Дар шароити кунунӣ технологияи муосир босуръат вусъат ёфта, бо ихтирооти навин аз худ дарак медиҳад. Интернет низ қисми таркибии технология ба ҳисоб рафта, дар замони феълӣ шумораи зиёди сокинони сайёра ба он дастрасӣ доранд. Имрӯз интернет ҷузъе аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки мо ҳамарӯза онро ба таври васеъ истифода менамоем. Аз замоне, ки интернет пайдо шуд, сари истифодаи он баҳсҳои тезутунд сурат мегирад. Дар шароити пуртазоди муосир ва хатарҳои геосиёсӣ интернет чӣ нақше дорад ва истифодаи бомавриди он аз ҷониби ҷомеа риоя мегардад? Айни ҳол ҷомеаи Тоҷикистон фарҳанги дурусти истифобарии интернетро омӯхтааст ё на? Ин аз ҷумлаи суолҳоест, ки дар бисёр мавридҳо дар зеҳнҳо хутур мекунад. Барои равшанӣ андохтан ба ин ва дигар саволҳо Фирӯзи Рамазон-раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷуммҳурии Тоҷикистон посух медиҳад.

Ба андешаи шумо, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба фаҳмиши куллии мафҳуми интернет расидааст?

– Бояд гуфт, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ падидаи нав ба шумор меравад. Он албатта, баҳри рушду инкишофи ҷомеа низ мусоидат мекунад. Вале мушкилоти зиёд низ эҷод кардааст. Аз ин хотир, ҷомеа ҳанӯз ҳам ба донистани таҳдиду хатарҳое, ки  фазои маҷозӣ метавонад ба вуҷуд биёрад, ниёз дорад. Савол дар ин ҷост, ки то кадом дараҷа ҷомеаи мо, махсусан насли ҷавон аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода мебаранд? Мутаассифона, ҷавоб ба ин савол нигаронкунанда аст. Бадбахтӣ дар он аст, ки бархе аз шаҳрвандон дониста ё надониста вориди сомонаҳое мешаванд, ки тибқи қонунгузории кишварамон, фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо бинобар сабаби хусусияти террористию экстремистидоштаашон манъ аст. Дар натиҷа, ин гуна афрод ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, аз озодӣ маҳрум мегарданд. Аз ин хотир, масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва хусусан, маърифати иттилоотии шаҳрвандон пеш омадааст. Агар тафаккури ҷомеа солим бошад, пеши роҳи бисёр бадбахтиҳо гирифта мешавад. Барои баланд бардоштани маърифати истифодабарии интернет миёни ҷомеа махсусан ҷавонон ва огоҳ гардидани онҳо аз тазодҳои замони муосир, намояндагони мақомоти дахлдор ва аҳли зиёи кишварро лозим аст, ки пайваста миёни ҷомеа вохӯрӣ ва мулоқотҳои судмандро баргузор намоянд. Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар, новобаста аз ихтисос, таълими фанни амнияти иттилоотӣ бояд ба роҳ монда шавад. Чунки ин амал ба манфиати давлат буда, ба ин васила мо метавонем, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати истифодабарии дурусти шабакаҳои иҷтимоиро барои ҷомеа алалхусус ҷавонон омӯзонем.

Шабакаи иҷтимоӣ то чӣ андоза метавонад заминагузори ҷалбшавии ҷомеа ба гурӯҳҳои ифротӣ бошад?

– Бубинед, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 90 фисади шаҳрвандоне, ки ба сафи гурӯҳои террористию экстремистӣ пайваста,  ба Ироқу Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзада рафтаанд, маҳз тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ фирефтаю мағзшӯӣ шудаанд. Аз инҷост, ки мо ба пуррагӣ гуфта метавонем, ки заминаи асосии пайвастшавии одамон ба чунин гурӯҳҳо пеш аз ҳама сомонаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи нодуруст аз интернет ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки маълум аст, созмонҳо ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз фазои маҷозӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Имрӯз интернет ягона майдон ва минбар барои чунин гурӯҳҳост. Онҳо даҳҳо сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ кушода, ақидаҳои хусусияти экстремистидоштаи худро тавассути ин майдон паҳн мекунанд. Аз ин рӯ, давлатҳо низ дар баробари худ, барои таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд. Давлат ҳамеша талош бар он мекунад, ки шаҳрвандон ҳаёти осоишта дошта бошанд ва суботи сиёсии кишвар ҳифз карда шавад. Барои коҳиш додани хатарҳои терроризму ифротгароӣ дар ҷомеа, соли гузашта дар кишвари мо “Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид. Тибқи ин Стретегия дар баробари усулҳои дигари муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва динии шаҳрвандон ҳадафи асосии давлату ҳукумат боқӣ мемонад.

Дар ин ҳошия ноустувор будани фаҳмишҳои диниву дунявӣ ба рушди маънавии ҷомеа чӣ гуна таъсир расонида метавонад?

– Маълум аст, ки зиёда аз 98 дар сади аҳолии кишвари моро пайравони дини мубини Ислом ташкил медиҳанд. Дар ин баробар пайравони дигар динҳо низ вуҷуд дошта, ба сифати шаҳрвандони кишвар озодона кору фаъолият менамоянд. Ҷомеаи суннатии мо ба тарбияи динӣ ниёз дорад. Мушкилоти асосие, ки солҳои охир ҷомеаро ба гурӯҳҳои ифротӣ  мепайвандад, ноустувории фаҳмишҳои таълимоти динӣ мебошад. Таҳлилҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тайи солҳои охир 80 фоизи ҷавоне, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, маълумоти кофии динӣ надоштаанд. Мутаассифона, ин нишондоди баланд падидаи манфие мебошад, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад. Аз инҷост, ки дар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии ҷавонон фанни “Диншиносӣ” дар донишгоҳу донишкадаҳо таълим дода мешавад. Ин яке аз роҳҳои асосии боло бурдани маърифати динии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Аммо масъала дар он аст, ки омӯзгори ин фанн кист? Оё худи омӯзгор маълумоти кофии динию дунявӣ,  таҳаммулпазирӣ ва  гуногунандешии динӣ дорад ё на? Ман фикр мекунам, ки хуб мешуд аз Шӯрои уламо ва рӯҳониёни шинохтаи кишвар истифода шавад. Инчунин, ҳузури рӯҳониёни шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ манбаъи огоҳӣ пайдо кардани мардум аз таълимоти динӣ мебошад. Ҳангоми холӣ будани фазои иттилооти дохили кишвар бархе аз шаҳрвандон ба хотири ба даст овардани таълимоти  динӣ ба сомонаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ва ё надониста ба сомонаҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ рӯ меоранд. Хуб мешуд, ки рӯҳониёни шинохтаи ҷомеаи мо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд, то тавонанд ба саволҳои эътиқодмандон ҷавоб гардонанд. Инчунин, ба роҳ бондани барномаҳои динӣ тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва бо даъвати мутахассисони соҳаи дин ба манфиати кор хоҳад буд.

Чуноне гуфта шуд, гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ тариқи ҷангҳои иттилоотӣ ба вуқӯъ мепайвандад ки ин шакли ҷадид дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода гардида, саркардагони ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ба ин восита мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ месозанд. Ба андешаи шумо, дар ин ҳошия ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои мухолиф чӣ бояд кард?

–  Пеш аз оне, ки бо терроризму экстремизм муқовимат барем, лозим аст сарчашмаҳои пайдоиши чунин омилҳои хатарнокро дар ҷомеа мавриди омӯзиш қарор диҳем. Бояд донем, ки ин омилҳо аз куҷо сарчашма мегиранд?  Чӣ омил инсонро водор месозад, ки ба роҳи нодуруст рафта, ҳатто ба худкушӣ даст занад. Чуноне дар боло қайд намудем, яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ надоштани  дониши кофии динӣ аст. Дар ин самт хуб кор бояд кард.  Баъдан аз илму маълумоти дунявӣ низ воқиф набудани ҷомеа, махсусан ҷавонон метавонад, сабабгори пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ бошад. Инчунин сатҳи бекорӣ низ яке аз омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарнок шуда метавонад. Аз нигоҳи дигар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ низ таъсиррасон буда, он ҷавононе, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, аксарияташон аз Федератсияи Россия фиреб хӯрда, ба давлатҳои Сурияю Ироқ барои ҷанг рафтаанд. Чуноне, ки маълум аст, давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот барномаҳо ва стратегияи махсуси миллиро қабул ва амалӣ намуда истодааст. Ҳадафи ҳар як давлат хушбахтии шаҳрвандон аст ва дар ин кор бояд тамоми ҷомеа масъул бошанд. Зеро ободкорӣ ва мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти ҳар фарди худшиносу худогоҳи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Саида НАРЗИЗОДА,
“Мароми пойтахт”
№11[695] 16.03.2022

Чоп кунед