Мақсади асосии накши давлат дар рушди иқтисодиёт ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян намудани мавқеи давлат дар таъмини инкишофи ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш аз модели рушди иқтисодии аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мебошад.

Вазифаи аввалини давлат дар бахши муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, пеш гирифтани роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун намудани шакли моликият ва такмил додани низоми мутамаркази истеҳсолию идоракунӣ ва таъсис додани сиёсати иқтисодиву иҷтимоии миллӣ мебошад. (Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҷумхурии Тоҷикистон, бо  вуҷуди тағирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ  ва  амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафхои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани  зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ тақозо менамояд, ки нисбат ба замин, ба хусус заминҳои корам  давлат ва шахсони воқеъию ҳуқуқӣ, аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, самаранок истифода намудани ҳар як қитъаи замин пеш бурда шавад. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоямии заминҳои корам, ҳатто заминҳои обӣ ба чашм мерасад.

Амнияти озуқаворӣ дар мамлакат аз сатҳи истеҳсоли ватании намудҳои асосии озуқа вобаста аст. Маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда талаботи аҳолиро пурра қонеъ накарда, зарурати аз хориҷ ворид намудани онро дар миқдори зиёд ба миён меорад. Инчунин, ин проблема ба вазъи бозори ҷаҳонӣ ва минтақавӣ алоқамандӣ дорад.

«Таъсири буҳрони молиявии COVID-19, ки оҳиста-оҳиста ба буҳрони иқтисодӣ мубаддал гаштааст, ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ таъсири худро расонид. Коршиносон ояндабинӣ карда буданд, ки то охири соли 2020 ва аввали соли 2021 сатҳи рушди ММД-и кишварҳои рӯ ба тараққӣ матавонад тақрибан аз 3,8% то 1,1% коҳиш ёфта, рушди иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда ба андозаи 3,3% низ кам гардад. Барои мисол, коршиносони байналмалалӣ паст гардидани ММД-и ИМА-ро ба андозаи 3,4% ва кишварҳои аврупоиро ба миқдори 4,7% пешбинӣ намуда буданд.[1]

Барои мисол якчанд давлатро дида мебароем. Чин кишвари рӯ ба тараққӣ ҳисобида мешавад, ки ин тааҷҷубовар аст, зеро он дуввумин қудрати иқтисодӣ дар ҷаҳон пас аз ИМА аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии он  13,61 триллион долларро ташкил медиҳад (вақте ки мо дар бораи триллионҳо гап мезанем, миллионҳоро дар назар дорем) долларро ташкил медиҳад ва ҳамасола 6,6% афзоиш меёбад. Дар воқеъ, агар танҳо ММД-ро ба назар гирем, ин аввалин иқтисод дар ҷаҳон аст. На танҳо ин, балки бо 1 миллиарду 439 миллион нафар аҳолӣ яке аз давлатҳои сераҳолитарини кишвари ҷаҳон аст. Ҳеҷ кас намедонад, ки рушди иқтисодии ӯ то куҷо рафта метавонад, аммо Индекси рушди инсонии ӯ (ИРИ) то ҳол ба ҳисоби миёна 0,699 аст.

Ҳиндустон дувумин кишвари сераҳолӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҳиндустон 2,719 триллион долларро ташкил медиҳад ва соле 6,8 дарсад меафзояд. Бо вуҷуди ин, (ИРИ) -и ӯ то ҳол миёна аст, яъне 0,554.

Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон мебошад. Он воқеан як кишвари бениҳоят муттаҳидшуда аст, аммо ноустувории сиёсии он маънои онро дорад, ки онро кишвари комилан пешрафта ҳисоб кардан мумкин нест. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия 1,658 триллион долларро ташкил медиҳад. ва соле 2,3 дарсад меафзояд. Дар ин ҳолат, арзиши (ИРИ) -и ӯ 0,771 баланд аст. Мушкил ин аст, ки шумораи афзоиши аҳолӣ тақрибан вуҷуд надорад.

Диаграммаи 1 Динамикаи болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, индекси рушди инсонӣ ва шумораи афзоиши аҳолӣ.

Фарқи асосии буҳрони молиявии COVID-2019 аз буҳрони соли 2008 дар он аст, ки буҳрони қаблии имрӯза, пеш аз ҳама, ба таназзули занҷираи технологӣ ва логистикӣ (нақли молу амвол) дар тамоми дунё оварда расонид, ки ба бастанӣ сарҳадҳои байни давлатҳо ва дар маҷмӯъ, паст гардидани истеҳсолот ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ба пурра қатъ гардидани он оварда расонид. Бинобар ин, буҳрони молиявии COVID-2019 ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвари мо таъсири бевосита ва ғайри мустаъқими худро низ расонида истодааст.

Аз рўи маълумотҳои Созмони байналмилалии аграрию озуқаворӣ

сифати маҳсулоти хурокворӣ на фақат ба саломатии инсон, балки ба тараққиёти афзоиши  узвҳои инсон хизмат мекунад. Яъне хурокворӣ инсонро аз гуруснаги мераҳонад, балки инсонро табобат ҳам мекунад. Озуқа бояд ҳамаи моддаҳоеро, ки ба таркиби бадани инсон дохил мешавад, дошта бошад. Бо ғизо ба организм сафеда, равған, моддаҳои маъданӣ, макро ва микроэлементҳо, витаминҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Муайян карда шудааст, ки дар таркиби бадани инсон ба ҳисоби миёна сафеда 16%, равған 12%, намакҳои  менералӣ 5%, об 70%, ва ғайра вуҷуд дорад, ки миқдори онҳо дар узвҳои бадани инсон якхела нестанд.[2]

Яке аз маҳсулоти паҳнгардидаи хӯрокворӣ барои инсон нон ба шумор меравад, ки аз давраҳои қадим маълум аст. Танҳо гандуме, ки мо аз орди он маҳсулоти зиёди хӯрокворӣ тайёр мекунем, дар таркибаш ҳар гуна моддаҳои ғизоноки зарурӣ, ба монанди сафеда 14%, ангиштобҳо 80%, равған 2%, қанд 3% ва витаминҳо вуҷуд дорад. [3]

Бояд тазаккур дод, ки айни замон таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия  яке аз шарикии аслии тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боиси афзоиши арзиши маводи сӯзишворӣ, таварруми рубли русӣ ва сомонӣ ва дар пайи он боло рафтани арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва молу амволи мавриди ниёзи мардум гардид.

Дар натиҷа амнияти озуқавории Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат аст, зери хатар қарор гирифт. Тибқи омори расмӣ, арзиши маҳсулоти хурокворӣ як дарсад боло рафт, аммо арзиши воқеии он дар бозор каме баландтар аст.

Барои мисол, маҳсулоти ниёзи аввалини мардумро дар се моҳи сипаришуда дар ҷадвал оварда шудааст. Боло рафтани нархи маҳсулот дар пайи манъи содироти чандин навъи молу маҳсулот, аз ҷумла, гандум, мақомоти Тоҷикистонро маҷбур ба тасмимгирии сареъ кард.

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тадриҷан амалӣ мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, баҳри таъмини аҳолии кишвар бо озуқаворӣ чораҳои таъхирнопазир меандешад. Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлатӣ, тибқи усул ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд. Дар моддаи 5- и Қонуни мазкур омадааст, ки мақсади дастгирии давлатӣ доир ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим  аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад. Дар ин замина ҳамзамон баҳри рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ тадбирҳои судманд андешида шуданд, ки ба амалӣ гардидани нақшаҳои муҳим замина гузоштанд.

Дар раванди татбиқи ҳадафи стратегӣ таваҷҷуҳ ба он равона мегардад, ки бояд маҳсулоти хӯрокворӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш карда шавад, то ба саломатии шаҳрвандон зиён нарасад.

Барои пешгирии  ба бозори истеъмолӣ ворид шудани маҳсулоти пастсифат саҳми Агентии  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  калон аст. Фаъолияти ин ниҳод дар ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон назаррас аст.

Агентии “Тоҷикстандарт”, аз ҷумла, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» як қатор чорабиниҳоро амалӣ кардааст. Чунончи, санаи 4 феврали соли 2021 дар Агентӣ мизи гирд бо иштироки масъулини вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи амнияти озуқаворӣ, пажӯҳишгоҳҳои ғизо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор шуд. Ширкаткунандагон роҷеъ ба масъалаи мазкур ибрози андеша ва мубодилаи афкор намуданд. Баррасии ин мавзуъ, дар робита ба қонуни дар боло зикршуда, 29 январи соли 2021 дар корхонаи ҶДММ «Зерновая Компания» идома дода шуд. Ин корхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ гардида, фаъолияти он ба истеҳсоли орди гандумӣ ва маҳсулоти макаронӣ равона гардидааст. Дар мизи гирд дар ин корхона доиргардида рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амнияти орди ғанигардонидашуда» ва СТҶТ «Орди гандумии ғанигардонидашуда» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.

Агентӣ дар самти назорати бозори истеъмолӣ, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ низ диққати махсус медиҳад. Дар ин бобат назорати бозори истеъмолӣ пурзӯр гардида, ҷиҳати ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Тибқи маълумоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семоҳаи якуми соли 2021 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба микдори 79796 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯй набуда ба қайд гирифта шудааст, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати амнияти (58 928 кг) ва қисми дигари он аз рӯи ин тамғагузорӣ дар борҷомаашон (20 868 кг) ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии “Тоҷикстандарт” аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 12 806 кг  маҳсулоти гӯштӣ, 5929 кг равғани растанӣ, 3557 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 1615 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 962 кг маҳсулоти қаннодӣ, 8 382 кг маҳсулоти ширӣ, 46 кг иловагиҳои ғизоӣ, 4505 кг қанд, набот ва асал, 6 866 кг намак ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад, ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбати воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Вобаста ба  масъалаи таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат ва назорати танзими фаъолияти маҳсулот истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон барои такмили қонунҳои амалкунанда корҳои муайяне анҷом дода мешавад. Чунончӣ, ба наздикӣ бояд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти маҳсулоти хӯрокворй»  тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо боз ҳам беҳтар намудани назорати сифати  маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшаванда ва воридшаванда мебошад.

Айни ҳол лоиҳаи ин санад дар мувофиқа қарор дорад. Ҳамзамон, лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омода гардидааст ва дар назар аст он ҳам вақтҳои наздик дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.  Ин лоиҳаи қонун ба самти танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми барасмиятдарории  санад зарурӣ равона гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳар як суханронӣ ва сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар ба масъулин бобати рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, зиёд кардани истеъмоли маҳсулот, васеъ кардани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд.

Чанде пеш зимни боздид аз вилояти Хатлон ва суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони вилоят аз ҷумла таъкид намуданд: “Дар шароити шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла вобаста ба пайомадҳои пандемияи коронавирус, низоъҳои сиёсиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он, соли 2021 бисёр мураккабу вазнин пешгӯӣ мешавад. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се – чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар як оила таъмин намоянд.”

Рузиев Аброр Толибович
номзади илмҳои иқтисодӣ,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед