Мавҷудияи фаъолияти гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротӣ дар арсаи байналмилалӣ як падидаи бисёр мудҳиш ва таҳдиди ҷиддии амнияти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест.
Терроризм дар замони муосир яке аз хатарҳои бузург барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз ин равандҳо дар канор монад. Дарки воқеии ин асл, ки таҳдид ба амнияти ҷаҳонӣ – таҳдид ба амнияти Тоҷикистон аст, кишвари моро низ водор менамояд, ки ба эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризм ҳамроҳ шуда, дастаҷамъона бо худи ин падида ва бо воситаҳои дастгирии он мубориза намояд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тероризм ё ин, ки амалҳои террористӣ хоси давлатҳои муайян набуда, дар ҳама манотиқ сар заданашон аз имкон дур нест. Аз ин ру, Тоҷикистон низ чун яке аз ҳалқаи занҷири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ин амалҳои номатлуб пайваста кишварҳои ҷаҳонро ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм даъват менамояд.
Вобаста ба вазъи кунунии сайёра ва равандҳои ҳассосу пуртаззоди ҷаҳони муосир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025» ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ин нуктаро низ бояд мадди назар намуд, ки барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои ҷаҳони зарур аст.
Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон мебошад. Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсоз ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамбастагии фаъол доранд.
Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ин дастгирии ҷавонон ва саҳми фаъоли онҳо дар ҷомеа мебошад. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату ҳукумат қарор дорад. Ба гумони ғолиб, ҳар нафаре, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ мустақиман тамошо кард ё шунид, аз суханронии Певшои миллат баҳравар гардид.
Бемуҳобо, ҳар нуктае, ки дар Паём ироа шуд, барои мо – ҷавонон раҳнамои хубе ҳаст, ки аз он истифода барем ва бо хизмати аҳлона дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем. Муттаҳидии мо ҷавонон атрофи сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат комёбии кишвар дар тамоми самтҳои рушд, амалишавии нақшаҳои стратегии давлат ва пирӯзӣ дар ҳама самтҳои мубориза бо падидаҳои манфии замони муосир мебошад.
Исмоилов Сино
мутахассиси пешбари
Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷи
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон