Рӯзи 3 сентябри соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои марбута, донишмандони соҳаи иқтисодиёт, коршиносони варзида ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд ва қайд кард, ки ҳадафи ҳамоиши имрӯза таҳлилу арзёбии барномаҳои давлатӣ ва роҳҳои таъмини рушди соҳаи саноат дар шароити муосир, дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди саноати инноватсионӣ дар кишвар бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад.

Зимни суханронӣ Хайриддин Усмонзода қайд намуд, ки тайи солҳои охир навовариҳо дар соҳаи саноат ҷомеаи ҷаҳониро ба зинаи нави рушд расонд. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз бо такя ба технологияҳои навтарин ба рушди бемайлони иқтисодиёт ноил гаштанд. Бо назардошти ин, яке аз унсурҳои муҳимми таъмини тараққиёти индустриалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти молу маҳсулоти гуногун мебошад. Аҳаммияти фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар саноат ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, афзоиши содирот ва қонеъсозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад. Бинобар ин, инноватсия маънии пешрафти босуръати саноатро дорад.

Дар самти ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, барномаҳои саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра. Мақсад аз қабули ин санадҳо ташаккули системаи самараноки инноватсионӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди технологӣ, таъмини рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ниҳоят расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад.

Директори Марказ иброз намуд,ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиши содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Тавре олимони ватанӣ изҳор медоранд, таъсиси корхонаҳои нав, воридот ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон, қобилияти идоракунии истеҳсолот аз ҷониби онҳо, омодасозии кадрҳои баландихтисос омилҳои асосии ноил шудан ба ҳадафҳои рушди саноат ба ҳисоб мераванд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2023 дар мамлакат беш аз 3000 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, сол ба сол теъдодашон меафзояд. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаву коргоҳи нав ба истифода дода шуд. Дар ин самт соҳибкорони ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар ташаккули истеҳсолоти саноатӣ бахшҳои истеҳсоли маъдан, энергетика, хӯрокворӣ ва ангишт ҳиссаи бештар доранд.

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфтааст. Дар натиҷаи фаъолияти беш аз 250 корхонаи нави саноатӣ дар мамлакат 1714 ҷои кор фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 корхона бо 53 ҷойи нави кор, дар вилояти Суғд 91 корхона бо фароҳам овардани 681 ҷойи кор, дар вилояти Хатлон 42 корхона бо 344 ҷойи кор, дар ноҳияҳои тобеи марказ 39 корхона бо 117 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 62 корхона бо таъсиси 619 ҷойи кор ба истифода дода шуданд.

Дар интиҳои суханронии худ Хайриддин Усмонзода ба кори ҳамоиш муваффақият хоста, қайд намуд,ки мо боварии комил дорем, ки ҳадафи асосии ҳамоиши имрӯза,ки арзёбии заминаҳои асосии рушди саноати инноватсионӣ, ташаккули стратегияи инноватсионӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва масоили дигар дар соҳаи таъмини саноати инноватсионӣ мебошад, таҳлилу баррасӣ мегарданд.Итминон дорем, ки натиҷаҳои бадастомада барои ҳамаи иштирокчиён ва пеш аз ҳама, барои таъмини саноати инноватсионии Тоҷикистон муфид хоҳанд буд ва тавсияҳои пешниҳодшуда дар амал татбиқ хоҳанд ёфт.

Ҳамин тавр, ҷараёни минбаъдаи ҳамоиш таҳти раёсати муовини якуми Директори Марказ Ораз Муртазозода ба кори худ идома дод. Дар назди ҳозирин Бобоев Ҷурахон, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи барномаҳои давлатӣ ва роҳҳои таъмини рушди соҳаи саноат дар шароити муосир», Раҳматзода Рустам, д.и.и., профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Саноатикунонии босуръати мамлакат–асоси таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раҷабов Раҷаб Кучакович, профессори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи «Вазъи саноати инноватсионӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», Муртазозода Ораз, н.и.и., дотсент, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенгти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Арзёбии заминаҳои асосии рушди саноати инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раҳимов Лоиқ Ҳарфиддинович, сардори Шӯъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши инноватсия дар рушди соҳаи кишоварзӣ», Шарифзода Муҳаммад, сардори шуъбаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Вазъи феълӣ ва дурнамои сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ» суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд. Сипас пиромуни маърузаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назари судманд сурат гирифт.

Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, изҳори умед намуд, ки ҳамоиши мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани таъмини саноати инноватсионии Тоҷикистон дар соҳаи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби шарикии давлат ва бахши хусусӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед