Агар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллиро варақ гардонем, худ шоҳиди шоҳкориҳо, бунёдкориҳо ва созандагиҳои Пешвои миллат мешавем, ки ин фарзонафарзанди миллат дар як ҳолати сахти нобудӣ ва нестшавии давлату миллат ба майдони сиёсат ворид шуд. Ба ин ҳама Иҷлосияи тақдирсози миллиро, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуд, метавон сабаб донист. Аз баргузории ин Иҷлосия, ки кунун се даҳсола паси сар шуд, ҳар як ҳарфу каломе, ки Пешвои миллат аз сидқд гуфта буданд, ба анҷом расонида шуд. Дар радифи нақшгузориҳову заминагузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиёти босуръати Тоҷикистон кас метавонад асаре эҷод кунад. Ҳарчанд зикри созандагиҳои ӯ барои рушди имрӯза ва минбаъдаи Тоҷикистон дар як бобу дар як фасл гунҷоиш намеёбад, вале ин ҷо аз хизматҳо ва дастовардҳо, ки дар самти бунёди роҳҳо, нақбҳо, пулҳои мошингузар, сохта ва ба истифода додани роҳи оҳану авиатсияи гражданӣ ва таъсиси терминалу идораҳои соҳавӣ сухан ронем. Вазъи имрӯзаи роҳҳо ва пулҳои мошингузаришаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он, инчунин, навоҳии дигари ҷумҳурӣ бе шак аз созандагиҳои Пешвои миллат дарак медиҳад. Агар ба ҳолати роҳҳои ҳам дохилии марказ ва ҳам берун аз он дар даҳсолаи аввал назар кунем, ҳолати роҳҳои дохилии пойтахтро дар танбашавӣ, дар ҷудо набудани роҳи пиёдагарду мошингард, ба садама дучоршавии одамон аз сабаби тангии роҳҳо мебинем ва роҳҳои се вилояти кишварро дар ҳолати харобӣ ва дар аксар минтақаҳо дар вуҷуд надоштани нақбу пулҳо мебинем. Агарчӣ бунёдкориҳо ва дастовардҳо дар самти маҷмааи нақлиётӣ қайд карда шуд, ин ҷо зикри нақши бориз доштани Пешвои миллат дар бартараф кардани мушкилоти аҳолии деҳот ва дастрасии онҳо ба молу маҳсулоти хушсифат дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ба мақсад мувоиқ аст. Аз ин рӯ, тавре зикр гардид, бунёд ва азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳои мошингузар, пулҳои мошингузар ва ҷалби сармоя дар ин самт аз ташаббусҳои Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Агар ба иқдомоти Роҳбари давлат дар самти бунёду азнавсозии роҳҳо дар даҳсолаи аввал нигарем, ташрифи ӯро соли 1999 ба мавзеи нақби “Истиқлол” мебинем, ки он ҳангом иброз дошта буданд. “Агар барои бунёди ин нақб сармоя пайдо нашавад, пас бо нохунҳоямон ин кӯҳро шикоф карда, роҳ бунёд мекунем”. Ин сухани таърихии ӯ ба сокинони водии Зарафшон умед ба ояндаи дурахшон бахшид. Сокинони ин водӣ тӯли даҳсолаҳо аз набудани роҳу нақбҳо танқисӣ мекашиданд ва орзуи дастрасӣ ба марказ ва дигар манотиқи ҷумҳуриро доштанд. Мусаллам аст, ки набудани роҳу нақбҳо ва пулҳо боиси мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

Бо кушода ва ба истифода додани нақбҳои “Анзоб”, “Истиқлол”, “Шаҳристон”, роҳҳои мошингарди Душанбе – Бӯстон-Чанок, Айнӣ – Панҷакент, ва чандин шоҳҳроҳои байналмилалӣ дар сарҳад бо Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар самти шимоли кишвар мушкилиҳои аҳолии водии Зарафшон бартараф гашта, вазъи иқтисодию итҷтимоиашон низ хубтару беҳтар гардидааст. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди иқтисодии вилояти Суғд маҳз дар вуҷуд доштани роҳҳои алтернативӣ ва дар ин замина дар иртиботи ҳамешагии аҳолии он ҷо бо дигар минтақаҳо дида мешавад. Имрӯз ҳолати хуби хизматрасонии нақлиётӣ ба пешрафту инкишофёбии минтақаи Суғд сабаб гаштааст. Аз ин лиҳоз, рӯзноманигори ватанӣ Афшини Муқим нисбат ба раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ барҳақ гуфтааст: “Президенти кишвари мо бо бунёди нақбу роҳҳои зиёд кишвари моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшиданд. Имрӯз роҳҳо омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва пайвандгари тоҷикистониён гардидаанд… Сипос ба Пешвои миллат!”.

Дар робита ба баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар самти вилояти Хатлон метавон бунёди нақбҳои “Хатлон (Чормағзак)”, “Шар – шар”, бунёд ва азнавсозии шоҳроҳҳои автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб, Душанбе – Бохтар, Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош, Душанбе-Кӯлоб – Қалъаихумб, Бохтар – Дӯстӣ, бунёди шаш пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ, таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилиноҳиявӣ, кушодани роҳи оҳани Душанбе – Бохтар, Бохтар-Кӯлоб ва ғайраро ном бурд, ки ин ҳама ба иқдомоти наҷибонаи Пешвои миллат вобастааст.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ соли 1993 аз аввалин сафарҳои кории ӯ ба ин минтақа буд ва сухане, ки бо итминони комил иброз доштанд, ин буд, ки “ман кӯшиш мекунам Бадахшонро ба маркази тиҷоратӣ ва макони сайёҳӣ табдил диҳам”. Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки имрӯз ВМКБ дар ҳақиқат ба маркази тиҷоративу макони сайёҳӣ табдил гаштааст. Имрӯзҳо мо худ шоҳидем, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин гӯшаи диёрамон зиёд гашта истодааст. Маҳз ободию созандагиҳост, ки ташрифи меҳмонони хориҷӣ тавассути роҳҳои мошингард ҷиҳати тамошои манзараҳои зебоманзари ватанамон сурат мегирад. Исботи ин гуфтаҳо дар марҳала ба марҳала бунёд гардидани шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб – Қалъаихумб – Рӯшон – Хоруғ – Мурғоб –Кулма асоси худро ёфтаанд. Бешак, татбиқи ин ҳадафи стратегӣ дар баробари бартараф намудани мушкилоти рафтуомади сокинон, инчунин, ташрифи сайёҳонро ба манзараҳои зебои диёрамон зиёд менамояд. Воқеан, имрӯзҳо мо худ шоҳиди тадбирандешиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба ҳаёти осоишта таъмини намудани мардум гардидаем. Аз ташрифовариҳои он кас ба минтақахои дурдасти кишвар маълум мегардад, ки ӯ аз мушкилоти мардум воқиф гашта, баҳри бартарафи он дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.

Ин ҷо, ки баҳси калом ба барқарорсозию бунёдкориҳои Пешвои миллат дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ равона мегардад, бояд қайд карда шавад, ки давоми солҳои истиқлоли давлатӣ дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди ВМКБ бо ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ як қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб соли 2004 оғоз гардида, то охири соли 2017 ба масофаи 134,7 км роҳ бо маблағи 174,8 млн доллари амрикоӣ бунёд гардидааст. Дар доираи барномаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот” соли 2019 дар ВМКБ корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ вобаста ба таъмини устувори зидди хатарҳои офатҳои табиӣ сохтмони 18 пул ба маблағи 20 млн доллари амрикоӣ оғоз гардид. Ҳамчунин, худи ҳамон сол бо супориши Сарвари давлат марҳалаи якуми таҷдиди роҳи Қалъаихумб – Ванҷ дар қитъаи Шкев -Қалъаихумб ба масофаи 26 км оғоз гардида, Пешвои миллат зимни сафари кориашон ба ВМКБ онро мариди баҳрабардорӣ қарор доданд. Илова бар ин, соли 2020 сохтмони роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ сарҳади ноҳияи  км роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитармавиро дар бар мегирад. Тибқи барномаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот” то соли 2025  роҳҳои мошингарди Хоруғ – Туқузбулоқ ба масофаи 185 км ба маблағи 31,8 млн доллари амрикоӣ, Музкул – Мурғоб ба масофаи 126 км ба маблағи 30,3 млн доллари амрикоӣ, Мурғоб – ағбаи Кулма ба масофаи 90 км ба маблағи  21,624 млн доллари амрикоӣ, Хоруғ – Ишкошим ба масофаи 105 км ба маблағи 26,2 млн доллари амрикоӣ, Ишкошим – Тузкул ба масофаи 210,5 км ба маблағи 52,8 млн доллари амрикоӣ ва Қалъаихумб – Дашти Луч ба масофаи 6,9 км ба маблағи 779,6 ҳазор доллар бояд таъмир шавад”.

Аз нишондоди идораи мазкур, ки дар самти таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди кишвар масъул аст, корҳои вусъатбахшӣ дар самти роҳсозӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ марҳила ба марҳала идома ёфта истодааст. Барои мисол, азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ба масофаи 57 км ва ба маблағи 800 млн сомонӣ, Айнӣ – Панҷакент ба масофаи 113 км ва ба маблағи беш аз 700 млн сомонӣ, Восеъ-Ховалинг ба масофои 88 км ва ба маблағи 370 млн сомонӣ ва ғайраро метавон ном бурд. Дар ин самт кишварамон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба беҳтарин натиҷаҳо ноил гаштааст.

Тибқи таҳлили коршиносонаи муҳаққиқ:  Давлатшоев Р.А. “Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои шабакаҳои роҳҳои мошингарди душворгузар буда, зиёда аз 15%-и ин  роҳҳо дар ҳамвориҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Тахмин 50%-и роҳҳои автомобилгард дар шароити куҳсор ҷойгир мебошанд. Боқимонда 35% -и роҳҳои мошингард дар шароити баландкӯҳ қарор дорад. Бо вуҷуди ин, бояд қайд намуд, ки дар шароити рушди иқтисодиёт ва тағйирёбии мавқеи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самаранокии истифодабарии нақлиёт сиёсати дурандешона ва аз нуқтаи назари консептуалӣ асосноккардашуда дар соҳаҳои гуногуни нақлиёт бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурӣ ва нақши он дар низоми нақлиётӣ зарур мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҷойгиршавии роҳҳои мошингард барои тавсиф додани шароити мураккаби истифодабарии роҳу нақлиёт ва аниқ намудани меъёрҳои энергетикӣ, моддӣ, иқтисодӣ ва дигар хароҷот мусоидат менамояд.

Бо вуҷуди душвор будани шароитҳо барои тадбиқи ҳадафи стратегӣ- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз омилҳои муҳимтарини рушди устувор ба шумор меравад, дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ корҳои бузурги аҳамияти таърихӣ дошта иҷро шудаанд, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлол, аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдилии мардуми кишвар ба даст омадааст”.

Чанд сухан дар доираи созандагиҳо ва ободкориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маҷмааи нақлиётӣ иброз карда шуд, ки тасдиқи ин гуфтаҳо дар ҳама пешрафту тараққиёти имрӯзаи Тоҷикистон ба назар мерасад. Исботи ин ҳама шоҳкориҳо ва бунёдкориҳои Пешвои миллатро дар порае аз шеъри  шоири халқӣ Саломуддини Раҳимӣ мебинем.

Дар танури зиндагӣ ӯ ақли худ бигдохта,

То шавад сад мушкил осон роҳи оҳан сохта.

Нақби “Истиқлол” монад з-ӯ нишони ҷовидон,

То даме, ки ҳаст дунё номи ӯ вирди забон.

Ҳамрадифи нақби “Шар – шар” нест дигар дар ҷаҳон,

Гар надорӣ боварӣ якбор рав бигзар аз он.

Хизмати шоистае бар халқу миллат кард ӯ,

Мардумашро соҳиби бахту саодат кард ӯ.

Фарзона Ғуломносирова,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед