Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми назорати ирригатсионӣ ва ҳалқаи таъминоти гидроэнергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки пештар фаъолияти дошт, барҳам хурда, баҳсҳои тозаро дар масъалаи истифодабарии оқилона ва сарфакоронаи об ба вуҷуд овард. Дар ин замина,  моҳи сентябри соли 1991 вазирони захираҳои оби панҷ кишвари тозаистиқлоли минтақаи Осиёи Марказӣ эъломияи муштарак ба тасвиб расонида, дар он изҳор доштанд, ки идораи муштараки захираҳои об барои ҳалли самарабахши мушкилоти обии минтақа зарур аст ва ин раванд бояд дар асоси принсипҳои баробарӣ ва нафъи тарафайн амалӣ карда шавад. 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон вазирони захираҳои обии кишварҳои минтақа Созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштарак, истифодаи оқилонаи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва манбаъҳои байнидавлатӣ» – ро ба имзо расониданд, ки дар рафти амалишавии ин созишнома корҳои назаррасе аз тарафи ҷонибҳо амалӣ гардид.

Тадриҷан, дар шароити нави муносибатҳои минтақавӣ марҳила ба марҳила заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии низоми идораи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа бунёд гардид. Аз ҷумла, 26 – уми марти соли 1993 дар сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа Созишнома «Оид ба амалиёти муштарак ба ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал» имзо шуд, ки дар заминаи он Бунёди байналмилалии наҷоти Арал таъсис  гардид. Ба ин васила, таъсисдиҳандагони Бунёди байналмилалии наҷоти Арал кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, 28 феврали соли 1997 сохтори ниҳоии ташкилии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа қабул шудааст. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсисёбии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал  ҳамчун кишвари ташаббускор дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин созмон мебошад. Аз ибтидо мақсад аз таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал пеш аз ҳама бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал буд, ки батадриҷ пастшавии сатҳи онро, ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷеаҳои асри ХХ арзёбӣ менамояд.

Дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал миёни кишварҳои минтақа якчанд эъломияҳо ба имзо расидаст, ки ба манфиати тарафҳо буда ба ҳалли мушкилоти обӣ дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти ҳавзаи баҳри Арал мусоидат менамояд: Аз ҷумла :

  • Эъломияи Нукус миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ташкилотҳои байналмилали оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал. Эъломияи Нукус 20 сентябри соли 1995 дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расидааст.
  • Эъломияи Алмато, 28 сентябри соли 1997 кишварҳои минтақа Эъломияи болозикрро дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонидаанд.
  • Эъломияи Ашқобод, 9 апрели соли 1999 дар пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидааст. Қобили зикр аст, ки ҳамон рӯзҳо дар шаҳри Ашқобод, созишнома дар бораи “Мақоми фонди байналмилалии наҷоти Арал” миёни давлатҳои аъзо ба имзо расид.
  • Эъломияи Душанбе, 6 октябри соли 2002 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабинӣ оид ба имзо расонидани Эъломияи Душанбе пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти Қарори Ассамблеяи Генералии СММ № 55/196, соли 2003-ро соли байналмилалии обӣ тоза эълон намуда, изҳор доштанд, ки он сол ба даҳсолагии ташкил ёфтани Фонди байналмилалии наҷоти Арал низ рост меомад.

Кишварҳои минтақа дар раванди иҷрои бандҳое, ки дар эъломияҳо ва созишномаҳои болозикр дар масъалаҳои обӣ ва пешгирии мушкилоти оби ҳавзаи баҳри Арал баимзорасида корҳои назаррасеро дар руҳияи манфиатҳои тарафайн, риояи принсипҳои ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила то ҳол ба анҷом расонида истодаанд. Кӯшишу иқдомҳо ва ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва фарогири манфиатҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал татбиқ мешавад, таҷассумгари сиёсати хайрхоҳона ва ҳусни ҳамҷаворист.

Тибқи оиномаи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал  Раёсат дар доираи он дар асоси ивазшавӣ амал намуда, роҳбарӣ аз як кишвар ба кишвари дигар мегузарад. Фаъолияти ин созмон, махсусан дар солҳои 2002-2008 дар рафти раисии Тоҷикистон пурсамар арзёбӣ мегардад. Дар ин марҳила Бунёди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти худро ҳамчун як сохтори ҳамоҳангсози байнидавлатӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома дода, барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда, инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказию созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ кӯшишу иқдомҳои зиёд ба харҷ дод.

Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу экологӣ як қатор ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби давлатҳо эътироф ва мавриди амал қарор гирифтааст.

Аз ҷумла, маҳз бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои дахлдори он, як қатор ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” Даҳсолаи нави байналмилалии амал” Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро пешниҳод намудаанд. Ташабуссҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳали проблемаи ҳавзаи баҳри Арал низ замина мегузорад.

Умуман, дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал санадҳои зиёди дорои аҳамияти муҳим ба имзо расонида шуд. Масалан, Эъломияи Душанбеии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чунин бандҳои муҳимро дар бар мегирад:

  • Солимгардонии минбаъдаи иҷтимоию экологӣ ҷиҳати беҳдошти аҳолии минтақаи ҳавзаи баҳри Арал;
  • Баланд бардоштани нақши Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ҷалби донорҳо барои татбиқи лоиҳаю барномаҳо;
  • Фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва татбиқи амалии барномаҳои ба нақша гирифташуда;
  • Таъсиси Комиссияи махсуси СММ ва ҳамоҳангсозӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор барои ҳалли масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал мақому манзалати хосае дошта, ҳамеша омодааст, ки дар руҳияи дӯстиву бародарӣ бо ҳама кишварҳои минтақа ва дунё дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обӣ ё худ “дипломатияи об” бешубҳа аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар сарчашма гирифтааст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун  кишвари ташабусскор дар ҳалли мушкилоти обу экологӣ дар сатҳи глобалӣ муаррифӣ намудааст. Яке аз ин мушкилотҳо ин Наҷоти баҳри Арал аст, ки кишвари мо саҳми арзандаи худро баҳри рафъи ин мушкилоти аср гузошта истодааст.

Муродов Муҳаммад,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед