Таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни сохтори иқтисоди – иҷтимоӣ бо назарияи муайяни илмӣ роҳи рушди иқтисодиро дар партави қонунгузорӣ, пайдарпай амалӣ карда истода, хусусиятҳои иҷтимоии онро дар мадди аввал мегузоранд. Дар партави ин сиёсат рушди иқтисодии бозорӣ дар Тоҷикистон бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ба манфиати мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шавад. Дар иқтисоди бозорӣ асос фаъолияти соҳибкорӣ аст. Вобаста ба ҳамин Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Зимни баромадҳо ва дастурҳои Пешвои миллат дастгирии давлатии соҳибкорон, бунёди заминаҳои мувофиқи ҳуқуқиро барои рушди соҳибкорӣ омода карда, тарбияи кадрҳои мутахасиси соҳа, таъмини муҳити солим барои фаъолияти онхоро асоси ҳамаҷонибаи худ қарор додааст. Воқеан, таҷриба ва амалияи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки саҳми соҳибкорон, махсусан, соҳибкорони хурд ва миёна чи тавр метавонад ба пешрафти иқтисодӣ таъсир расонад. Дар истеҳсолоти дохилии баъзе кишварҳо соҳибкории миёна ва хурд 60 -70 дарсадро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, рушди корхонаҳои хурду миёна аз дигар кишварҳо қафо мондааст, ин бахш имруз дар кишвари мо ҳадди ақал 70 дарсад шумораи корхонаҳоро ташкил медиҳад ва он тақрибан 35-40 дарсад шумораи коркарда ва умумиро ташкил медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам саҳмибахси хусусӣ дар ММД дар соли 2019 ба 70 дарсад расонида шуд бояд мақоми соҳибкорони хурд ва миёна дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкории хурд ва миёнаро натиҷаи татбиқи адолати иҷтимоӣ медонанд. Дар воқеъ ҳам, дар шароити иқтисоди бозорӣ ду масъала метавонад адолати иҷтимоиро то андозае таъмин кунанд, яке татбиқи барномаи мукаммали ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар рушди соҳибкории хурд ва миёна.
Иқтисодиёти ҳозира барои соҳибкории хурд хеле ҳам шароити мусоид пайдо намудааст. Дар он доимо дигаргуниҳои ба вуҷуд меояд, ки имкони ташкили корхонаи нав пайдо мешавад. Мисол, дар солҳои охир талабот барои хизматрасонӣ меафзояд ва 97 дарсади ширкатҳое, ки ба ин кор машғуланд, корхонаҳои хурд мебошанд, ки то 100 нафар коргар доранд. Хусусияти имрӯзаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ на аз иқтисодиёти сода, анъанавӣ, балки аз иқтисодиёти нақшавӣ гардонида мешавад. Иқтисоди бозорӣ дар шароити ҳозира низоми ташкили хоҷагидорӣ дар ҳудуди мамлакат буда, ба муносибатҳои пулию молӣ, гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва рақобати суъбектҳои хаҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолот ва фурӯши мол хизмат асос меёбад. Соҳибкорӣ ҳамчун яке аз шаклҳои фаъолияти инсон ва қисми таркибии фаоълияти иқтисодӣ мебошад. Рушди фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус дар замони буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки таъсири худро ба иқтисиодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ расонда истодааст, яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва минтақаҳои он мебошад.
Дар шароити имрӯза фаъолияти соҳибкории хурд яке аз шартҳои муайянкунандаи рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои банақшагирии самаранокии фаъолияти соҳибкории хурд, амалисозӣ ва идоракунии он, таҳлили ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди иқтидори иқтисодии мамлакат зарур мебошад.
Иқтидори иқтисодии мамлакатро мавҷудияти захираҳои табиӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва илмӣ техникӣ, зерсохтор, соҳаи иҷтимоӣ, молҳо ва хизматрасониҳое, ки ба шаҳрвандон, ширкатҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла, ба корхонаҳои муштарак, дар дохили кишвар ва берун аз он фурӯхта мешаванд ташкил менамояд.
Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» ки соли 2014 қабул карда шуд, дар он қайд карда мешавад: «Соҳибкорӣ фаъолияти ташаббускорона ва мустақилонаи шаҳрвандон мебошад, ки ба гирифтани фоида ва даромади шахсӣ нигаронида шудааст». Фаъолияти соҳибкорӣ дар ин қонун бо фаъолияти корхона алоқаманд аст, ки дар натиҷаи он «мақоми соҳибкор» пас аз бақайдгирии давлатии корхона ба даст оварда мешавад. Аммо фаъолияти соҳибкории фардӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ, ки дар чорчӯбаи қоидаҳои умумии соҳибкорӣ ба амал бароварда мешавад, пешбинӣ карда шудааст.
Ба фикри мо соҳибкории хурду миёна дар асоси лаёқат ва ҷамъбасти таҷрибаи умумиинсонӣ ба вуҷуд омада, раванди истеҳсол ва ё хизматрасониҳоро дар асоси навоварии арзиши ҷамъиятӣ дошта, ки ба соҳибкор даромадҳои пулӣ ва қонеъгардонии талаботро таъмин менамояд, мебошад. Аввали ислоҳот дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон умедворкунанда буд, соҳибкориҳо асосан дар соҳаҳои электроника, радио, авиатсия, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминий, коркарди мармару маводи сохтмонӣ, санг ва филизоти қиматбаҳо ба роҳ монда шуда буданд.
Маҳз дар асоси барҳам пайваст карда шудани омилҳои истеҳсолот тавлиди меҳнати иқтисодӣ ва хадамот имконпазир мегарданд. Раванди ташкили истеҳсолот, тавлиди неъматҳову хадамот, фурӯшу ба даст овардани даромад, тақсими он, барпо кардани низоми муназзаму мутаносиб бо ташкилотҳои молиявӣ аз ҷумлаи муаммоҳое мебошанд, ки ҳар як соҳибкор онҳоро дар ҳар як маврид бояд ҳал намояд.
Ин раванд хеле ҳам мушкилу мураккаб буда, барои дуруст ва оқилона ба роҳмондани он маблғҳои зиёди моддӣ, корӣ ва пулӣ талаб карда мешавад. Ғайр аз ин раванди пурра барқарор кардани хароҷот, ба даст овардани фоида, таъмин кардани ҷараёни навсозию таҷдиди техналогӣ ва ғайра вақти зиёдро тақозо менамояд. Аз ин нуқтаи назар ташкил кардани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот яке аз соҳаи мураккаб ва меҳнатталаб мебошад.
Вале аз сабаби он, ки истеҳсот соҳаи аз ҳама заруртарини ҳаёти ҷомеъа ва яке аз навъҳои мураккабтарини соҳибкорӣ ва сердаромади ҳавзаи иқтисод мебошад, гурӯҳи одамони ташаббускор, новобаста ба дараҷаи баланди хатари он ба ин соҳа миён сахт баста, фаъолият пеша мекунанд. Доир ба ташкили раванди истеҳсолот, истифодаи омилҳо ва тарзу услуби ба ҳам пайваст кардани онҳо, истифодаи захираҳо, ташкили истеҳсолот дар доираи шакҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ғайра.
Дигар самте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аҳамияти хос додааст, дар назар гирифтани шароити рушди иқтисодии кишвар аст. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст, дар он рушди сохибкорӣ дар соҳаи саноати кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкили коркарди масолеҳи кишоварзӣ, сохибкорӣ дар соҳаи саноати кишоварзӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Аз хамин сабаб ҳам ҷиҳати иҷрои сиёсати Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба дастгирии ин соҳа ва таъмини рушди устувори он, чорабиниҳое дар ҷумҳурӣ амалӣ шудаанд, ки ба соҳибкорӣ ва пешрафти хоҷагиҳои деҳқони такони бузург бахшидаанд. Аз ҷумла, тақсим кардани миқдори муайяни замин ба аҳолӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминаи колхозу совхозҳо, маблағгузории хоҷагиҳо, ташкили қарзҳои имтиёзнок ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анъана ва суннатҳои қадим дорад ва инъикоси худро дар ақида, фарҳанг ва тарзи зиндагии мардум пайдо кардааст. Барои рушди соҳибкории хурд дар соҳаи кишоварзӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мусоидат менамояд.
Аз тарафи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барномаҳои рушди бонизоми иқтисодиёт ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум тартиб дода шудаанд, ки ба санади Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мувофиқат доранд. Дар ин барномаҳо ба соҳибкорӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, аксар чорабиниҳои ин барномаҳоро рушди фаъолияти соҳибкорӣ фаро гирифтааст.
Чуноне, маълум аст, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки сатҳи камбизоатиро кам карда ва дар ин самт ба соҳибкорӣ бештар такя карда шавад.
Ташкили корхонаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти онҳо дар истеҳсолот ҷорӣ намудани техналогияи нав ва баланд бардоштани сифати маҳсулот барои соҳибкорон масъалаҳои муҳим мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми рушди кишвар – саноаткунонии хоҷагии халқ пешниҳод гардид. Бинобар ин, сиёсати Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи рушди ин соҳаҳо таъсири бонуфузе ба вусъати соҳибкорӣ дар истеҳсолот дошта метавонад.
Барои пешрафти соҳибкорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар кардани маблағгузориро дар ин соҳа яке аз шартҳои муҳимии инкишоф медонад ва қонуне, ки доир ба дастгирӣ ва маблағгузорӣ қабул карда шудаанд, аз ҷумла Қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи таърихи қарзҳо », «Дар бораи сармоягузорӣ» ба ҳамин мақсад равона карда шудаанд. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон барои рушди бемайлони соҳибкорӣ, аз байн бурдани монеаҳои ин соҳа нигаронида шудааст. Барои ин корҳои зиёдеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст, ки муҳимтарини онҳо дастрасии соҳибкорон ба манбаҳои қарз, афзоиши теъдоду сохтори ниҳодҳои молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии молиявӣ ва амсоли онҳо мебошанд.
Ҳалли ин гурӯҳи масъалаҳо на танҳо истеъдод ва ташаббус, балки баланд бардоштани малакаю маҳорат ва дониши худи соҳибкорро бо воситаи курсҳои баланд бардоштани ихтисос ва дигар донишкадаву донишгоҳо тақозо менамояд.
Ғуломносирова Ф. М., мутахассиси
пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон