Ҷавонон нерӯи бузург ва сипари боэътимоди ватан буда, дар рушди мамлакат, муттаҳид намудани аҳолӣ, тараққӣ додани соҳаҳои алоҳидаи кишвар ва махсусан дар таҳкими амну суботи кишвар нақши муҳим доранд. Ҷавонон бо вуҷуди оне, ки қишри боэътимоди ватан мебошанд, вале дорои як қатор осебпазириҳо низ мебошанд. Махсусан ҷавононе, ки аз равандҳои минтақа ва ҷаҳон огоҳӣ надоранд, бинобар сабаби паст будани ҳуввияти фарҳангиву ҷаҳонбинии сиёсиашон метавонанд ба доми фиреби хоинони ватану миллат ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ афтида, суботи мамлакатро халалдор намоянд. Аз ин рӯ, густариши ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва тақвияти ифтихори миллии насли ҷавон асоси сиёсати давлатии ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Воқеан ҳам ҷавонон нерӯи бузӯрг ва ояндаи дурахшони миллатанд, зеро насли ҷавон моҳияту хусусияти фардои ҷомеаро муайян месозанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз ҳисобида, онҳоро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор додаанд. Ҷавонон низ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро қадрдонӣ намуда, нақши муносибашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоянд.
Ҷавонони кишварро зарур аст, ки ҳамеша сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб аз қабили экстремизм ва терроризм пуштибонӣ намуда, мавқеи байналмилалии кишварро дар ин самт устувор намоянд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар сафи пеши мубориза бо экстремизм, терроризм ва дигар хатарҳои нави ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, кишвари мо ҳамчун баргузоркунандаи чандин ҳамоиши байналмилалӣ ва мизбонии конфронсҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ нақши худро дар самти мазкур собит намудааст. Ҷомеаи ҷаҳон низ борҳо нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи пешгирии терроризм, таҳкими амнияти минтақавӣ ва мавқеи сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишваре дар минтақа мебошад, ки соли 2016 стратегияи муковимат бар экстремизм ва терроризмро кабул намуд. Ҳамчунин вобаста ба афзоиши таҳдиду хатарҳои нави замони муосир стратегияи навро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул намуд.
Бояд қайд намуд, ки вақтҳои охир як қатор ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз қабили ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи 24 ва дигар ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо истифода аз имкониятҳои техникаву технологияи муосир, бахусус интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ҷавонони кишварро ба доми фиреби худ афтонанд. Дар натиҷа баъзе ҷавонони ноогоҳ бинобар сабаби надоштани донишҳои кофии сиёсӣ қурбони ҳадафҳои ғаразноки ташкилотҳои мазкур мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ аз мунтазам афзудани мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Чунин як таъкид дар вазъияте буд, ки ин зуҳуроти номатлуби асрро ба дин, хоса ба дини мубини ислом вобаста медонистанд ва ба ин васила, мақсадҳои нопоки худро амалӣ менамуданд.
Чунончи, душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишари моро халалдор намоянд, тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба мардуми азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва рушди бемайлон равона шудааст, муғризона интиқод мекунанд. Ин хоинони беҳувият мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои тахрибкор, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои бо ном “исломӣ”, инчунин, баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.
Чунончӣ, 17-уми майи соли 2022 аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ дар якҷоягӣ бо як қатор ҷавонони ноогоҳ, бо мақсади халалдор сохтани суботи мамлакат шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Қулмаро дар қисмати ноҳияи Рушони ВМКБ ғайриқонунӣ бастанд. Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ аз силоҳ ва дигар лавозимоти ҷангӣ истифода намуда, хостанд амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор намоянд. Дар натиҷа амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардида, дар муддати кутоҳ таҳдидҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ бартараф гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пайваста чораҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба воситаи гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳисоби мутахассисон ва ҷомеашиносон ба масъалаҳои ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти донишҳои сиёсии ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда истодааст. Аз тарафи дигар, давлат пайваста барои баргардондани ҷавононе, ки аз ноогоҳӣ ба радикализм ва экстремизм майл намуда, сипас пушаймон гаштаанд, чораҳои зарурӣ меандешад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони ватандусту соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқадманд ва дорои ифтихори миллидошта бештар ниёз дорад.
Ҳамин тариқ, на танҳо ҷавонон, балки ҳар як сокини мамлакатамонро зарур аст ба қадри озодӣ, суботу амнияти кишвар, оромию осудагӣ, бунёдкорию шукуфоӣ бирасанд ва истиқлоли давлатиро, ки бо ҷонбозиҳои фарзонафарзандони ин миллат ба даст омадааст чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Илова бар ин, бо мақсади нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, амнияту осудагии мардум ва рушди давлатдории миллӣ, ниҳодҳои илмию таълимии кишвар ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва муқадассоти миллӣ тарбия намуда, онҳоро ба самти рушди бемайлони ҷомеа равона намоянд.
Содиқова Саодат
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масаъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон