ба тамоми мушкилот мубориза бурда дар охир дастболо гардидааст.
Симои зан-модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи нафаре буд, ки новобаста ба сахтиҳои давр андармон ба тарбияи дуруст ва мақсадноки фарзанд буд. Зери шамъи хирасӯз барои ояндаи фарзанд духтӯ дуз кардани ҷиҳоз ин аз заҳмати модари тоҷик дар давраҳои таърихӣ огаҳӣ медиҳад.
Акнун, ки тамоми шароит муҳаё гардидааст, аз занон танҳо тарбияи дуруст талаб карда мешавад, зеро ҳамарӯза ба чашм мерасад, ки модароне, ки тарбияи дурустро ба роҳ мондаанд, дар тамоми ҷо фарзандонашон мояи ифтихори онҳо гардидаанд.
Зане, ки фарзанди варзишгар ва парчамбардор дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тарбия менамояд, аллакай ӯ дарк кардааст, ки барои ҷомеа кори пуршараф ба сомон расонидааст ва фарзандаш парчамбардори дастовардҳои миллат асту варзиш муаррифгарӣ миллат ва давлат мебошад. Ин дастоварди фарзанд барои модар ва дар умум ифтихори ватану миллат аз зани тоҷику фарзанди тарбияткардаи он далолат мекунад.
Шарифхонзода М. Ш.
Корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон