Дар шароити муосир ҳар як давлат барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими истиқлоли худ, ҳифзи субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба неруву қудрати муайяне такя менамояд. Аз ҷумлаи ҳамон неруву қудрат, ки дар олами муосир муҳимтарин василаи рушди давлатҳо гардидааст, насли ҷавон мебошад. Аз ин ҷост, ки қишри ҷавон дар ҳама давлатҳо дастгирӣ ёфтани ҷавонон(1), такя намудан ба сармояи ақлонии онҳо(2), ба корҳои ҷамъиятию(3) сиёсӣ ҷалб намудани ҷавонон(4), диққати ҷиддӣ зоҳир намудан ба таълиму тарбияи насли ҷавон(5), фароҳам овардани шароит ва имконоти васеъ барои рушди ҷавонон(6), таваҷҷуҳ намудан ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон(7), гувоҳии нақши муҳим доштани ҷавонон дар раванди давлатдорӣ мебошад. Яке аз масъалаи меҳварӣ, ки муҳиммияти ҷойгоҳи ҷавононро дар сиёсатгузории давлат арзишманд менамояд, қабл аз ҳама вобаста будани сарнавишти давлату миллат ба чигунагии тафаккур, андешамандӣ ва қобилиятнокии онҳо аст.

Албатта, огоҳона таҳлил ва баррасӣ намудани нақш ва таъсири ҷавонон дар рушди давлатдорӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҷойгоҳи онҳоро дар раванди ҳимояи манфиатҳои миллӣ муайян намоем. Дар робита ба ин, ба маврид аст, ки чанд нуктаи мушаххасро баён намоем, то ки мақом ва нақши ҷавонон дар раванди давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ муайян ва ҳамзамон, омили асосии таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ин қишри ҷомеа  маълум гардад.

Нуктаи аввал ин аст, ки ҷавонон давомдиҳандаи ҳаёти ҳар як давлату миллат мебошанд ва мавҷудияти давлату миллат ба насли ҷавон ногузир вобастааст. Яъне аз нигоҳи биологӣ ва физикӣ мавҷудияти як миллат ба насли ҷавони он вобастагии амиқ дорад.

Нуктаи дигар ин аст, ки рушди ҳар як давлат аз сармояи инсонӣ, махсусан, ҷавонони созанда, алоқамандии бевосита дорад. Таҳлилҳои имрӯз нишон медиҳанд, ки неруи ҷавонон нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди соҳаи илму инноватсия ва эҷодкорӣ бештар аст. Дар павастагӣ ба ин андеша қайд намудани як воқеаи арзишманд ва як рӯйдоди муҳим аз таърихи сиёсии Тоҷикистон кифоя аст, ки нақши ҷавонони созандаро дар ҳифзи мавҷудияти давлат баён намоем. Ин ҳам бошад, қаҳрамонӣ ва корнамоии Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори ҷавон ва қавиирода дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ба ҳама маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба гирдоби моҷарои ҳалокатоваре ворид гардида буд, ки бештари коршиносон мавҷудияти ояндаи Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии ҷаҳон зери савол гузошта буданд. Дар воқеъ ҳам, вазъи сиёсии  давлат мураккаб ва ногувор буд. Дар ҳамин ҳолат аз байни миллати тоҷик сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон барои сарнавишти ояндаи миллату давлат ба рӯи саҳнаи сиёсӣ омад ва масъулияти таърихии тақдирсоз яъне, ҳифзи давлат ва барқарории сулҳро ба уҳдаи худ гирифт. Воқеияти имрӯз ва талошҳои арзишманди сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи он аст, ки як ҷавон муҳимтарин ва волотарин рисолати худро дар назди миллату давлат анҷом додааст. Ин намунаи олии корнамоии як сиёсатмадори ҷавон буда, шоистаи пайравӣ аст.

Нуктаи сеюм ва муҳимтарин нукта ин аст, ки ҳамон давлатҳое соҳиби рушди устувор  гардидаанд, ки ба неруи ҷавонон такя намуда, стратегияи рушди худро бо дарназардошти манфиатҳои ҷавонон тарҳрезӣ кардаанд. Яъне, мазмун ва моҳияти воқеии сиёсати ҷавонмеҳвари давлатҳо аз он иборат аст, ки таваҷҷуҳ намудан ва барномарезӣ кардан дар соҳаи ҷавонон фарогири як марҳалаи идоракунии давлат набуда, ҳудудан барномарезӣ дар соҳаи ҷавонон, поягузорӣ ва таҳкими ояндаи давлату миллат аст.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, соҳибихтиёр, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд арзи ҳастӣ намуда, дар роҳи рушди худ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти он ки бештар аз 70 дарсади аҳолии мамлакатро насли ҷавон ташкил медиҳад ва ҷавонон неруи бузурги созандаи ҷомеа мебошанд, Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷавононро ҳамчун стратегияи муҳимми рушди худ ва арзиши меҳварии сиёсати давлатӣ қарор додааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992 худ тасдиқи андешаҳои боло буда, нишонаи возеҳи таваҷҷуҳ намудани Ҳукмати мамлакат ба мақом ва нақши ҷавонон дар сиёсати давлатӣ мебошад. Дар робита ба ин, дар муддати бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як қатор барномаву стратегияҳо аз ҷумла “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, “Низомнома дар бораи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки боз ҳам ҷойгоҳи ҷавононро дар рушди давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мушаххастар намуд. Қабул гардидани чунин санадҳои муҳим тамоми имконотро ба вуҷуд овардааст, ки ҷавонон тавонанд қудрати зеҳниву ақлонии хешро неру бахшида, дар идоракунии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Илова бар ин, соли 2017 дар ҷумҳурӣ “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки намунаи олии таваҷҷуҳ, эътиқоду боварӣ ва эътирофи неруи созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар аст.

Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо имкон фароҳам овард, ки ҷавонони мамлакат бо асри нав ҳамқадам гардида, талаботи замонро эҳсос намоянд, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гарданд ва амнияти давлати соҳибистиқлоли худро сарбаландона ҳифз намоянд. Тавре имрӯз мушоҳида мегардад, ҷавонони мамлакат тарафдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Сарвари давлат баён карда, хешро пайравони Пешвои миллат муаррифӣ менамоянд. Чунин ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ ба ваҳдати ҷомеа таъсири мусбат расонида, барои рушди устувори мамлакат бештар мусоидат менамояд. Татбиқ гардидани як қатор аксияву барномаҳо дар “Соли ҷавонон”, ҳолатеро бавуҷуд овард, ки муттаҳидии ҷавонон, таҳкими дўстӣ миёни онҳо ва муайян кардани қобилияти ин қишри ташаббускор бештар гардад.

Ҳамакнун таъкид намудан муҳим аст, ки дар баробари таъмин ва фароҳам овардани чунин шароит ва имконоти бузург дар ин раванд, дар назди қишри ҷавони мамлакат иҷрои як қатор вазифа ва рисолати муҳиммии таърихии тақдирсоз меистад. Пеш аз ҳама, ҳифз ва азхудкунии  фарҳанги моддиву маънавии миллат, садоқат ба Ватан, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, азхуд кардани донишҳои муосир, дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи ҳукумат, иштирок дар раванди таъмини амният ва суботи давлат аз муҳимтарин вазифаи ҳар як ҷавони кишварро дар шароити муосири давлатдорӣ ташкил медиҳад.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш (01.09.2019) чунин ибрози андеша намуданд: “Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем. Дар оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, бори дигар таъкид менамоям, ки неруи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард”.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯзаро бо он ҳама дастовардҳои бузург ба монанди рушди босуръати илму техника, андешаҳои ҳамгироӣ аз қабили ҷаҳонишавӣ, талошҳои таъмини амнияти саросарӣ, ҳанӯз ҳам хатару таҳдидҳое думболагирӣ дорад, ки таъсири манфиашро ба тамоми давлатҳо гузошта истодааст. Яке аз таҳдидҳои ҷиддии ҷаҳони имрӯзро терроризм ва ифротгароӣ ташкил медиҳад. Нуктаи ташвишовар он аст, ки рӯз то рӯз террористону экстремистон аз василаҳои муосири рушд барои густариш ва ҷаҳонишавии дидгоҳи ифротиашон истифода менамоянд. Бале, алакай терроризму экстремизм таҳдидҳои ҷаҳонӣ гардидаанд. Ин ду падидаи номатлуби  ҳамтан дар баробари он, ки инсонҳоро қатл намудаву давлатҳоро хароб месозад, ҳамчунин, андешаву тафаккур ва иродаи инсонро ҳадафи худ қарор додааст. Экстремистону террористон, ки мутахассисони касбӣ ва равоншиносони варзидаро дар ихтиёр доранд, ба василаи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, зеҳни як ҷавонро фирефтаи андешаҳои ифротии худ намоянд ва он ба ҳайси як ифротӣ тарбия гирифта, дар дохили ватан ҳатто дар дохили оила душмани ақидавии падару бародари худ гардад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо низ иддае аз ҷавононе мавҷуданд, ки ҳамаи ин сиёсатгузориҳои созандаи Ҳукумат, барномарезиҳои арзишманд ва дастовардҳои волои давлатро нодида мегиранд ва ё дарк накарда, дар муқобили манфиатҳои давлату миллати худ қарор мегиранд. Табиист, ки аз чунин ҳолат гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ истифода намуда, онҳоро ҳамчун неруи нарм дар амалинамоии манфиатҳои ғаразноки худ истифода мебаранд, ки ин ҳолат якчанд хатару таҳдидҳоро пеш аз ҳама, ба шахсияти худи ҷавон ва ба истиқлоли давлату  суботи ҷомеа  ба вуҷуд меорад:

  • пеш аз ҳама, ҷавононе, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротианд қурбонии ҳадафу манфиатҳои шахсони муайян мегарданд;
  • ифротӣ ва мағзшӯӣ намудани ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои экстермистӣ, қабл аз ҳама, рисолати ин қишр, яъне “ояндасози давлат будан”-и онҳоро аз байн мебарад ва ин насл худ дар раъси таҳдид ба суботи ҷомеа қарор мегиранд;
  • дар раванди ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб гардидани ҷавонон онҳоро ба иҷрои як қатор вазифаҳои дигар маҷбур мекунад. Пеш аз ҳама, наздикон, ҳамсолон ва афроди дигарро тавассути ҳар гуна таблиғоти таъсирнок бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи ташкилотҳои худ даъват менамоянд;
  • танҳо ба сафи созмонҳои экстремистӣ ворид кардани ҷавонон ҳадафи охирон набуда, сенарияҳои манфиатдорони ин гуна гурӯҳҳо ба охир намерасад. Онҳо ҳар гуна сенарияҳо (бетартибиҳои ҷамъиятӣ, иҷрои амалҳои террористӣ, ифротӣ гардонидани қисми дигари ҷомеа ва ғайра)-ро тавассути ҷавонони гумроҳ амалӣ карданӣ мешаванд.

Мувофиқи таҳлилҳои муҳаққиқон омилҳои ворид гардидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ гуногун буда, ба андешаи бештари онҳо сабабҳои асосие, ҷавонон ба доми ин гуна гурӯҳҳо гирифтор мегарданд, қабл аз ҳама, надоштани маърифати динӣ(1), камсаводӣ(2) ва надонистани илми муосир(3), фанатизми динӣ(4), аз хурдӣ тарбият наёфтани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ(5), дур будан аз фарҳанги миллӣ(6), надоштани ифтихор(7) ва ҳувияти миллӣ(8), надоштани садоқат ба ватани аҷдодӣ(9), зудбоварӣ(10), ташкил медиҳанд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва бавуҷудоии як қатор равандҳои пуртазоди олами муосир ҳар кадоме аз моро зарур аст, ки дар роҳи мубориза бар зидди ҳар гуна амалҳое, ки ҷавононро аз роҳи садоқат ба Ватан ба сӯйи хиёнат ба сарзамини модарӣ водор мекунад, аз ҳар вақта дида бештар стратегия ва тактикаҳои судмандро амалӣ намоем. Дар ин раванд, пеш аз ҳама нақши давлат ва ниҳодҳои он хеле бузург аст. Ниҳодҳои давлат, аз ҷумла оила ва мактабро зарур аст, ки дар роҳи талқини арзишҳои волои миллӣ ба насли ҷавон, ба монанди: рушди хиради инсонӣ(1), омӯзиши илми муосир(2), дарки моҳияти аслии дин(3), садоқат ба сарзамини аҷдодӣ(4), таҳким(5) ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ(6), эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ(7) ва ҳифзи тамаддуни ғании ниёгон(8) диққати ҷиддӣ диҳанд.

Сиёсатгузориҳои ҷавонмеҳвар ва арзишманди Ҳукумати кишвар дар соҳаи ҷавонон дар шароити имрӯз ба таври густурда идома дорад. Пешвои миллат ба сарнавишт ва ҳолати рушди ҷавонон, ҳамчун ба ҳолати рушд ва сарнавишти ояндаи давлату миллат менигаранд, ки ин воқеан сиёсати илмбунёд ва миллатмеҳвар аст. Ҳукумати мамлакат ба хотири беҳтар намудани нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди устувори давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст, ки ҷиҳатҳои зерин ба манфиати ҷомеа ва махсусан, ба манфиати ояндаи насли ҷавон аст:

Якум, тадбирҳои созандаи Ҳукумат дар самти аз хурдӣ тарбия кардани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба сарзамини ниёгон, ба вуҷуд овардани ҳувият ва ғурури миллӣ дар сиришти ин қишри ояндасоз намунаи олии мустаҳкамнамоии давлатдории миллӣ аст.

Дуюм, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир ва хондани китобҳои олимону донишмандони варзида самти дигари сиёсатгузорӣ дар соҳаи ҷавононро ташкил меиҳад. Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тадбири муҳим дар ин самт аст. Ҷавонони илмдӯст ва арзишмҳвар метавонад дар ин замина муҳимтарин илмҳои муосирро аз худ намуда, дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузоранд.

Сеюм, пайваста баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ дар масъалаҳои хештаншиносӣ ва садоқат ба ватан дар ҳама қаламрави мамлакат тадбири дигари хирадмандона сиёсатгузориҳои ҷавонмеҳвари Ҳукумати кишварро ташкил медиҳад. Ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки худшиносии миллӣ дар ниҳоди ҷавонон ба вуҷуд ояд ва онҳо аз рушди устувори кишвар огоҳ гарданд.

Чорум, ташкил кардани бозиҳои илмиву адабӣ дар байни афроди гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон аз қабили озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” низ барои наврасону ҷавонон ва умуман, тамоми қишрҳои ҷомеа вижагии махсус дорад. Чунин чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ барои қишри ҷавони мамлакат мактаби озмоиш ва тақвияти малакаву маҳорат ва донишу хирад мебошад. Ин чорабиниҳо завқи китобхониро дар вуҷуди ҷавонон бештар кардаанд, ки ҳолат пеш аз ҳама, кафили ҳифзи амнияти зеҳнии онҳо буда, таъсири манфии гурӯҳҳои экстеремистиву террористӣ бартараф менамояд. Дар ин замина зиёд кардани теъдоди китобхонаҳои илмӣ-оммавӣ, дар мамлакат аз ҷумла дар деҳот густариш ёфтааст, ки омили муҳимми соҳибмаърифат гардидани саросарӣ аст.

Умуман, дар масъалаи мақом ва нақши ҷавонон дар раванди давдатдории миллӣ баён доштани андешаву нуктаҳои боз ҳам муҳим имкон дорад, вале ба андешаи мо, бо ҳамин чанд нуктаву дидгоҳ ҷойгоҳи ҷавононро дар раванди давлатдорӣ дарк намуда, нақши онҳоро дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ эҳсос намудан мумкин аст.

Хулоса, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва қудратманд дар таҳкиму рушди пояҳои давлатдории миллӣ нақши муҳим доранд. Хусусан, ҷавонони огоҳ, ки бо қалбҳои саршор аз муҳаббат ба Ватан ба воқеиятҳои ҷаҳони муосир аз даричаи манфиатҳои миллӣ нигариста, равандҳои сиёсӣ ва бозиҳои сиёсии қудратҳои ҷаҳониро дарк менамоянд ва ҳамзамон дар самти ҳифзи субот, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омодагии ҷиддӣ доранд, муҳимтарин неруи ояндасози давлату миллат мебошанд.

 

Алиназар Ашуров, мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ

 

Чоп кунед