Масоили таъмини амнияти иттилоотӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Омили амнияти иттилоотӣ хусусан дар замони ҷахонишавӣ дар қатори дигар навъҳои таҳдиду хатар ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба масоили муҳими муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Созмони ҳамкории Шанхай яке аз аввалин ташкилотҳои байналмилалие мебошад, ки ба масоили таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Чунон ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли 2021 қайд намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Бояд зикр намуд, ки раванди сиёсати байналмилалӣ моро водор месозад, ки ба амнияти   иттилоотии минтақа диққати махсус зоҳир намоем. Олимону коршиносони тоҷик низ ба масоили таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорҷуби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, диққати махсус зоҳир менамоянд.

Дар ин самт, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муайян намудааст. Дар баробари ин, кишвари мо дар соли 2021 раисии ин Созмонро ба уҳда дорад, ки ин имконияти баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти зиёди амниятиро дар фазои СҲШ фароҳам меорад.

Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро водор сохт, ки вобаста ба масъалаи мазкур бетараф набошанд. Кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳанӯз дар нишасти Сарони давлатҳои аъзо, ки 15 июни соли 2006 дар Шанхай баргузор гардид, Изҳороти махсусро оид ба амнияти иттилоотии байналмилалӣ қабул намуданд. Ҳамин тавр, СҲШ яке аз аввалин созмони байналмилалие буд, ки ба масъалаи мазкур диққати махсус зоҳир намуд.

Дар ҳуҷҷати мазкур дарҷ гардида буд, ки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз технологияи иттилоотию коммуникатсионие, ки бо мақсади зарар расонидан ба амнияти инсон, ҷомеа ва давлат истифода мегардад, дар ташвишанд.

Бори аввал дар сатҳи як созмони минтақавӣ нақш ва аҳамияти технологияи иттилоотию коммуникатсиониро дар фаъолияти инсон, таъсири он ба муҳити ҷаҳони иттилоотӣ, инчунин аҳамияти онҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мудофиавӣ ва дигар ҷузъҳои амнияти миллӣ тасдиқ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Созишномаи байниҳукуматии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай 16-уми июни соли 2009 дар ш. Екатеринбург дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ қабул гардида, он соли 2011 ҳукми қонунӣ пайдо намуд. Дар ин санад мавқеи кишварҳоро дар масъалаҳои калидии марбут ба амнияти иттилоотии байналмилалӣ таъкид намуда, онҳоро барои муттаҳид намудан дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нави иттилоотӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Эъломияи ҳуқуқи башар вазифадор намуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳуҷҷати мазкур дар сатҳи байналмилалӣ яке аз аввалин санадҳои танзимкунандаи соҳаи амнияти иттилоотии минтақавию байналмилалӣ буд, ки ҷанбаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, ҷиноятӣ ва террористии онро муайян кардааст. Дар робита ба ин, Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи коршиносони кишварҳои узви СҲШ оид ба амнияти иттилоотии байналмилалиро таҳия намуда, нақшаи амалиётро дар ин самт ва роҳҳои ҳалли мушкилоти амнияти иттилоотии байналмилалиро дар тамоми ҷабҳаҳои он дар доираи созмон муайян намоянд. Мутобиқи моддаи 2-юми Созишнома «Таҳдидҳои асосӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии байналхалқӣ» кишварҳоро дар амали намудани ҳамкорӣ дар ин самт чунин таҳдидҳои соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалиро муайян намудаанд: коркард ва истифодабарии силоҳи иттилоотӣ; омода ва пеш бурдани низоми иттилоотӣ; терроризми иттилоотӣ; ҷинояткории иттилоотӣ; ҳолати ҳукмронии дар фазои иттилоотӣ доштаро ба зарари манфиат ва амнияти кишварҳои дигар истифода бурдан; паҳншавии иттилооте, ки ба системаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, ба фазои фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии кишварҳои дигар зарар мерасонад; таҳдидҳо ба фаъолияти боамн ва босуботи инфрасохтори иттилоотии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ки онҳо дорои хислати табиӣ ва техногенӣ мебошанд.

Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ  дар таъмини амнияти иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзо  нақши назаррас бозида, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки бо мақсади аз байн бурдани таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мудофиавӣ дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои аъзои СҲШ мақсадҳои худро дар ин самт амалӣ намояд.

Абубакр Маҳмадсаидзода,

мутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои

амнияти минтақавии  МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед