Дар ҷаҳони муосир бидуни ҳамгироӣ ва тавсеи муносибатҳои байниҳамдигарӣ рушд ва шукуфоии давлатҳо чӣ дар самти дуҷониба ва чӣ дар самти бисёрҷониба ғайриимкон мебошад. Аз ҷумла, вазъияти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳамгироӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин ё он шакл ба вуҷуд биёяд. Зеро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ пайвандҳои беназири ҷуғрофӣ, тамаддунӣ ва таърихӣ мавҷуд буда, ин пайвандҳо омили асосӣ барои ҳамгироӣ ба шумор мераванд. Новобаста аз он ки дар баробари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити бисёрҷониба дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ғайра вуҷуд дорад, вале зарурат ба як платформае, ки комилан дар он кишварҳои минтақа масъалаҳои дохилиминтақавиро матраҳ намоянд, муҳим арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба ин, солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тақвияти бештари ҳамкориҳо ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи “Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз соли 2018 ба ҳам омада, муҳимтарин масъалаҳои минтақавиро баррасӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ чандин маротиба талоши таъсиси созмони минтақавиро ба монанди “Иттиҳоди Осиёи Марказӣ, соли 1994; Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, соли 2001; Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ, соли 2002” намуда буданд, вале ба нокомӣ дучор гардиданд. Чунки дар аввал, кишварҳои минтақа барои ин омода набуданд, дуюм, дар ташкилшавии созмонҳои мазкур заминаҳои мусоид фароҳам нагардида буд.

Бояд қайд кард, ки Осиёи Марказӣ дар меҳвари манфиатҳои геополитикии ҷаҳони муосир қарор дорад. Зеро Осиёи Марказӣ аз сарватҳои бойи табиӣ бархурдор буда, мавқеи муҳимми геостратегиро дар АвруОсиё ишғол мекунад, аз ин лиҳоз минтақа дар маркази диққати кишварҳои абарқудрат қарор дорад. Марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мавқеи устувор дар минтақа дошта бошанд. Бидуни шак, тавваҷҷуҳи аз ҳад зиёди абарқудратҳо ба минтақа чандон оқибати хубе надорад, хоҳу нохоҳ рақобати носолимро ба вуҷуд меорад ва дар баробари манфиати кишварҳои неруманд, манфиати давлатҳои минтақа фано гардида, “қурбонӣ”-и раванди рақобати кишварҳои абарқудрат қарор мегиранд. Вобаста ба ин, барқарории муносибатҳои сифатан нави боэътимоду дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Бинобар ин, Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун платформаест, ки муносибатҳоро дар сатҳи олӣ нигоҳ дошта, барои рушди равобити минбаъдаи минтақавӣ мусоидат мекунад. Дар натиҷаи пайиҳам баргузор кардани Вохӯрии машваратӣ ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои байни давлатҳои минтақа рушд намудааст.

Қобили зикр аст, ки Осиёи Марказӣ дорои имкониятҳои истифоданашудаи сарватҳои бойи табиӣ мебошад. Дар ин замина, Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ шароити нави ҳамкориҳоро ба вуҷуд овард. Яъне, Вохӯрии машваратӣ дар таҳкими ҳамкориҳо, наздикшавии фарҳангии миллатҳо ва кишварҳои минтақа, фазои мусоиди сиёсӣ, муколамаи созанда ва мутақобилан судманд хизмат карда истодааст.

Бояд таъкид кард, ки Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ панҷ маротиба, “бори аввал 15 марти соли 2018 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, 29 ноябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Узбекистон, 6 августи соли 2021 дар  Туркманистон, 21 июли соли 2022 дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва 14 сентябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст”.

Дар натиҷаи вохӯриҳои мазкур як қатор санадҳои муҳим ба имзо расиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори  равобити фарогир бо ҳамсоякишварҳо буда, оид ба ин масъала дар консепсияи сиёсати хориҷӣ низ ба таври возеҳ чунин омадааст: “Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад”. Тоҷикистон ҳамеша муносибатҳоро бо кишварҳои минтақа дар ҷойи аввал мегузорад. Зеро бидуни ҳамгироии минтақавӣ ва густариши равобити байнидавлатӣ, рушди дилхоҳ кишвар дар алоҳидагӣ ғайриимкон мебошад.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки кишварҳои минтақа дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор доранд: “Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад”.

Мавриди зикр аст, ки Вохӯрии панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 14 снтябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар  доираи саммити мазкур вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири он ба минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, ҷонибҳо дар рафти вохӯрии мазкур як қатор санадҳо: “Изҳороти муштараки сарони давлатҳо; Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022 – 2024; Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи сиғаҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавии “Рӯзномаи сабз” барои Осиёи Марказӣ” ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Изҳороти муштараки кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Дар доираи саммитҳои ҳарсола як қатор чорабиниҳои дигар баргузор мегарданд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун тавсеа мебахшанд. Аз ҷумла, баргузории “Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Вохӯрии вазирони нақлиёт ва Консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Инчунин, “Форуми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Форуми олимони Осиёи Марказӣ, Форуми роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ, Форуми ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказиро метавон дарҷ намуд.

Ҳамин тавр, кишварҳои минтақа талош доранд, занҷираи иқтисоди дохилиминтақавиро тақвият бахшанд ва масъалаҳои минтақавиро дар якҷоягӣ матраҳ намоянд. Зеро бисёр масъалаҳои минтақавие ҳастанд, ки ниёз ба ҳалли дастаҷамъона доранд ва ҳолати мазкур аз ҷониби кишварҳои минтақа хуб дарк шудааст, аз ҷумла, таъмини амният ва рушди муштарак. Масъалаҳои болозикр мунтазам дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳо матраҳ мегарданд.

Чи тавре ки ба назар мерасад, платформаи вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ як механизми муассир дар густариши равобити байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад. Платформаи  мазкур боис гардид, ки шароити мусоид барои истифодаи васеи роҳҳои транзитӣ-нақлиётӣ ва долонҳои транзитӣ фароҳам оварад. Инчунин, байни тарафҳо муколамаи сиёсӣ ба сатҳи хуби муносибатҳо расида, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тақвияти бештар ёфтанд, ки аз раванди бомароми ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
 сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед