Омӯзиши проблемаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити муосир аз бетарафӣ, номуайянии равишҳо ва гуногунии андешаҳо нисбат ба ҳалли онҳо шаҳодат медиҳад. Аммо, албатта яке аз масъалаҳои муҳим он аст, ки соҳаи иҷтимоӣ бо соҳаи иқтисодӣ зич алоқаманд аст ва таносуби онҳоро бояд ҳамаҷониба ба инобат гирифт. Ғайр аз он, спектри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хеле васеъ буда, даҳҳо минтақаро дарбар мегирад, ки муҳимтарини онҳо инҳоянд: сатҳи зиндагӣ; шароит, муҳофизати меҳнат ва бехатарӣ, шуғл, амнияти иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии маъюбон, собиқадорони ҷанг ва меҳнат, гурӯҳҳои камдаромади аҳолӣ ва ѓайра. Дар ин рӯйхат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, сайёҳӣ алоҳида ҷой дорад. Аммо, масъалаи таъминоти нафақа бо фарогирии беш аз 690 ҳазор шаҳрвандон ва амалан, ба ҳар як оилаи дуюм дар давлат аҳамияти хос дорад.

Мутаассифона, андозаи нафақаи ин гуруҳи аҳолӣ ба талаботи онҳо мутобиқат надорад. Иқтисодиёт қудрати таъсири мусбат расонидан надорад, зеро аксари бахшҳои иқтисоди бозаргонӣ қаноатбахш кор намекунанд, корхонаҳо аз андозҳо саркашӣ мекунанд ва музди меҳнатро ѓайрирасмӣ ё ба қавле дар «лифофа» медиҳанд. Аз ин ҷост, ки андозаи нафақа низ дар сатҳи паст боқӣ мемонад.

Ҳаҷми суғуртаи корхонаҳо дар ҳаҷми 25% фонди музди меҳнат (бо дарназардошти 1% ва 13 фисад аз даромад ё саҳми худи кормандон) баланд боқӣ мемонад. Дар айни замон, андозаи миёнаи нафақа дар миёнаи соли ҷорӣ 310 сомониро ташкил дод.

Аз маълумоти, мавҷуда бар меояд ки баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар он кишварҳое рух медиҳад, ки дар онҳо ислоҳоти иқтисодӣ фаъолона гузаронида мешавад.

Қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар Тоҷикистон як қатор равишҳо ва муқаррароти навро бояд пешбинӣ мекард. Аз ҷумла, баҳисобгирии инфиродии суратҳисоби нафақа, муайян кардани андозаи нафақа дар асоси музди миёнаи меҳнат дар тамоми давраи кор, ҳавасмандгардонӣ ба давраи таъхир дар давраи нафақа ва зиёд кардани давомнокии меҳнат собиқаи пурра барои гирифтани нафақа, дохил шудан ба собиқаи моҳҳое, ки саҳмҳо пардохтаанд, масъулияти маблағгузорӣ бо кумакҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ ва ғайра.

Чунин заминаи ҳуқуқӣ, бояд имкон медод, ки ислоҳоти нафақа дар асоси ҷорӣ кардани системаи сесатҳа нафақа амалӣ гардад, ки моҳияти он чунин аст:

Сатҳи аввал системаи муштараки нафақа буда, ки дар он андозаи нафақа аз давомнокии собиқаи корӣ ва андозаи подоши суғурта, дар муқоиса бо системаи мавҷудаи нафақа, аз давомнокии собиқаи корӣ ва маош вобаста аст. Ин имкон медиҳад, ки андозаи нафақаи миёна то 50-60% аз музди миёнаи меҳнат зиёд карда шавад. Шарти асосии ҳалли ин масъала ворид намудани суратҳисобҳои шахсии нафақавии супорандагони саҳми суғурта мебошад. Ба ақидаи мутахассисон, дар аввали соли 2017 мебоист чунин ҳисобҳои инфиродӣ дар саросари Тоҷикистон ҷорӣ мешуданд.

Сатҳи дуюм, системаи пасандозҳои ҳатмии маблағҳои шаҳрвандон дар асоси ҷорӣ кардани суратҳисобҳои шахсии пасандозии нафақавӣ мебошад. Тавассути ширкатҳои суғурта, ин маблағҳо барои гирифтани даромади сармоявии минбаъда маблаѓгузорӣ карда мешаванд. Ҳангоми ба нафақа баромадан аз ҳисоби ин андухтҳои нафақавӣ ба андозаи нафақаи аз ҷониби давлат дар зинаи якуми системаи муштараки нафақа кафолатдодашуда илова карда мешавад. Пасандозҳои ҳатмии нафақа як механизми қавӣ барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, музди меҳнати муқаррарӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аммо, амалӣ шудани он аз бисёр омилҳои иқтисодӣ вобастагӣ дорад.

Барои он ки системаи умумиҷаҳонии низоми андухти нафақавии ҳатмии пардохтҳои боэътимод ва мувофиқи нафақа таъмин карда шавад, бояд шартҳои муайяне ба вуҷуд оварда шаванд, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, танзими сатҳи таваррум, қурби устувори пули миллӣ, низоми бонкии рушдёфта ва бозорҳои сармоя, қонунгузории мувофиқ дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва муфлисшавӣ, танзими қатъӣ ва ғайра. Ин шартҳо дар якҷоягӣ бо имкониятҳои молиявӣ барои дар амал татбиқ намудани ин система каме баъдтар пайдо мешаванд, аммо онҳо бояд пешакӣ тавассути таҳия ва ташаккули заминаи дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ омода бошанд.

Сатҳи сеюм ин суғуртаи ғайридавлатии нафақаи шаҳрвандон мебошад, ки бар асоси ихтиёрӣ сохта шудааст. Субъектҳои асосии он фондҳои ғайридавлатии нафақа, ширкатҳои идоракунии сармоявӣ, ташкилотҳои амонатии бонкӣ, ширкатҳои суғурта мебошанд. Таъмини нафақаи ғайридавлатӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии нафақаи намудҳои кушод, касбӣ ва мутақобила сурат мегирад ва ба ҷалби саҳмияҳои ихтиёрии шаҳрвандон тибқи нақшаҳои муайяни нафақа бо мақсади сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок барои фоида (даромади сармоягузорӣ), ки нафақаи иловагиро таъмин мекунад, асос ёфтааст.

Умумияти сатҳи дуюм ва сеюми таъмини нафақа дар он аст, ки маблағҳои дар суратҳисобҳои пасандозӣ дар системаи ҳатмӣ ва маблағҳои тавассути системаи хусусии нафақа ҷамъоваришуда танҳо моликияти шахси суғурташуда мебошанд.

Ҳамин тавр, дар раванди ислоҳоти системаи нафақа, гузариш ба фарогирии нафақа аз тариқи суғурта бо таъсиси се намуди нафақа сурат мегирад: иҷтимоӣ – аз ҳисоби буҷаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ; меҳнатӣ – аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи нафақа; иловагӣ – аз ҷониби институтҳои шахсии суғуртаи нафақа таъмин карда мешаванд.

Таҷрибаи Полша, Маҷористон, Ҷумҳурии Чехия, Шветсия, Канада, Қазоқистон, Россия ва дигар кишварҳо дурустии системаи нафақаи се-сатҳии дар ҷумҳурӣ интихобшударо тасдиқ мекунад. Татбиқи он аз рушди иқтисодӣ, сиёсати мутавозини иҷтимоӣ аз ҷониби сохторҳои иҷроия ва ҳукумат, риояи қатъии талаботи қонун аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни барномаҳои нафақа дар ҷумҳурӣ вобаста хоҳад буд.

Таъмини нафақа барои шахсони калонсол яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ мебошад, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар даҳсолаи охир, ҳам аз ҷиҳати фарогирии аҳолӣ ва ҳам ҷиҳати татбиқ ба он дучор гардидааст. Моҳияти асосии он коҳиши якбораи андозаи нафақаҳо дар муқоиса бо андозаи ҳади ақали зист, таъхирнопазирии мунтазам ва мунтазамии пардохти онҳо, воқеан бекор кардани тафовути андозаи нафақаҳо мебошад.

Дар чунин шароит, роҳи ягонаи ҳалли мушкилот ин интиқол додани як қисми сарбории молиявӣ барои таъмини нафақаи шаҳрвандони калонсол аз системаи буҷети давлатӣ ба суғуртаи хусусии нафақавӣ дар сатҳи корпоративӣ ва инфиродӣ мебошад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, ки дар семоҳаи якуми соли 2019 ба буҷети суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 650,1 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50,0 млн. сомонӣ ё 8,3 фисад зиёд мебошад. Қисми хароҷотии он бошад, 674,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 109,6 млн. сомонӣ ё 19,4 фисад афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, барои пардохти нафақаву кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблаѓҳои андози иҷтимоӣ 661,6 млн. сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,7 млн. сомонӣ ё 19,7 фисад зиёд мебошад.

Талаботи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, ки тибқи пардохтҳои кафолатноки иҷтимоии давлатӣ муайян шудаанд, яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ва онҳо дар семоҳаи якуми соли 2019 аз рўи реҷаи муайяншуда сари вақт маблаѓгузорӣ гардиданд.

Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2019-ум 692511 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23830 нафар ё 3,6 фисад ва нисбати 1 январи соли 2019 бошад, 5461 нафар ё 0,8 фисад афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 146783 нафарро гирандагони нафақаҳо аз рўи маъюбӣ ташкил менамоянд. Дар баробари ин, 2517 нафар гирандагони нафақаҳо аз рўи маъюбӣ дар асоси пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз муоинаи такрорӣ нафақаашон муваққатан боздошт карда шудааст.

Аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 ба 13171 нафар дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суѓуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин карда шудааст, ки аз ин 9217 нафар нафақаҳои суѓуртавӣ ва 3954 нафақаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз рўи ҷамъбасти пешакии нишондиҳандаҳо андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ (суѓуртавӣ), яъне нафақагироне, ки аз рўи фаъолияти меҳнатӣ ва собиқаи кории зарурӣ ба онҳо нафақа таъин карда шудааст, 343 сомониро ташкил менамояд. Андозаи миёнаи нафақаҳои иҷтимоӣ, яъне нафақагироне, ки собиқаи суѓуртавӣ (корӣ) надоранд ва дар низоми суѓуртаи давлатии иҷтимоӣ саҳми суѓуртавӣ нагузоштаанд, 170 сомониро ташкил менамояд ва андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ бошад, 310 сомониро ташкил намудааст.

Қоидавайронкуниҳои мунтазам дар таъини нафақаҳо, шикоятҳои шаҳрвандон аз ҳаҷми нафақа нокомии механизми мавҷудаи таъминоти нафақа шаҳодат медиҳанд. Низоми нафақа дар умум бо сатҳи пасти таъминоти нафақа, мавҷуд набудани тафовути дурусти андозаи нафақа, мавҷудияти афзалиятҳо ва имтиёзҳои назаррас дар таъмини нафақа барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо андозаи ҳиссаҳои нафақа хос аст. Ба фонди нафақа саривақт пардохт накардани ҳиссаи суғурта боиси аз даст додани эътимод ба системаи мавҷудаи нафақа мегардад ва набудани ҳавасмандӣ ва механизми назорати мустақили корманд барои гузаронидани ҳисаҳои суѓуртавӣ ба Фонди нафақа, шароити заруриро барои таъмини нафақаи оянда фароҳам намеорад.

Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ва дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ якранг нест. Камбизоатӣ дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо баландтар буда, оилаҳои серфарзанд, одамони дорои маъюбият, пиронсолон аз ҷумлаи гурӯҳҳое мебошанд, ки дастрасии неъматҳои ҷамъиятӣ барои онҳо маҳдудтар аст. Тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки бештар аз 40% аҳолии ҷумҳурӣ (тақрибан 2,3 млн. нафар), ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, рӯ ба рӯи мушкилоти ҷиддии таъминот бо озуқаворӣ мебошанд, дар ҳоле, ки тақрибан 25% кӯдакони то синни 5 сола аз камғизогии хроникӣ азият мекашад. Яке аз омилҳои асосии мушкилоти бехатарии озуқаворӣ, ин маҳдуд будани имкониятҳои хоҷагиҳо барои харидорӣ намудани маҳсулоти серғизои озуқаворӣ мебошанд ва тақрибан 10-20% аҳолии ҷумҳурӣ ба чунин мушкилот дучор мебошанд. (дар асоси таҳлилҳои (БР СММ, 2013).

Хулоса, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ карор дошта, аз ҷониби давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти ҷойдошта давра ба давра тадбирҳои судманду муфид андешида мешавад, вале дар ин самт норасоиҳое мавҷуданд, ки бояд бо қабули қарорҳои саривақтии идорӣ ва таъмини молиявӣ ҳалли худро пайдо намоянд.

Муродов  Ҷаҳонгир,

мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъаълаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегӣ

Чоп кунед