Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки манзури мо аз ин истилоҳ панҷ кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аст, дар тӯли се даҳсола дар фазои соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии худро пеш мебаранд. Ҳарчанд, ки ин кишварҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардиданд, вале баъдтар роҳи мустақили рушди иқтисодиву иҷтимоии худро муайян намуданд.

Ҳамзамон, дар баробари муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, як қатор масъалаҳои ба истилоҳ «таҳдидзо» вуҷуд доштанд, ки дар худ решаи таърихӣ доранд. Аз ҷумла, тақсими нобаробар ва ноадолатонаи марзҳо, баҳсҳои марзӣ, масъалаи кишварҳои болооб ва поёноб, хушкшавии баҳри Арал ва даҳҳо дигар масълаҳои таҳдидомезе, ки бо вуҷуди дар худ решаи таърихӣ доштан аз ҷумлаи масъалаҳои калидӣ ва муҳими муносибатҳои байни кишварҳои минтақа гардидаанд. Бояд қайд кард, ки дар даврони баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ кишварҳои болооб – Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳамзамон кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд, баҳси истифодаи об низ аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид. Проблемаҳои номбаршуда ҳамчун масоили фишор ва таҳдидзо ба назар мерасанд, ки метавонанд ҳамчун василае барои барҳам додани амният дар минтақа аз ҷониби кишварҳои сеюми манфиатҷӯ истифода гарданд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон тавонист, ки масъалаҳое, ки дар давоми солҳои тӯлонӣ ҳамчун омилҳои таҳдидзо арзёбӣ мегардиданд, ҳал намояд. Аз он ҷумла, таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон далели ин гуфтаҳост. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни кишварҳо боз гардиданд. Бояд қайд кард, ки муносибатҳои миқёсан нави иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шуданд, ки нофаҳмиҳо ва суитафоҳуми сиёсии байни ду кишвар, ки солҳои қабл дар муносибатҳои дуҷониба вуҷуд доштанд, аз байн рафтанд.

Инчунин масъалаи муҳими таҳдидовар – қазияи Афғонистон ба ҳисоб меравад, ки се кишвари минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бо он ҳамсарҳад мебошанд. Албатта, қазияи Афғонистон яке аз масъалаҳои муҳим ва калидӣ дар сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад. Чунки ноамнӣ дар ин кишвар боиси пурзӯр гардидани таҳдид ва хатарҳои ҷаҳони муосир ба монанди густариши истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир, фурӯши силоҳ, терроризм ва экстремизм гардидааст, ки ба амнияти кишварҳои минтақа оқибатҳои манфӣ хоҳад расонд. Дар баробари ин, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии як қатор кишварҳо ба он оварда расонид, ки дар ин кишвар ҷангу хунрезиҳо солҳои тӯлонӣ давом дошта, боиси беназмиву беназоратӣ гардидааст, ки сабаби асосии фаъол гардидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад.

Дар баробари ин, вазъи дохилии Афғонистон ноором буда, ихтилоф ва низоъҳои қавмиву мазҳабӣ боқӣ мондаанд. Кишваре, ки ҳаёти иқтисодӣ ва инфрасохтори он дар асари ҷанги тӯлонӣ хароб гардидааст, пурра ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад. Пас аз ғасби ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон аз ҷониби ҳаракати террористии “Толибон” Ҷумҳурии Точикистон яке аз аввалинҳо шуда мавқеи худро нисбати ин “ҳукумат” чунин изҳор намуд: “Тоҷикистон тарафдори ҳукуматест, ки фарогири манфиатҳои тамоми халқу миллатҳои Афғонистон бошад”. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон қариб дар масофаи 1400 километр ҳамсарҳад аст. Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои амниятии минтақавӣ буда, хостори сулҳу амният дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони муосир ва таҳдиду хатарҳои он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 қайд гардида буд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳони онанд, ки дар Афғонистон сулҳу амният барқарор гардад. Ҳамчунин вохӯриҳои сарони панҷгонаи кишварҳои минтақа барои ба танзим даровардани масоили иқтисодӣ, сиёсӣ ва асосан масъалаҳои амниятии минтақа ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз гардида буданд. Бояд қайд кард, ки бо иштироки кишварҳои минтақа барои амнияти кишварҳои он созмонҳои амниятӣ аз қабили Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ таъсис гардидаанд.

Ҳамин тариқ, қобили зикр аст, ки таъсис гардидани созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай то андозае ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар минтақа мусоидат намуда, дар таъмини амнияти минтақавӣ ва барҳам додани ҳамагуна таҳдидҳо мусоидат менамоянд.

                                  НУСРАТУЛЛО Зокирзода,
коршиноси Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
МТС-и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед